https://sputnik.tj/20251211/bandahoi-maktabi-navrasoni-dushanbe-1073697906.html
“Бандаҳои мактабӣ” ё ба наврасони Душанбе чӣ намерасад
“Бандаҳои мактабӣ” ё ба наврасони Душанбе чӣ намерасад
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали сол, дар Тоҷикистон даҳҳо занозанӣ байни донишҷӯён, аз ҷумла задухӯрдҳои марговар, сабт шудааст. Чаро Душанберо мавҷи "гурӯҳҳои мактабӣ" фаро гирифтааст? Посух ба ин вади дигар суолҳо дар ин мавод хонед
2025-12-11T09:36+0500
2025-12-11T09:36+0500
2025-12-11T13:33+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон
занозании мактаббачагон
иҷтимоъ
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073712479_0:214:3072:1942_1920x0_80_0_0_607a731c6edd7b39dcaa25e577969a99.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба ҳалокат расидани мактабиён дар пайи муноқишаҳои гуруҳӣ, бахусус, бо истифода аз васоили марговар тайи солҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон мӯҷиби нигарониҳо шудааст.Коршиносон инро як “падидаи ногувор” ва бархӯрд бо онро қонунӣ, аммо ғайримуассир арзёбӣ мекунанд. Ин ҳам ҷолиб аст, ки чаро ин қабил ҳаводис асосан дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ба вуқуъ мепайванданд.Занозании оммавӣЯке аз пурсарусадотарин занозанӣ байни ду гурӯҳи мактаббачагон буд, ки нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух дод. Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни муноқиша кушта ва дигаре бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки “наврасон ҳангоми муноқиша аз предметҳои халандаю бурранда, махсусан корд истифода намудаанд”.Бино ба ин манбаъ, ихтилоф дар пайи “нофаҳмиҳои лафзӣ, ки қаблан тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ” миёни ду ноболиғ ба миён омада, ҳарду бо иттифоқи рафиқону ҳамсинфони худ муноқишаи гурӯҳӣ ташкил додаанд. Дар пайи ин муноқиша яке дигариро кушта, як навраси дигар ҳам шадидан захмӣ ва дар беморхона бистарӣ шудааст.Дар айни ҳол, шахси мазнун дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи моддаи 104 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “одамкушӣ” - парвандаи ҷиноӣ боз карда, дигар ширкатдорони ин муноқишаро мавриди бозҷӯӣ қарор додааст.Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.Се рӯз пас аз ин ҳодиса, 12 ноябр, боз ду ноболиғ ё мактабии дигар дар кӯчаи Озодии Занони ноҳияи Синои пойтахт вориди муноқиша шуда, яке дигариро захмӣ кард. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, дар робита ба ҷинояти мазкур бо моддаи 112-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ” - парвандаи ҷиноӣ боз шуд.Дар сурати тасбит шудани ҷиноят ин наврас бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 75 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.Милиса ва волидайнИн ду маврид аввалин ва ба гумони ағлаб охирин мавориди куштаву захмӣ шудани мактабиён дар пайи муноқишаҳо дар Душанбе нест. Дар гузашта даҳҳо чунин маврид иттифоқ афтода, муҷримон зиндонӣ, падару модари онҳо ҷарима ва ҳам устодону мудирони мактаб муҷозот шудаанд.Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, фақат тайи 10 моҳи соли равон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 1312 падару модар тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – “Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон” – бо қарори судҳо ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бар пояи таҳлилҳо, дар аксари мавридҳо маҳз ба далели беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон наврасон даст ба қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои вазнин мезананд.Аз нигоҳи коршиносон, бархӯрди мақомоти милиса – истифода аз қудрати қонунӣ – бархӯрди қонунӣ аст, аммо танҳо бо муҷозоти волидайн он гуна ки дида мешавад, вазъ тағйир наёфтааст.Соҳибназар Алиев, як собиқадори милиса, ки дар замони Шӯравӣ дар самти ноболиғон фаъолият кардааст, мегӯяд, бо чораҳои милисаву муҷозоти волидайн як гуна таъсиррасонӣ сурат мегирад, аммо вақте мушкил ҳал намешавад, бояд тадобири дигарро рӯи даст гирифт.“Ҳоло тамоми баҳсу ҷанҷолҳоро ба сари милиса бор мекунанд. Агар зану шавҳар дар хона ё талабаҳо дар мактаб ҷанҷол кунанд, зуд ба милиса муроҷиат мекунанд. Ҳатто дар шифохона як мушкил пайдо шавад, мераванд ба сари милиса, чун ҳомии тартибот аст. Чаро дигар ниҳодҳо, масалан, дар масъалаи наврасон вазорати маорифу мактабҳо дар канор мемонанд? Аммо дар ҳамин мактабҳо ҳам ҷанҷоле сар занад, боз ҳам милисаро ба миён мекашанд”, - гуфт Соҳибназар Алиев.Як иқдоми дигари мақомоти милисаву прокуратура, ки бо иттифоқи кормандони мактабҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткории мактабиён гирифта мешавад, “корҳои фаҳмондадиҳӣ” аст. Ҳайатҳое аз се ниҳод падару модарон ва хонандагонро ҷамъ карда, ба онҳо мефаҳмонанд, ки чунин рафторҳо дуруст нестанд.Аммо, ба қавли Соҳибназар Алиев, гоҳо ин ҷаласот натиҷаи маъкус ҳам додаанд ва чунин маврид ҳам будааст, ки пас аз як ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ ду гуруҳи мактаббачагон амдан даст ба муноқиша задаанд.Ин чӣ насл аст?Дар ҳамин ҳол, воқеиятҳое низ вуҷуд доранд ва аз сӯи мақомоту расонаҳо, ё аз сари бехабарӣ ва ё ҳам ба мулоҳизоти дигар, баён намешаванд, аз ҷумла ҷангҳои як ба яки, ба истилоҳ, “лидер” - ҳо барои маълум кардани “зӯр (лидер)” – и мактабҳои шаҳр, ҷамъоварии пул ё “ҳақ (доля)” барои онҳо, ки аз ҳар як хонандаи синфҳои болоӣ ҷамъ мешавад. Гоҳо “лидер” – ҳои ду – се мактаб ҷамъ омада, “банда” – и худро таъсис медиҳанд ва бо “банда” – ҳои дигар вориди рақобат ва гоҳо даргириҳои аланӣ мешаванд.Ҳол барои ҷомиа ин суол халқ шудааст, ки ин чӣ насл аст ва чаро чунин маворид ба як воқеияти мактабҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, табдил ёфтааст ва ба ин насли пойтахтнишин чӣ намерасад ё ин насл чӣ мехоҳад?Коршиносон авомили зиёдеро ном мебаранд, аз ҷумла ҷудошавии падару модар, ба муҳоҷират рафтани сарвари хонадон, ки мӯҷиби бе сарпараст ва беназорат мондани наврасон мешаванд, ҳамчунин таъсири телефонҳои мобиливу бозиҳои компютерӣ, аммо ин воқеияти тамоми Тоҷикистон аст, на фақат Душанбе.