https://sputnik.tj/20260324/poyoni-jang-khovari-miyona-tramp-eron-1076273351.html
Поёни ҷанг дар Ховари Миёна?: Трамп аз гуфтушунидҳои хеле хуб бо Эрон хабар дод
Поёни ҷанг дар Ховари Миёна?: Трамп аз гуфтушунидҳои хеле хуб бо Эрон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Амрикро эълон кард, ки музокироти ИМА ва Эрон барои ҳалли ихтилофоти ва низоъ то охири ҳафта идома хоҳад ёфт
2026-03-24T09:36+0500
2026-03-24T09:36+0500
2026-03-24T09:36+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
има
ховари миёна
сиёсат
трамп
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/17/1076274692_0:208:3070:1935_1920x0_80_0_0_c33a0ce63a4bde1b4c2d026f147d02e7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Трамп гуфт, ки ИМА ва Эрон барои хотима додан ба низоъ гуфтушунидҳои хеле хуб ва самаранок анҷом доданд.Ӯ инчунин эълон кард, ки ба Пентагон амр додааст, ки ҳамлаҳоро ба иншооти энергетикии Эрон барои панҷ рӯз қатъ кунад.Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки музокироти ИМА ва Эрон барои ҳалли ихтилофоти онҳо тамоми ҳафта идома хоҳад ёфт."Бо назардошти хусусият ва шакли ин музокироти муфассал ва созанда, ки дар тӯли ҳафта идома хоҳанд ёфт, ман ба Вазорати дифоъ дастур додам, ки ҳама гуна ҳамлаҳои низомиро ба нерӯгоҳҳои барқӣ ва зерсохтори энергетикии Эрон барои панҷ рӯз ба таъхир андозад", - гуфт Трамп дар изҳороте, ки дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X нашр шудааст.Трамп ҳамчунин гуфт, ки даври нави музокироти Эрон ва ИМА рӯзи душанбе тавассути телефон баргузор мешавад."Мо эҳтимолан тавассути телефон, сӯҳбат хоҳем кард", - гуфт ӯ.Ҳамчунин раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки бо раҳбари нави Эрон Муҷтабо Хоманеӣ музокира надорад.Дар ҳамин ҳол Трамп иддао дорад, ки Эрон барои созиш бо ИМА талош дорад ва Вашингтон низ ҳамин мавқеъро дастгирӣ мекунад.Раисҷумҳури ИМА гуфт, ки дар музокирот бо Эрон, Иёлоти Муттаҳида, бахусус, масъалаи даст кашидани Теҳрон аз силоҳи ҳастаӣ ва ғанисозии ураниюмро баррасӣ мекунад.Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури ИМА ткъкид кард, ки агар музокироти ноком шавад, бомбаборон Эрон идома меёбанд.Дар ҳзамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад.Дар баёнияи ВУХ-и Эрон гуфта шудааст, ки “изҳороти раисҷумҳури Амрико дар чаҳорчӯби талошҳо барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомии ӯст”.“Ибтикороте аз сӯйи кишварҳои минтақа барои коҳиши таниш вуҷуд дорад ва посухи мо ба ҳамаи онҳо равшан аст: мо тарафе нестем, ки ин ҷангро оғоз кардааст ва ҳамаи ин дархостҳо бояд ба Вашингтон ирҷоъ дода шавад”, - гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
https://sputnik.tj/20260312/safiri-eron-rusiya-oyandai-jahon-1075972471.html
https://sputnik.tj/20260313/murojiati-rahbari-jadidi-eron-mardumi-kishvar-1075997710.html
има
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/17/1076274692_85:0:2814:2047_1920x0_80_0_0_b2e6d418f5c0ed33919bbc1ccf2939fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, ховари миёна, сиёсат , трамп, музокирот
эрон, има, ховари миёна, сиёсат , трамп, музокирот
Поёни ҷанг дар Ховари Миёна?: Трамп аз гуфтушунидҳои хеле хуб бо Эрон хабар дод
Раисҷумҳури Амрикро эълон кард, ки музокироти ИМА ва Эрон барои ҳалли ихтилофоти ва низоъ то охири ҳафта идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Трамп гуфт, ки ИМА ва Эрон барои хотима додан ба низоъ гуфтушунидҳои хеле хуб ва самаранок анҷом доданд.
Ӯ инчунин эълон кард, ки ба Пентагон амр додааст, ки ҳамлаҳоро ба иншооти энергетикии Эрон барои панҷ рӯз қатъ кунад.
“Ман бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки ИМА ва Эрон дар ду рӯзи охир дар бораи ҳалли пурра ва ниҳоии низои мо дар Ховари Миёна гуфтушунидҳои хеле хуб ва самаранок анҷом доданд", - гуфт Трамп.
Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки музокироти ИМА ва Эрон барои ҳалли ихтилофоти онҳо тамоми ҳафта идома хоҳад ёфт.
"Бо назардошти хусусият ва шакли ин музокироти муфассал ва созанда, ки дар тӯли ҳафта идома хоҳанд ёфт, ман ба Вазорати дифоъ дастур додам, ки ҳама гуна ҳамлаҳои низомиро ба нерӯгоҳҳои барқӣ ва зерсохтори энергетикии Эрон барои панҷ рӯз ба таъхир андозад", - гуфт Трамп дар изҳороте, ки дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X нашр шудааст.
Трамп ҳамчунин гуфт, ки даври нави музокироти Эрон ва ИМА рӯзи душанбе тавассути телефон баргузор мешавад.
"Мо эҳтимолан тавассути телефон, сӯҳбат хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки бо раҳбари нави Эрон Муҷтабо Хоманеӣ музокира надорад.
Дар ҳамин ҳол Трамп иддао дорад, ки Эрон барои созиш бо ИМА талош дорад ва Вашингтон низ ҳамин мавқеъро дастгирӣ мекунад.
Раисҷумҳури ИМА гуфт, ки дар музокирот бо Эрон, Иёлоти Муттаҳида, бахусус, масъалаи даст кашидани Теҳрон аз силоҳи ҳастаӣ ва ғанисозии ураниюмро баррасӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури ИМА ткъкид кард, ки агар музокироти ноком шавад, бомбаборон Эрон идома меёбанд.
Дар ҳзамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад.
Дар баёнияи ВУХ-и Эрон гуфта шудааст, ки “изҳороти раисҷумҳури Амрико дар чаҳорчӯби талошҳо барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомии ӯст”.
“Ибтикороте аз сӯйи кишварҳои минтақа барои коҳиши таниш вуҷуд дорад ва посухи мо ба ҳамаи онҳо равшан аст: мо тарафе нестем, ки ин ҷангро оғоз кардааст ва ҳамаи ин дархостҳо бояд ба Вашингтон ирҷоъ дода шавад”, - гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Эрон.