Муфтии Тоҷикистон дар бораи ҳаҷи умра: савоб дорад, вале ҳаҷ нест

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2026
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба сокинон тавсия дод, ки бар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро интихоб намоянд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки ҳаҷи умра ҳаҷ нест. Кас, агар ҳазор бор ба ҳаҷи умра равад ҳам, ҳаҷи фарзӣ аз гарданаш соқит намешавад.
Вай ин нуктаро зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баён дошт.
“Ҳаҷи умра ҳаҷ нест. Ҳаҷи умра албатта савоб дорад, вале он ҳаҷи фарзиро аз гардани шахс соқит намесозад. Мусалмон аз ду коре, ки савоб дорад, бояд кореро интихоб намояд, ки савобаш бештар ва давомноктар аст”, - гуфт ӯ.
Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ ба садақаи ҷория ишорат карда, гуфт, сохтмони роҳ, пул, мактаб, ятимхона ва ба ҳамин монанд корҳое, ки нафъашон ба шумораи зиёди мардум мерасад, савоби бештар дорад.
Вай таъкид кард, ки то замоне, ки онҳоро истифода мебаранд, хайру савобаш ба шахси хайркарда мерасад.
Арзонтар шуд: Нархи Ҳаҷ- 2026 барои зоирини тоҷик маълум гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2026
Арзонтар шуд: Нархи Ҳаҷ- 2026 барои зоирини тоҷик маълум гардид.
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бар он аст, ки агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон арзиши ҳаҷ барои ҳар зоири тоҷик 56 ҳазору 800 сомонӣ буд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2024 нархи ҳаҷ 59 ва соли 2024 ҳудуди 57 ҳазор сомонӣ ва муайян шуда буд.
Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0