Чароҳои сафари умра: аз нарху наво то сарсониҳо дар кӯчаҳои Макка

© AP / Amr NabilМусульманские паломники молятся перед Большой мечетью во время ежегодного паломничества хадж в Мекку, Саудовская Аравия.
Мусульманские паломники молятся перед Большой мечетью во время ежегодного паломничества хадж в Мекку, Саудовская Аравия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост сафари умраро тариқи ширкатҳои ватанӣ анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Аммо арзиши анҷоми сафари умра тариқи ширкатҳои тоҷикӣ дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя арзонтар аст.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафари умра маъмулан аз муҳоҷирати корӣ ва ҳам кишварҳои дигар анҷом медиҳанд.
“Аксарият ба таблиғи густарда, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба назар мерасад ва ба зойирин нархҳои арзонтарро ваъда медиҳанд, дода мешаванд ва тариқи кишварҳои ҳамсоя ба сафари умра мераванд”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Вай афзуд, вақте мардум дар эълону рекламаҳо ин нархҳои арзонро мебинанд, фирефта мешаванд, ҳол он ки агар дуруст таваҷҷуҳ кунанд, ширкатҳои расмии худи мо чандон нархҳои баланд надоранд.
“Онҳо огоҳ нестанд, ки дар нархномаи чунин ширкатҳои тасодуфӣ арзиши хӯрока ворид нест, ҳамзамон онҳо зойиринро дар Арабистони Саудӣ дар хобгоҳҳо ё меҳмонхонаҳои бениҳоят дур аз маҳалли зиёрат ҷобаҷо мекунанд. Онҳо маблағеро, ки баро расидан ба фурудгоҳи кишвари ҳамсоя харҷ мекунанд, ба ҳисоб намегиранд, вале боз мебинем, ки аз ноогоҳӣ фирефтаи чунин ширкатҳо мешаванд”, - гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим.
Мусульмане обходят Каабу во время ежегодного паломничества Хадж в Мекке, Саудовская Аравия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2026
Ихроҷу ҷаримаи ҳаҷ: чаро тариқи Кумитаи дин бояд рафт?
Раиси Кумитаи дин бо ном набурдани ягон кишвари мушаххас гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон як бастаи сафар ба ҳудуди 13-14 ҳазор сомонӣ, аммо аз кишварҳои дигар аз 9 то 11 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

Фарқият аз куҷо?

Бино ба додаҳое, ки Sputnik Тоҷикистон аз зойирин ва ширкатҳои тоҷикии машғул бо эъзоми шаҳрвандон ба сафари умра ба даст овард, ду-се соли ахир аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои Ӯзбекистони ҳамсоя сафар кардаанд.
Ба қавли онҳо, сабаби гарон будани бастаҳои сафари умра (ҳар баста роҳкиро, хӯрок ва меҳмонхонаро дарбар мегирад) дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба арзиши онҳо афзудани қимати билетҳои гарон ва боҷпулӣ аст. Як билети рафту баргаштро ширкатҳои тоҷикӣ аз 7 то 9 ҳазор доллар дастрас мекунанд. Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар як нафар боҷпулӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда таъйин кардааст, ки имсол 78 сомониро ташкил мекунад. Қимати раводиди шашмоҳаи сафари умра ҳам ба Арабистони Саудӣ 145 доллар аст, дар ҳоле ки раводиди сайёҳӣ 108 долларро ташкил мекунад.
Дар баробари ин, нархи сафар ба ин ҳам вобаста аст, ки зойирин аз кадом масир парвоз мекунанд. Дар ҳоли ҳозир як парвози мустақим аз Душанбе ба Ҷидда ва се парвози ғайримустақим ё транзитӣ аз Душанбе тариқи Боку, Кувайт ва Дубай ба Ҷидда анҷом мешавад.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2026
Муфтии Тоҷикистон дар бораи ҳаҷи умра: савоб дорад, вале ҳаҷ нест
Масъули як ширкати сайёҳӣ мегӯяд, соли гузашта қимати бастаҳо дар Тоҷикистон хеле пойин, қариб то 3 ҳазор сомонӣ пойин омаданд ва теъдоди онҳое, ки тариқи Ӯзбекистон сафар мекунанд, низ бамаротиб коҳиш ёфтааст.
“Ин қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки ширкатҳои тоҷикӣ маҷбур шуданд, худро ба рақобат айёр кунанд. Аз сӯи дигар, бархе ширкатҳои ӯзбекӣ зойиринро ҳангоми сафар раҳо намуда, барояшон мушкили зиёд эҷод карданд”, - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон расман ду ширкат – “Ормон” ва “Мунзал” иҷозатномаи истисноии анҷоми сафари умраро дар даст доранд.

