https://sputnik.tj/20250320/sobiq-muovin-avangard-amalho-shahvoni-nobolighon-dastgir-1066656657.html
Собиқ муовини “Авангард” барои амалҳои шаҳвонӣ бо ноболиғон дастгир шуд
Собиқ муовини “Авангард” барои амалҳои шаҳвонӣ бо ноболиғон дастгир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ муовини раиси гуруҳи "Авангард", ки аз пуштибонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бархурдор аст бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” дастгир шудааст
2025-03-20T14:41+0500
2025-03-20T14:41+0500
2025-03-20T14:41+0500
дар тоҷикистон
вкд
боздошт
гурӯҳи "авангард"
фаъолон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066656195_0:2:954:539_1920x0_80_0_0_a34afae7cbd85321cdb724e0fa0eb8ff.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз бозошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” хабар дод.Ин ниҳод хабар додааст, ки Додихудо Шарифзода, аз моҳи ноябри соли 2024 то ин ҷониб бо як нафар духтари ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом медодааст.ВКД Қайд кардааст, ки номбурда боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.Пулиси Душанбе хабар додааст, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ парванда оғоз шудааст.Айни замон номбурда дар ҳабс қарор дошта, бо мақсади қабули қарори қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии Суд қарор дорад.Бояд қайд кард, ки Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” буд. Ин созмон солҳои охир озмуни “100 чеҳраи муваффақ”-ро баргузор мекард ва ба мансабдорону варзишгарон, блогерону рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта ҷоиза медод.Ҳамчунин, Додихудо Шарифзода қаблан узв ва муовини роҳбари “Авангард”, як гурӯҳи ҷамъиятие, ки аз сӯйи ВКД пуштибонӣ мешавад, муаррифӣ мешуд. “Авангард” як созмонест, ки расман дар вазорати адлия сабтином нашудааст ва роҳбарони он иддаъо мекарданд, беш аз 22 ҳазор аъзо доранд.“Пешоҳанг” ё “Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.Мардихудо Давлатов, ки худро роҳбари “Авангард” медонад, гуфт, онҳо ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон ҳастанд. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гуруҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд.Ҳамчунин намояндагони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд.Баъд аз баҳсҳои зиёд дар дар атрофи ин гурӯҳ Вазорати корҳои дохилӣ соли 2021 эълон кард, ки онро барҳам медиҳад. Аммо дар фазои интернет ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ аъзоёни “Авангард” то ҳол фаъоланд.
https://sputnik.tj/20250122/khatlon-sadho-ruypushkunii-jinoyat-maqomoti-korhoi-dokhili-oshkor-1065954528.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066656195_0:0:954:717_1920x0_80_0_0_987454d0a96bb73047c32f845e3df4f7.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, авангард, ҷиноят, алоқаи ҷинсӣ, боздошт,додихудо шарифзода, вкд, душанбе
тоҷикистон, авангард, ҷиноят, алоқаи ҷинсӣ, боздошт,додихудо шарифзода, вкд, душанбе
Собиқ муовини “Авангард” барои амалҳои шаҳвонӣ бо ноболиғон дастгир шуд
Собиқ муовини раиси гуруҳи "Авангард", ки аз пуштибонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бархурдор аст бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз бозошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” хабар дод.
“Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, Шарифзода Додихудо сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти марбут ба муқобили озодии ҷинсӣ дастгир карда шуд”, - қайд кардааст ВКД.
Ин ниҳод хабар додааст, ки Додихудо Шарифзода, аз моҳи ноябри соли 2024 то ин ҷониб бо як нафар духтари ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом медодааст.
ВКД Қайд кардааст, ки номбурда боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.
Пулиси Душанбе хабар додааст, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ парванда оғоз шудааст.
Айни замон номбурда дар ҳабс қарор дошта, бо мақсади қабули қарори қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии Суд қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” буд. Ин созмон солҳои охир озмуни “100 чеҳраи муваффақ”-ро баргузор мекард ва ба мансабдорону варзишгарон, блогерону рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта ҷоиза медод.
Ҳамчунин, Додихудо Шарифзода қаблан узв ва муовини роҳбари “Авангард”, як гурӯҳи ҷамъиятие, ки аз сӯйи ВКД пуштибонӣ мешавад, муаррифӣ мешуд. “Авангард” як созмонест, ки расман дар вазорати адлия сабтином нашудааст ва роҳбарони он иддаъо мекарданд, беш аз 22 ҳазор аъзо доранд.
“Пешоҳанг” ё “Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Мардихудо Давлатов, ки худро роҳбари “Авангард” медонад, гуфт, онҳо ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон ҳастанд. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гуруҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.
Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд.
Ҳамчунин намояндагони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд.
Баъд аз баҳсҳои зиёд дар дар атрофи ин гурӯҳ Вазорати корҳои дохилӣ соли 2021 эълон кард, ки онро барҳам медиҳад. Аммо дар фазои интернет ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ аъзоёни “Авангард” то ҳол фаъоланд.