https://sputnik.tj/20250417/biduni-miyonarav-shirkathoi-khoriji-taghyirot-haj-1067022969.html
Бидуни миёнарав ва ширкатҳои хориҷӣ. Тағйирот дар Ҳаҷ-2025
Бидуни миёнарав ва ширкатҳои хориҷӣ. Тағйирот дар Ҳаҷ-2025
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки барои сафар ҳаҷ ба ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат накунанд, зеро ин шаркатҳо имкони қонунии сафарбарнамоӣ ба ҳаҷро надоранд
2025-04-17T16:39+0500
2025-04-17T16:39+0500
2025-04-17T16:59+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
зоирин
зоирини тоҷик
кумитаи дин
арабистони саудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067017452_0:92:3071:1819_1920x0_80_0_0_d13317132198592f4ec9790e70aad447.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Арабистони Саудӣ қоидаҳои адои ҳаҷро тағйир дод. Дигар зоирон наметавонанд барои адои ҳаҷ аз ширкатҳои хориҷӣ истифода намоянд.Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Арабистони Саудӣ бо нашри эълоне хабар медиҳад.Дар ин хабар гуфта мешавад шурӯъ аз санаи 29-уми апрели соли 2025 танҳо ба онҳое барои ба Макка ворид шудан ва адои ҳаҷ иҷоза дода мешавад, ки раводиди махсуси ҳаҷро доранд.Қайд карда шудааст, ки қаблан шаҳрвандон тариқи ширкатҳои хориҷӣ ва қабл аз маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар намуда онҷо то оғози маросими ҳаҷ ғайриқонунӣ меистоданд.Бояд гуфт тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.Аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳрвандони кишвар барои сафари ҳаҷ ба ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат накунанд, зеро бешак ин шаркатҳо дигар имкони қонунии сафарбарнамоӣ ба ҳаҷро надоранд."Тибқи тартиби нав танҳо дорандагони раводиди махсуси ҳаҷ вориди Макка шуда метавонанд. Чунин раводид барои ширкатҳо дастрас нест" - иброз доштанд аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо.Ёдовар мешавем, ки ахиран Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар соли равон ро эълон кард. Арзиши "Ҳаҷ-2025" барои ҳар зоири тоҷик 56 800 сомонӣ хоҳад буд.Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 200 сомонӣ камтар аст, зеро як соли пеш арзиши ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ ташкил медод.Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.
https://sputnik.tj/20250312/elon-arzish-haj-2025-1066534367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067017452_73:0:2802:2047_1920x0_80_0_0_6d8c3d55a37ac71ab58a758fb3b001f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи дин, ҳаҷ, қоида, адои ҳаҷ, тағйир, сафарбарӣ, ширкатҳои хориҷӣ
тоҷикистон, кумитаи дин, ҳаҷ, қоида, адои ҳаҷ, тағйир, сафарбарӣ, ширкатҳои хориҷӣ
Бидуни миёнарав ва ширкатҳои хориҷӣ. Тағйирот дар Ҳаҷ-2025
16:39 17.04.2025 (Навсозишуда: 16:59 17.04.2025) Кумитаи дини аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки барои сафар ҳаҷ ба ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат накунанд, зеро ин шаркатҳо имкони қонунии сафарбарнамоӣ ба ҳаҷро надоранд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Арабистони Саудӣ қоидаҳои адои ҳаҷро тағйир дод. Дигар зоирон наметавонанд барои адои ҳаҷ аз ширкатҳои хориҷӣ истифода намоянд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Арабистони Саудӣ бо нашри эълоне хабар медиҳад.
Дар ин хабар гуфта мешавад шурӯъ аз санаи 29-уми апрели соли 2025 танҳо ба онҳое барои ба Макка ворид шудан ва адои ҳаҷ иҷоза дода мешавад, ки раводиди махсуси ҳаҷро доранд.
Қайд карда шудааст, ки қаблан шаҳрвандон тариқи ширкатҳои хориҷӣ ва қабл аз маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар намуда онҷо то оғози маросими ҳаҷ ғайриқонунӣ меистоданд.
Бояд гуфт тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳрвандони кишвар барои сафари ҳаҷ ба ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат накунанд, зеро бешак ин шаркатҳо дигар имкони қонунии сафарбарнамоӣ ба ҳаҷро надоранд.
"Тибқи тартиби нав танҳо дорандагони раводиди махсуси ҳаҷ вориди Макка шуда метавонанд. Чунин раводид барои ширкатҳо дастрас нест" - иброз доштанд аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар соли равон ро эълон кард.
Арзиши "Ҳаҷ-2025" барои ҳар зоири тоҷик 56 800 сомонӣ хоҳад буд.
Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 200 сомонӣ камтар аст, зеро як соли пеш арзиши ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ ташкил медод.
Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.