Баръакс, дар Душанбе аксари волидайн дар худи шаҳр кору фаъолият мекунанд ва марокизи бозиҳои компютерӣ ба рӯи наврасон баста ва бозиҳои характери зуроваридошта қатъиян манъ аст. Ба гунаи мисол, вазорати фарҳанги Тоҷикистон бозиҳои "Counter Strike" ва "Grand Theft Auto" (GTA)-ро, ки “хусусияти зуроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ” доранд, манъ кард.Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, тадобире, ки то имрӯз рӯи даст гирифта шудаанд, то ҷое таъсири худро расондаанд, аммо барои густариши ин феномен (падида) фақат хусусияти боздорандагӣ доранд.“Ин насл дунёи худро дорад, қонунҳои худ, асосҳои равонии худ ва диду фаҳмишу бинишҳои худро дорад. Дунёи дигар дорад, як дунёи комилан мутафовит. Аммо масъулон инро ба назар намегиранд ва ба монанди одамони бузургсол муҷозоташон мекунанд, тарбия ё ҷазо медиҳанд, ки мувофиқи табиати наврасон нест”, - гуфт Маҳмуд Кабирӣ.Равоншинос мегӯяд, мушкили аслӣ дар метод ё услуби дарс додан аст, ки дар аксари мактабҳои мо аз солҳои 70-80-и асри гузашта ривоҷ дорад: ҳамон тахтаи синф, ҳамон бур ва ҳамон китоб.“Ҳоло азхудкунии иттилоъ дигар шудааст. Бо воситаи мултфилму филму, дар умум воситаҳои визуалӣ, он чӣ ба чашм дида мешавад, бештар иттилоъ ҳосил мешавад. Ҳатто вақте кӯдак гиря меояд ё ғаш мекунад, волидайн зуд ба дасташ телефон медиҳад, ки хап кунад. Кам касе ҳаст, ки иҷоза надиҳанд. Тифл мултфилмҳоро тамошо мекунад, “ужастик”-ҳоро ва ором мегирад”, - гуфт равоншинос.Вай афзуд, ин чизҳое ҳастанд, ки бидуни онҳо кӯдак ва ҳам баъдтар талаба худро хушбахт ҳис намекунад ва вақте онҳоро надорад, дар назди рафиқонаш худро кам мебинад, худро бадбахт ҳис мекунад ва ба падару модар нафрати пинҳон пайдо мекунад.“Ин талабот ба таври дигар аз ӯ берун меояд: ё касал мешавад ё инҷиқ. Як гуна эътироз дар ӯ падид меояд, ки аз тариқи нахондан, гапи падару модару муаллимро нагирифтан, зуҳур мекунад”, - гуфт Маҳмуд Кабирӣ.Чӣ бояд кард?Соҳибназар Алиев мегӯяд, шароит дар ҷаҳон ба таври куллӣ ҳатто аз даҳ соли пеш ва ба таври босуръат тағйир мекунад, вақте насли наврас худро ҳамгоми ин равандҳо намебинад, уқдаманд мешавад.“Ҳарчанд барои наслҳои мо ин қабил авлавиятҳо, масалан, сарвату бениёзӣ ба моддиёт чандон муҳим набуд, балки идеология муҳим буд, насли наврасро, бахусус, дар шаҳри бузурге, ба монанди Душанбе, наметавон бо ин арзишҳо қаноат дод. Онҳо мехоҳанд худро, ба истилоҳ, “нишон диҳанд”, ки як шахси одӣ нестанд ва эҳтироми худро дар тасаллут бар моддиёт, шӯҳрат ё зӯр мебинанд. Аз ин хотир, шавқи онҳо ба мусиқӣ, варзиш, бахусус, навъи муҳорибавӣ бештар аст. Ҷавонони музофотӣ низ чунин ниёзҳое доранд, аммо азбаски дар муҳити то ҷое суннатӣ бузург мешаванд, чандон уқдаманд нестанд”, - гуфт Соҳибназар Алиев.Маҳмуд Кабирӣ бар ин аст, ки метод ё услуби муосир барои фаро гирифтани маълумот, дониш, маҳорату малака васоилаҳо ва иттилооти рақамӣ аст, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ.“Талабаи мо дар Инстаграму* Тиктоку дигар шабакаҳо мешинад. Иттилое, ки азон ҳо мегирад, чандон муҳим ё дархӯри рушди ӯ нестанд, аз нигоҳи иттилоотӣ саводашро ҳам намеафзояд, аммо вақташро хуш мекунанд. Акнун ин шавқро бояд истифода кард. Услуби дарс додан бояд тағйир ёбад, муосир шавад, масалан, китоби электронӣ, доскаи электронӣ, ручкаи электронӣ, ба ҷои як баста китоб - як планшет. Дар дарсҳо бояд аз ҳуши маснуъӣ истифода шавад, ки муҳтавои китобҳоро ба тасвир гирад”, - гуфт равоншинос.