Беш аз 500 довталаби Тоҷикистон барои таҳсил тариқи квота дар Русия ҳуҷҷат супориданд

© SputnikДень открытых дверей в РТСУ
День открытых дверей в РТСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2025
Обуна шудан
Раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев, хабар дод, ки таи ду ҳафта чӣ қадар дархост барои таҳсил дар асоси квота дар донишгоҳҳои Русия ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аллакай беш аз 500 довталаб аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия тибқи квотаҳо бо маблағгузории ҳукумати Русия ҳуҷҷат супоридаанд.
Дар ин бора, Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар дод.
"Мо ҳар ҳафта сабти ном ва ғайраро назорат мекунем. Айни замон бар асоси маълумоти ин ҳафта мо беш аз 500 дархост дорем", — гуфт ӯ ба ТАСС.
Патрушев ёдовар шуд, ки дархостҳо аз 15 сентябр то 15 декабр қабул мешаванд.
Аммо, раиси Россотрудничество дар Тоҷикистон гуфт, бисёре аз довталабони эҳтимолӣ супоридани дархости квотаашонро то лаҳзаи охирин ба таъхир мегузоранд.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба он далел аст, ки донишҷӯён танҳо наметавонанд дар бораи таҳсил дар донишгоҳ тасмим гиранд. Барои ҳалли ин масъала идораи Россотрудничество тасмим гирифтааст, ки барои хонандагони синфҳои 6-11 чорабиниҳои махсуси роҳнамоии касб гузаронад.

"Аз 6 октябр мо нақша дорем, ки (инҳоро) ба таври мунтазам ба кор андозем. Чорабиниҳо бо истифода аз нармафзор гузаронида мешаванд. Шарикони мо <...> аз як созмони тобеи Вазорати маориф ба платформае, ки дар он имтиҳони роҳнамоии касбӣ барои мактаббачагон дар Русия гузаронида мешавад, дастрасиро фароҳам овардаанд. Мо ин имкониятро комилан ройгон ба ҳамагон дар Тоҷикистон пешниҳод хоҳем кард", - гуфт Патришев.

Раҳбари дафтари Россотрудничество гуфт, ки ин озмоиш аз 6 октябр ҳамарӯза ташкил мешавад ва баъдан дар назар аст, ки ҳар ҳафта баргузор шавад.
Донишҷӯён метавонанд варақаи онлайнро пур кунанд ва сипас аз мутахассисоне, ки аз Русия меоянд, маслиҳат гиранд.
"Дар ниҳоят, система ба шумо нусхаи чопӣ медиҳад, ки дар он сатҳи муайяни рушд параметрҳо, сифатҳо ва салоҳиятҳоро пешниҳод мекунад. Сипас, мутахассис ба шумо тафсир медиҳад, ки шумо ба кадом ихтисос бештар мувофиқед. Система ҳатто рӯйхати барномаҳои омӯзишӣ дар Русияро пешниҳод мекунад, ки барои шумо бештар мувофиқанд", - афзуд ӯ.
Илова бар ин, ҳар рӯзи ҷумъа дар Хонаи русҳо дар Душанбе барои ҳар нафаре, ки хоҳиши дохил шудан ба донишгоҳҳои Русияро доранд, машваратҳо мегузаронад.
Отборочные испытания в рамках квотной кампании Россотрудничества. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2025
Оғози маъракаи қабул барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон
Патрушев ҳамчунин таъкид кард, ки ҳар сокини Тоҷикистон новобаста аз маҳалли зисташ метавонад тибқи квота ба донишгоҳҳои Русия дохил шавад.
"Дар ин ҷо, албатта, ба андешаи ман, кор дар минтақаҳо хеле муҳим аст. <...> Мо кӯшиш мекунем, ки ба ин - паҳн кардани ин маълумот дар байни мактаббачаҳои ноҳияҳои дурдаст таваҷҷӯҳ кунем", - гуфт роҳбари намояндагӣ.

Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон

Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маъмул аст. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия 1000 квота ҷудо шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад.
Ҳоло дар Русия беш аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Ҷумҳурӣ инчунин дорои Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технологияи MISIS ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ мебошад.
Гузашта аз ин, дар як қатор мактабҳои Тоҷикистон таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад.
Дар ҷумҳурӣ бо маблағгузории Русия панҷ мактаб, ки соли 2022 ба истифода дода шуданд, амал мекунанд. Таҳсил дар ин мактабҳо ба забони русӣ сурат гирифта, меъёрҳои Русияро риоя мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0