Дар Тоҷикистон маоши омӯзгорон аз 1 сентябр 30% зиёд мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаНа уроке в школе в Душанбе. Архивное фото
На уроке в школе в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2025
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои дастгирӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи муаллим қонун дар бораи "мақоми омӯзгор” низ тағйир дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ба андозаи 30% зиёд хоҳад шуд.
Дар ин бора, вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суханронӣ дар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон ёдовар шуд.
Вазир таъкид карда, ки музди омӯзгорон бо дастгирии бевоситаи президент дар самти беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон баланд бардошта мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабри соли 2024 дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон хабар дода буд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран лоиҳаи қонун аз ҷумла, “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, “Дар бораи мақоми омӯзгор”, аз ҷониби маҷлиси ҳукумат маъқул дониста шуд.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи ин қонун, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад.
Кошелек с деньгами, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2025
Маош дар Тоҷикистон баланд шуд: кӣ чанд пул мегирад?
Ёдовар мешавем, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати июни соли равон 2667 сомониро ташкил додааст.
Бино ба додаҳои Вазорати меҳнат, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 24% ё қариби 520 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин маълум шуд, ки маош дар соҳаи маорифи Тоҷикистон нисбат ба тандурустӣ қариби 500 сомонӣ бештар мебошад.
Маоши миёна дар соҳаҳои маориф 2442 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои ичтимой 1952 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ, мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи ичтимой 2276 сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Вазорати меҳнат зимни нишасти матбуотӣ.
Лентаи хабарҳо
0