Ба қавли ӯ, китоб ҳеҷ гоҳ аҳамияту манзалати худро гум намекунад, планшет ҷойи онро намегирад, аммо нақши як василаи соддатар ва осони ҳифз кардани иттилоъро иҷро мекунад.“Ҳам китоб ва ҳам планшет. Планшет хароб шавад, аз китоб истифода мекунад, баҳона намеҷӯяд. Бигзор, китобро волидайн бихаранд ва барои камбизоатон вазорати маориф фароҳам созад. Дар як калом, бояд зиндагии наврасонро ба ҷаҳони нав мутобиқ кард, ки ҳис кунанд ҷузъи ин ҷаҳон ва зиндагии нав ҳастанд”, - гуфт Маҳмуд Кабирӣ.Коршиносон бар онанд, ки ҳарчанд вуҷуди мавориди ногувори муноқишаҳо миёни “бандаҳои мактабӣ” ва дар пайи онҳо куштаву захмӣ шудани мактабиён ба амнияти кулии кишвар таъсир намерасонад, аммо камбудиҳои низоми маорифи кишварро бармало месозад, ки дар навбати худ зарурати масъалаи ислоҳи низоми тарбияту омӯзиш ва ба ҳамгом сохтани он бо шароити ҷаҳонӣ ба миён меорад. Имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар густариши ин падида ангуштнамо аст, аммо дар тӯлонимуддат “сироят” – и он ба бақия гӯшаву канори кишвар аз тасаввур берун нест.* Корпоратсияи Meta (соҳиби Facebook, Instagram, WhatsApp) экстремистӣ эътироф шудааст ва дар Русия манъ карда шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41821
https://sputnik.tj/20250320/sobiq-muovin-avangard-amalho-shahvoni-nobolighon-dastgir-1066656657.html
https://sputnik.tj/20241115/nigaronii-vkd-furushi-mashrubot-tamoku-nobolighon-1065124668.html
https://sputnik.tj/20240304/man-tahsil-nikoh-rahmon-nobolighon-naqz-1061921567.html
https://sputnik.tj/20240225/vaziri-maorif-tojikiston-kadom-nobolighon-1061833148.html
https://sputnik.tj/20220725/afzoish-mizon-khudkush-noboligh-sughd-1050231654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073712479_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_d6a1d6d6a76a22e3e71afc5fb6fc90f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷавонон, ноболиғон, занозании оммавӣ, наврасон, душанбе, вкд, заддухурд
тоҷикистон, ҷавонон, ноболиғон, занозании оммавӣ, наврасон, душанбе, вкд, заддухурд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба ҳалокат расидани мактабиён дар пайи муноқишаҳои гуруҳӣ, бахусус, бо истифода аз васоили марговар тайи солҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон мӯҷиби нигарониҳо шудааст.
Коршиносон инро як “падидаи ногувор” ва бархӯрд бо онро қонунӣ, аммо ғайримуассир арзёбӣ мекунанд. Ин ҳам ҷолиб аст, ки чаро ин қабил ҳаводис асосан дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ба вуқуъ мепайванданд.
Яке аз пурсарусадотарин занозанӣ байни ду гурӯҳи мактаббачагон буд, ки нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух дод. Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни муноқиша кушта ва дигаре бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки “наврасон ҳангоми муноқиша аз предметҳои халандаю бурранда, махсусан корд истифода намудаанд”.
