https://sputnik.tj/20240225/vaziri-maorif-tojikiston-kadom-nobolighon-1061833148.html
Вазири маорифи Тоҷикистон фаҳмонд, ки кадом ноболиғон бештар ҷинояткорӣ мекунанд
Вазири маорифи Тоҷикистон фаҳмонд, ки кадом ноболиғон бештар ҷинояткорӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мутмаин аст, ки тағйиру иловаҳои қабулшуда ба қонун дар бораи маориф, барои коҳиши ҷинояткории ноболиғон мусоидат мекунад
2024-02-25T14:04+0500
2024-02-25T14:04+0500
2024-02-25T14:04+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
миёна
ҳатмӣ
қонун
маҷлиси намояндагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057284043_0:0:1801:1014_1920x0_80_0_0_0232a6eb24290a9383b5e0fe0cc80417.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Қариби 70%-и ноболиғоне дар ҷинояткориҳо дар Тоҷикистон даст доранд, онҳое мебошанд, ки дур аз таҳсилу шуғл мондаанд. Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи маориф дар парлумони кишвар баён дошт. Тағйироти мазкур зинаи сеюми таҳсилот ё худ маълумоти миёнаро дар кишвар ҳатмӣ карданд ва вазир муътақид аст, ки он ба суди худи ноболиғон мебошаду ба коҳиши ҷинояткорӣ низ сабаб мешавад. "Масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гирифта мешавад", - гуфт вазир. Вай далел овард, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 474 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайдд гирифта шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо ё худ беш аз 79% онҳое мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.Ҳамакнун дар ҷумҳурӣ баъди қабули тағйирот ба қонун дар бораи маориф аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур, таҳсилоти миёна барои ҳамаи тоҷикистониён ҳатмӣ мешавад. То ҳол таҳсили асосӣ то синфи 9 ҳатмӣ буд. Тибқи тағйироти қабулшуда, минбаъд хатми таҳсил пас аз синфи 9 ғайриимкон аст. Хонанда бояд то синфи 11 таҳсил кунад ё ба коллеҷ ё техникум дохил шавад, муқаррар кардааст қонунгузорӣ.
https://sputnik.tj/20240224/fakultai-mushtaraki-geologii-tojikistonu-rusiya-boz-meshavad-1061814484.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057284043_77:0:1677:1200_1920x0_80_0_0_74ea92adfb90988a0b360ba7dc6030a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷинояткорӣ, ноболиғ, тоҷик, коҳиш, маориф
ҷинояткорӣ, ноболиғ, тоҷик, коҳиш, маориф
Вазири маорифи Тоҷикистон фаҳмонд, ки кадом ноболиғон бештар ҷинояткорӣ мекунанд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мутмаин аст, ки тағйиру иловаҳои қабулшуда ба қонун дар бораи маориф, барои коҳиши ҷинояткории ноболиғон мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Қариби 70%-и ноболиғоне дар ҷинояткориҳо дар Тоҷикистон даст доранд, онҳое мебошанд, ки дур аз таҳсилу шуғл мондаанд.
Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи маориф дар парлумони кишвар баён дошт.
Тағйироти мазкур зинаи сеюми таҳсилот ё худ маълумоти миёнаро дар кишвар ҳатмӣ карданд ва вазир муътақид аст, ки он ба суди худи ноболиғон мебошаду ба коҳиши ҷинояткорӣ низ сабаб мешавад.
"Масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гирифта мешавад", - гуфт вазир.
Вай далел овард, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 474 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайдд гирифта шудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо ё худ беш аз 79% онҳое мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.
Ҳамакнун дар ҷумҳурӣ баъди қабули тағйирот ба қонун дар бораи маориф аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур, таҳсилоти миёна барои ҳамаи тоҷикистониён ҳатмӣ мешавад. То ҳол таҳсили асосӣ то синфи 9 ҳатмӣ буд.
Тибқи тағйироти қабулшуда, минбаъд хатми таҳсил пас аз синфи 9 ғайриимкон аст. Хонанда бояд то синфи 11 таҳсил кунад ё ба коллеҷ ё техникум дохил шавад, муқаррар кардааст қонунгузорӣ.