Сарсониҳои кӯчаҳои Макка

Чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳолатҳои ҷудогона тариқи ширкатҳои ӯзбекӣ сафари умра карда, ба мушкил дучор омаданд, дар суҳбат бо Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ширкатҳо гуруҳи онҳоро, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон низ шомили он буданд, ба Макка расонда, дар кӯча раҳо кардаанд, ё бо хобгоҳ ё меҳмонхона таъмин накардаанд ва ҳатто аз он тараф билети баргаштаонро нагирифтаанд.
“Моро дар як меҳмонхонаи дур аз маҳалли зиёрат ҷой карданд. Аз он ҷо маҷбур будем, ки 30 доллар ба такси дода, ба Макка расем. Ҳамин тавр, қариб 10 рӯз рафтему омадем”, - гуфт яке аз онҳо.
Соли гузашта расонаҳо аз банд мондани як гуруҳи 40 – нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар дода буданд, ки як ширкати ӯзбекистонӣ аз ташкили сафари баргашти онҳо даст кашид ва онҳо қариб 10 рӯз дар фурудгоҳ монданд.
Арзонтар шуд: Нархи Ҳаҷ- 2026 барои зоирини тоҷик маълум гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2026
Арзонтар шуд: Нархи Ҳаҷ- 2026 барои зоирини тоҷик маълум гардид.
Онҳо ҷузъи ҳазорон нафаре буданд, ки аз сӯи ширкатҳои ӯзбекистонӣ дар кӯчаҳои Арабистони Саудӣ раҳо шуда буданд. Ҳукумати Ӯзбекистон маҷбур шуд ҷиҳати интиқоли рейсҳои чартерӣ ташкил карда, онҳоро ба Ӯзбекистон интиқол диҳад.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, 90% шикоёте, ки тайи ду-се соли ахир ба ин ниҳод расидааст, аз ҳисоби афродест, ки аз Ӯзбекистон сафари умра анҷом додаанд.
Аммо ба ин шикоёт расидагӣ сурат нагирифт ва мушкили зойирини ҷабрдида ҳал нашуд, чун дасти мақомоти Тоҷикистон ба ширкатҳои Ӯзбекистон намерасад.
“Вақте бо ширкатҳои Тоҷикистон рафту камбудиро дид, омада ба прокуратура шикоят мекунад ва даъвояш баррасӣ мешавад, аммо вақте камбудӣ ё иҷро нашудани шартнома аз сӯи ширкати кишвари дигар анҷом шудааст, бояд ба мақомоти ҳамон кишвар шикоят кунанд”, - гуфтанд дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим.

Муқассир Арабистони Саудист?

Масъули ширкати сайёҳии тоҷикӣ мегӯяд, қаблан раванди омодагӣ ва анҷоми сафари умра ҳам осон, ҳам фаҳмо ва ҳам одӣ буд. Вай афзуд, бино ба тартибе, ки Арабистони Саудӣ муайян карда буд, ҳар кас фақат дар кишвари худ метавонист раводид ба даст орад, аммо баъд саудиҳо раводиди умраро, ба истилоҳ, “бизнес” карданд.
Мусульмане обходят Каабу во время ежегодного паломничества Хадж в Мекке, Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2025
Бидуни миёнарав ва ширкатҳои хориҷӣ. Тағйирот дар Ҳаҷ-2025
“Масалан, ҳоло шаҳрвандони дигар кишварҳо аз ҳар кишваре, ки хоҳанд, барои сафари умра метавонанд раводид ба даст оранд. Ҳамагонӣ карданд. Дар баробари ин пештар фақат бо раводиди умра мешуд сафар кард, ҳозир бо визаи сайёҳӣ низ мешавад, умраро анҷом дод. Барои Саудӣ муҳим пул дарояд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, арзиши раводиди умра ҳам гаронтар аст, гузашта аз ин, фарде, ки бо раводиди сайёҳӣ умра равад ва фавтад, аз имтиёзи бепул гӯру чӯб кардану дар Макка гӯр шудан маҳрум мешавад.
Лентаи хабарҳо
0