Бино ба ин манбаъ, ихтилоф дар пайи “нофаҳмиҳои лафзӣ, ки қаблан тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ” миёни ду ноболиғ ба миён омада, ҳарду бо иттифоқи рафиқону ҳамсинфони худ муноқишаи гурӯҳӣ ташкил додаанд. Дар пайи ин муноқиша яке дигариро кушта, як навраси дигар ҳам шадидан захмӣ ва дар беморхона бистарӣ шудааст.
Дар айни ҳол, шахси мазнун дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи моддаи 104 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “одамкушӣ” - парвандаи ҷиноӣ боз карда, дигар ширкатдорони ин муноқишаро мавриди бозҷӯӣ қарор додааст.
Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, аз ҳашт то понздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Се рӯз пас аз ин ҳодиса, 12 ноябр, боз ду ноболиғ ё мактабии дигар дар кӯчаи Озодии Занони ноҳияи Синои пойтахт вориди муноқиша шуда, яке дигариро захмӣ кард. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, дар робита ба ҷинояти мазкур бо моддаи 112-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ” - парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Дар сурати тасбит шудани ҷиноят ин наврас бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 75 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Ин ду маврид аввалин ва ба гумони ағлаб охирин мавориди куштаву захмӣ шудани мактабиён дар пайи муноқишаҳо дар Душанбе нест. Дар гузашта даҳҳо чунин маврид иттифоқ афтода, муҷримон зиндонӣ, падару модари онҳо ҷарима ва ҳам устодону мудирони мактаб муҷозот шудаанд.
Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, фақат тайи 10 моҳи соли равон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 1312 падару модар тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – “Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон” – бо қарори судҳо ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бар пояи таҳлилҳо, дар аксари мавридҳо маҳз ба далели беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон наврасон даст ба қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои вазнин мезананд.
Аз нигоҳи коршиносон, бархӯрди мақомоти милиса – истифода аз қудрати қонунӣ – бархӯрди қонунӣ аст, аммо танҳо бо муҷозоти волидайн он гуна ки дида мешавад, вазъ тағйир наёфтааст.
Соҳибназар Алиев, як собиқадори милиса, ки дар замони Шӯравӣ дар самти ноболиғон фаъолият кардааст, мегӯяд, бо чораҳои милисаву муҷозоти волидайн як гуна таъсиррасонӣ сурат мегирад, аммо вақте мушкил ҳал намешавад, бояд тадобири дигарро рӯи даст гирифт.
“Ҳоло тамоми баҳсу ҷанҷолҳоро ба сари милиса бор мекунанд. Агар зану шавҳар дар хона ё талабаҳо дар мактаб ҷанҷол кунанд, зуд ба милиса муроҷиат мекунанд. Ҳатто дар шифохона як мушкил пайдо шавад, мераванд ба сари милиса, чун ҳомии тартибот аст. Чаро дигар ниҳодҳо, масалан, дар масъалаи наврасон вазорати маорифу мактабҳо дар канор мемонанд? Аммо дар ҳамин мактабҳо ҳам ҷанҷоле сар занад, боз ҳам милисаро ба миён мекашанд”, - гуфт Соҳибназар Алиев.
Як иқдоми дигари мақомоти милисаву прокуратура, ки бо иттифоқи кормандони мактабҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткории мактабиён гирифта мешавад, “корҳои фаҳмондадиҳӣ” аст. Ҳайатҳое аз се ниҳод падару модарон ва хонандагонро ҷамъ карда, ба онҳо мефаҳмонанд, ки чунин рафторҳо дуруст нестанд.
Аммо, ба қавли Соҳибназар Алиев, гоҳо ин ҷаласот натиҷаи маъкус ҳам додаанд ва чунин маврид ҳам будааст, ки пас аз як ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ ду гуруҳи мактаббачагон амдан даст ба муноқиша задаанд.
