https://sputnik.tj/20250821/muzd-mehnat-tojikiston-afzoish-1070261124.html
Музди меҳнат дар Тоҷикистон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Музди меҳнат дар Тоҷикистон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Sputnik Тоҷикистон
Музди аз ҳама бештарро мутахассисон метавонанд дар Душанбе ба даст оранд, аммо суръати афзоиши маош дар вилояти Хатлон баландтар аст
2025-08-21T12:56+0500
2025-08-21T12:56+0500
2025-08-21T13:00+0500
дар тоҷикистон
музди меҳнат
маош
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон музди миёнаи коргарон дар минтақаҳои мухталиф афзоиш меёбад. Дар ин бора маълумотҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамин тариқ, музди аз ҳама бештарро мутахассисон метавонанд дар Душанбе ба даст оранд – дар ин ҷо маоши миёнаи коргарон дар як моҳ 3,5 ҳаз. сомониро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди гирифтани ҷойи аввал аз рӯи ҳаҷми маош, суръати афзоиши он дар пойтахт суст аст - дар давоми сол музди кор ҳамагӣ 15,7% зиёд шудааст.Афзоиш дар вилояти Хатлон бештар аст - беш аз 30%. Дар дигар минтақаҳо ҳаҷми миёнаи музди меҳнат чунин аст: Қобили зикр аст, ки маоши кормандони соҳаи маориф дар Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ қариб 500 сомонӣ зиёдтар аст. Маош дар Тоҷикистон баланд шуд: кӣ чанд пул мегирад?Музди миёнаи кормандони соҳаи маориф – 2,4 ҳазор сомонӣ, соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ – 1,9 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва варзиш – 2,3 ҳазор сомонӣ, мақомоти давлатӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ – 2,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музди меҳнат, тоҷикистон, афзоиш
музди меҳнат, тоҷикистон, афзоиш
Музди меҳнат дар Тоҷикистон чӣ гуна афзоиш ёфт?
12:56 21.08.2025 (Навсозишуда: 13:00 21.08.2025) Музди аз ҳама бештарро мутахассисон метавонанд дар Душанбе ба даст оранд, аммо суръати афзоиши маош дар вилояти Хатлон баландтар аст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон музди миёнаи коргарон дар минтақаҳои мухталиф афзоиш меёбад.
Дар ин бора маълумотҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тариқ, музди аз ҳама бештарро мутахассисон метавонанд дар Душанбе ба даст оранд – дар ин ҷо маоши миёнаи коргарон дар як моҳ 3,5 ҳаз. сомониро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди гирифтани ҷойи аввал аз рӯи ҳаҷми маош, суръати афзоиши он дар пойтахт суст аст - дар давоми сол музди кор ҳамагӣ 15,7% зиёд шудааст.
Афзоиш дар вилояти Хатлон бештар аст - беш аз 30%. Дар дигар минтақаҳо ҳаҷми миёнаи музди меҳнат чунин аст:
вилояти Суғд – 2,5 ҳазор сомонӣ (афзоиш 27,7%)
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 2,3 ҳазор сомонӣ (27,45),
НТМ – 2,2 ҳазор сомонӣ (28%),
вилояти Хатлон – 2,1 ҳазор сомонӣ (30,4%).
Қобили зикр аст, ки маоши кормандони
соҳаи маориф дар Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ қариб 500 сомонӣ зиёдтар аст.
Музди миёнаи кормандони соҳаи маориф – 2,4 ҳазор сомонӣ, соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ – 1,9 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва варзиш – 2,3 ҳазор сомонӣ, мақомоти давлатӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ – 2,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат.