Ихроҷу ҷаримаи ҳаҷ: чаро тариқи Кумитаи дин бояд рафт?

© AP / Amr NabilМусульмане обходят Каабу во время ежегодного паломничества Хадж в Мекке, Саудовская Аравия.
Мусульмане обходят Каабу во время ежегодного паломничества Хадж в Мекке, Саудовская Аравия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз авоқиби нохушоянди анҷоми ғайриқонунии маросими ҳаҷи фарзӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Бархе афрод барои адои ҳаҷи фарзӣ аз роҳҳои ғайриқонунӣ, ҳатто аз Арабистони Саудӣ ихроҷ шудаанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, онҳое, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ қасди ҳаҷи фарзиро доранд, бояд мунтазири авоқиби нохушоянд бошанд.
"Борҳо мо ва кишвари мизбон ҳам таъкид кардаем, ки фирефтаи ҳар гуна эълону ҳар гуна таблиғот нашуда, аз роҳи қонунӣ ҳаҷи фарзиро адо кунанд. Роҳи қонунӣ ҳам ин аст, ки онҳо раводиди махсуси ҳаҷи фарзиро ба даст оранд ва тариқи Кумитаи дин сафар кунанд. Дар ғайри ин аз сӯи мақомоти Арабистони Саудӣ аз худи фурудгоҳ баргардонида мешаванд”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Вай гуфт, бархе афрод се-чор пеш аз оғози мавсим ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд ба ин умед, ки тавонанд ҳаҷи фарзиро адо кунанд.
“Моҳҳо дар он кишвар мемонанд, аммо ҳамеша таҳти пайгард ё ин ки таъқиби мақомоти интизомии он кишвар қарор доранд ва дар сурати фош шуданашон фавран аз он кишвар ихроҷ мешаванд. Ба ҳамин хотир, аз ҳама даъват мекунем, ки фирефтаи ҳар гуна эълону ташвиқот нашуда, аз роҳи қонунӣ сафар кунанд”, - гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим.
Вай афзуд, ҳаҷи фарзӣ фақат аз тариқи каналҳои расмӣ ба роҳ монда мешавад ва дар ин самт ваколатдор танҳо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аст.
“Танҳо афроде, ки тариқи расмӣ раводиди ҳаҷро ба даст овардаанд, метавонанд бидуни монеа сафар намоянд. Дар сурати риоя накардани ин тартибот онҳо дар баробари ихроҷ шуданашон аз кишвари Арабистони Саудӣ, эҳтимолан ҷарима низ хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, ба рӯйхати нафароне дохил карда мешаванд, ки мамнуъулвуруд ҳастанд, ками кам 5 сол иҷозаи вуруд ба Арабистони Саудиро нахоҳанд дошт”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, соли гузашта мавориди ошкор шудани чунин афрод, ки бидуни раводиди махсуси ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой дошт ва ин ниҳод тариқи сафорати Тоҷикистон дар Риёз онҳоро ба ватан баргардондааст.
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2026
Рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Дар шарҳи ин маҳдудиятҳо дар Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сухан аз инҳисору ҳамкории кишвари мизбон намеравад, балки ҳама тибқи тартиботи адои ҳаҷи тамоми мусулмонони ҷаҳон сурат мегирад.
Бино ба ин тартибот, ҳар кишвари мусулмон ҳақ дорад аз як ҳазор як нафарро ба ҳаҷ фиристад.
Лентаи хабарҳо
0