Дар ҳамин ҳол, воқеиятҳое низ вуҷуд доранд ва аз сӯи мақомоту расонаҳо, ё аз сари бехабарӣ ва ё ҳам ба мулоҳизоти дигар, баён намешаванд, аз ҷумла ҷангҳои як ба яки, ба истилоҳ, “лидер” - ҳо барои маълум кардани “зӯр (лидер)” – и мактабҳои шаҳр, ҷамъоварии пул ё “ҳақ (доля)” барои онҳо, ки аз ҳар як хонандаи синфҳои болоӣ ҷамъ мешавад. Гоҳо “лидер” – ҳои ду – се мактаб ҷамъ омада, “банда” – и худро таъсис медиҳанд ва бо “банда” – ҳои дигар вориди рақобат ва гоҳо даргириҳои аланӣ мешаванд.
Ҳол барои ҷомиа ин суол халқ шудааст, ки ин чӣ насл аст ва чаро чунин маворид ба як воқеияти мактабҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, табдил ёфтааст ва ба ин насли пойтахтнишин чӣ намерасад ё ин насл чӣ мехоҳад?
Коршиносон авомили зиёдеро ном мебаранд, аз ҷумла ҷудошавии падару модар, ба муҳоҷират рафтани сарвари хонадон, ки мӯҷиби бе сарпараст ва беназорат мондани наврасон мешаванд, ҳамчунин таъсири телефонҳои мобиливу бозиҳои компютерӣ, аммо ин воқеияти тамоми Тоҷикистон аст, на фақат Душанбе.
Баръакс, дар Душанбе аксари волидайн дар худи шаҳр кору фаъолият мекунанд ва марокизи бозиҳои компютерӣ ба рӯи наврасон баста ва бозиҳои характери зуроваридошта қатъиян манъ аст. Ба гунаи мисол, вазорати фарҳанги Тоҷикистон бозиҳои "Counter Strike" ва "Grand Theft Auto" (GTA)-ро, ки “хусусияти зуроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ” доранд, манъ кард.
Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, тадобире, ки то имрӯз рӯи даст гирифта шудаанд, то ҷое таъсири худро расондаанд, аммо барои густариши ин феномен (падида) фақат хусусияти боздорандагӣ доранд.
“Ин насл дунёи худро дорад, қонунҳои худ, асосҳои равонии худ ва диду фаҳмишу бинишҳои худро дорад. Дунёи дигар дорад, як дунёи комилан мутафовит. Аммо масъулон инро ба назар намегиранд ва ба монанди одамони бузургсол муҷозоташон мекунанд, тарбия ё ҷазо медиҳанд, ки мувофиқи табиати наврасон нест”, - гуфт Маҳмуд Кабирӣ.
Равоншинос мегӯяд, мушкили аслӣ дар метод ё услуби дарс додан аст, ки дар аксари мактабҳои мо аз солҳои 70-80-и асри гузашта ривоҷ дорад: ҳамон тахтаи синф, ҳамон бур ва ҳамон китоб.
“Ҳоло азхудкунии иттилоъ дигар шудааст. Бо воситаи мултфилму филму, дар умум воситаҳои визуалӣ, он чӣ ба чашм дида мешавад, бештар иттилоъ ҳосил мешавад. Ҳатто вақте кӯдак гиря меояд ё ғаш мекунад, волидайн зуд ба дасташ телефон медиҳад, ки хап кунад. Кам касе ҳаст, ки иҷоза надиҳанд. Тифл мултфилмҳоро тамошо мекунад, “ужастик”-ҳоро ва ором мегирад”, - гуфт равоншинос.
Вай афзуд, ин чизҳое ҳастанд, ки бидуни онҳо кӯдак ва ҳам баъдтар талаба худро хушбахт ҳис намекунад ва вақте онҳоро надорад, дар назди рафиқонаш худро кам мебинад, худро бадбахт ҳис мекунад ва ба падару модар нафрати пинҳон пайдо мекунад.
“Ин талабот ба таври дигар аз ӯ берун меояд: ё касал мешавад ё инҷиқ. Як гуна эътироз дар ӯ падид меояд, ки аз тариқи нахондан, гапи падару модару муаллимро нагирифтан, зуҳур мекунад”, - гуфт Маҳмуд Кабирӣ.
