https://sputnik.tj/20240304/man-tahsil-nikoh-rahmon-nobolighon-naqz-1061921567.html
Манъи таҳсилу никоҳ бо наврасон: Раҳмон гуфт, чӣ қадар ҳуқуқи ноболиғон нақз шуд?
Манъи таҳсилу никоҳ бо наврасон: Раҳмон гуфт, чӣ қадар ҳуқуқи ноболиғон нақз шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандоне дар Тоҷикистон, ки ба синни балоғат нарасидаанд, таҳти назорати пайваста қарор дорад, изҳор дошт додситони кулли кишвар
2024-03-04T13:03+0500
2024-03-04T13:03+0500
2024-03-04T14:32+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
қонун
таҳсил
додситон
кул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/90/1025379054_0:253:3113:2004_1920x0_80_0_0_d273598a4a4dd348249d179cfc4cf8f5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Монеъ шудан ба таҳсили асосӣ, надодани маблағи таъминот ва издивоҷи барвақтӣ аз бахшҳои асосии нақзи ҳуқуқи ноболиғон дар Тоҷикистон арзёбӣ шуданд. Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дар ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумон гуфт, ки тайи соли гузашта ҳуқуқу манфиати беш аз 500 ноболиғ барқарор карда шуд. Вай таъкид намуд, ки барои нақзи ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон садҳо парвандаи ҷиоӣ боз гардидааст. Аз ҷумла мисол овард, ки дар соли 2023 барои саркашӣ намудан аз пардохти маблағ вобаста ба таъмини фарзанди ноболиғ 219 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд. Монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои дигари роиҷ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад, ки барои даст доштан дар ин аъмол 123 парванда боз шуда будаст. Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида — 29, ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон — 22 ва бастани аҳди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба таъкиди додситони кулли Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандоне, ки ба синни балоғат нарасидаанд, таҳти назорати пайваста қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240225/vaziri-maorif-tojikiston-kadom-nobolighon-1061833148.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/90/1025379054_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5b597ab3d97af889d8c544aeef696de1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, юсуф раҳмон, нақз, ҳуқуқ, ноболиғон
тоҷикистон, юсуф раҳмон, нақз, ҳуқуқ, ноболиғон
Манъи таҳсилу никоҳ бо наврасон: Раҳмон гуфт, чӣ қадар ҳуқуқи ноболиғон нақз шуд?
13:03 04.03.2024 (Навсозишуда: 14:32 04.03.2024) Ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандоне дар Тоҷикистон, ки ба синни балоғат нарасидаанд, таҳти назорати пайваста қарор дорад, изҳор дошт додситони кулли кишвар
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Монеъ шудан ба таҳсили асосӣ, надодани маблағи таъминот ва издивоҷи барвақтӣ аз бахшҳои асосии нақзи ҳуқуқи ноболиғон дар Тоҷикистон арзёбӣ шуданд.
Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дар ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумон гуфт, ки тайи соли гузашта ҳуқуқу манфиати беш аз 500 ноболиғ барқарор карда шуд.
Вай таъкид намуд, ки барои нақзи ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон садҳо парвандаи ҷиоӣ боз гардидааст.
Аз ҷумла мисол овард, ки дар соли 2023 барои саркашӣ намудан аз пардохти маблағ вобаста ба таъмини фарзанди ноболиғ 219 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.
Монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои дигари роиҷ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад, ки барои даст доштан дар ин аъмол 123 парванда боз шуда будаст.
Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида — 29, ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон — 22 ва бастани аҳди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ба таъкиди додситони кулли Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандоне, ки ба синни балоғат нарасидаанд, таҳти назорати пайваста қарор дорад.