https://sputnik.tj/20260408/istiqboli-tojikiston-tavoffuqi-otashbas-ima-eron-1076692644.html
Истиқболи Тоҷикистон аз тавоффуқи оташбас миёни ИМА ва Эрон
Истиқболи Тоҷикистон аз тавоффуқи оташбас миёни ИМА ва Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз созиши оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон истиқбол кард
2026-04-08T13:10+0500
2026-04-08T13:10+0500
2026-04-08T13:20+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
дар тоҷикистон
оташбас
има
истиқбол
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038790050_0:151:2879:1770_1920x0_80_0_0_090c96749964607ee0d6b145ee4e6e41.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд, гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии кишвар.“Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.Ҳамчунин Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад мерасонад.ВУХ-и Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват кард, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.Пештар аз ин баёния, Эрон ва Амрико бар сари оташбаси дуҳафтаӣ дар ҷанг ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз созиш карданд.Ахиран Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар, ба оташбаси ду ҳафтаӣ дар ҷанг бо Эрон, мувофиқат кардааст.Трамп ҳамчунин аз дарёфти як пешниҳоди иборат аз 10 банд аз сӯи Эрон хабар дод ва гуфт, ин пешниҳод метавонад асосе барои музокирот бошад.Президенти Амрико ин таҳаввулро гоме муҳим дар масири ҳаллу фасли яке аз бӯҳронҳои қадим ва даст ёфтан ба сулҳ дар Ховари Миёна хондааст.Эълони оташбас ба муддати ду ҳафта дар ҷанги Эрону Амрико пас аз он садо дод, ки Трамп ҳушдор дода буд, ки нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро ҳадаф қарор медиҳанд.
https://sputnik.tj/20260407/zarbaho-eron-ima-isroil-hadaf-giriftand-aks-1076664591.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038790050_159:0:2718:1919_1920x0_80_0_0_6ea0c624284218a32b30a3bdae2da6f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар тоҷикистон, оташбас, има, истиқбол, вух-и тоҷикистон
эрон, дар тоҷикистон, оташбас, има, истиқбол, вух-и тоҷикистон
Истиқболи Тоҷикистон аз тавоффуқи оташбас миёни ИМА ва Эрон
13:10 08.04.2026 (Навсозишуда: 13:20 08.04.2026) Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз созиши оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд, гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
“Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад мерасонад.
ВУХ-и Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват кард, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.
Пештар аз ин баёния, Эрон ва Амрико бар сари оташбаси дуҳафтаӣ дар ҷанг ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз созиш карданд.
Ахиран Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар, ба оташбаси ду ҳафтаӣ дар ҷанг бо Эрон, мувофиқат кардааст.
Трамп ҳамчунин аз дарёфти як пешниҳоди иборат аз 10 банд аз сӯи Эрон хабар дод ва гуфт, ин пешниҳод метавонад асосе барои музокирот бошад.
Президенти Амрико ин таҳаввулро гоме муҳим дар масири ҳаллу фасли яке аз бӯҳронҳои қадим ва даст ёфтан ба сулҳ дар Ховари Миёна хондааст.
Эълони оташбас ба муддати ду ҳафта дар ҷанги Эрону Амрико пас аз он садо дод, ки Трамп ҳушдор дода буд, ки нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро ҳадаф қарор медиҳанд.