Соҳибназар Алиев мегӯяд, шароит дар ҷаҳон ба таври куллӣ ҳатто аз даҳ соли пеш ва ба таври босуръат тағйир мекунад, вақте насли наврас худро ҳамгоми ин равандҳо намебинад, уқдаманд мешавад.
“Ҳарчанд барои наслҳои мо ин қабил авлавиятҳо, масалан, сарвату бениёзӣ ба моддиёт чандон муҳим набуд, балки идеология муҳим буд, насли наврасро, бахусус, дар шаҳри бузурге, ба монанди Душанбе, наметавон бо ин арзишҳо қаноат дод. Онҳо мехоҳанд худро, ба истилоҳ, “нишон диҳанд”, ки як шахси одӣ нестанд ва эҳтироми худро дар тасаллут бар моддиёт, шӯҳрат ё зӯр мебинанд. Аз ин хотир, шавқи онҳо ба мусиқӣ, варзиш, бахусус, навъи муҳорибавӣ бештар аст. Ҷавонони музофотӣ низ чунин ниёзҳое доранд, аммо азбаски дар муҳити то ҷое суннатӣ бузург мешаванд, чандон уқдаманд нестанд”, - гуфт Соҳибназар Алиев.
Маҳмуд Кабирӣ бар ин аст, ки метод ё услуби муосир барои фаро гирифтани маълумот, дониш, маҳорату малака васоилаҳо ва иттилооти рақамӣ аст, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ.
“Талабаи мо дар Инстаграму* Тиктоку дигар шабакаҳо мешинад. Иттилое, ки азон ҳо мегирад, чандон муҳим ё дархӯри рушди ӯ нестанд, аз нигоҳи иттилоотӣ саводашро ҳам намеафзояд, аммо вақташро хуш мекунанд. Акнун ин шавқро бояд истифода кард. Услуби дарс додан бояд тағйир ёбад, муосир шавад, масалан, китоби электронӣ, доскаи электронӣ, ручкаи электронӣ, ба ҷои як баста китоб - як планшет. Дар дарсҳо бояд аз ҳуши маснуъӣ истифода шавад, ки муҳтавои китобҳоро ба тасвир гирад”, - гуфт равоншинос.
Ба қавли ӯ, китоб ҳеҷ гоҳ аҳамияту манзалати худро гум намекунад, планшет ҷойи онро намегирад, аммо нақши як василаи соддатар ва осони ҳифз кардани иттилоъро иҷро мекунад.
“Ҳам китоб ва ҳам планшет. Планшет хароб шавад, аз китоб истифода мекунад, баҳона намеҷӯяд. Бигзор, китобро волидайн бихаранд ва барои камбизоатон вазорати маориф фароҳам созад. Дар як калом, бояд зиндагии наврасонро ба ҷаҳони нав мутобиқ кард, ки ҳис кунанд ҷузъи ин ҷаҳон ва зиндагии нав ҳастанд”, - гуфт Маҳмуд Кабирӣ.
Коршиносон бар онанд, ки ҳарчанд вуҷуди мавориди ногувори муноқишаҳо миёни “бандаҳои мактабӣ” ва дар пайи онҳо куштаву захмӣ шудани мактабиён ба амнияти кулии кишвар таъсир намерасонад, аммо камбудиҳои низоми маорифи кишварро бармало месозад, ки дар навбати худ зарурати масъалаи ислоҳи низоми тарбияту омӯзиш ва ба ҳамгом сохтани он бо шароити ҷаҳонӣ ба миён меорад. Имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар густариши ин падида ангуштнамо аст, аммо дар тӯлонимуддат “сироят” – и он ба бақия гӯшаву канори кишвар аз тасаввур берун нест.
* Корпоратсияи Meta (соҳиби Facebook, Instagram, WhatsApp) экстремистӣ эътироф шудааст ва дар Русия манъ карда шудааст.