https://sputnik.tj/20250730/maosh-tojikiston-baland-shud-1069590314.html
Маош дар Тоҷикистон баланд шуд: кӣ чанд пул мегирад?
Маош дар Тоҷикистон баланд шуд: кӣ чанд пул мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Музди миёнаи меҳнат давоми шаш моҳи аввали сол Тоҷикистон, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 24% афзоиш ёфтааст
2025-07-30T13:23+0500
2025-07-30T13:23+0500
2025-07-30T13:23+0500
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
дар тоҷикистон
маош
музди меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833255_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7d36fa31846e6712d3d75b749d3d3f1a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати июни соли равон 2667 сомониро ташкил додааст.Дар ин бора, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.Бино ба иттлои вазир, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 24% ё қариби 520 сомонӣ зиёд мебошад.Музди миёна аз рӯи минтақа чунин аст: Дар баробари ин маълум шуд, ки маош дар соҳаи маорифи Тоҷикистон нисбат ба тандурустӣ қариби 500 сомонӣ бештар мебошад. Маоши миёна дар соҳаҳои маориф 2442 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои ичтимой 1952 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ, мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи ичтимой 2276 сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Вазорати меҳнат зимни нишасти матбуотӣ.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833255_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_488c469edde40db14732c50a3d282a65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, тоҷикистон, баланд
Маош дар Тоҷикистон баланд шуд: кӣ чанд пул мегирад?
Музди миёнаи меҳнат давоми шаш моҳи аввали сол Тоҷикистон, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 24% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати июни соли равон 2667 сомониро ташкил додааст.
Дар ин бора, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Бино ба иттлои вазир, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 24% ё қариби 520 сомонӣ зиёд мебошад.
Музди миёна аз рӯи минтақа чунин аст:
Вилояти Суғд — 2529,4 сомонӣ;
Вилояти Хатлон — 2191,9 сомонӣ;
НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) — 2282,8 сомонӣ.
Дар баробари ин маълум шуд, ки маош дар соҳаи маорифи Тоҷикистон нисбат ба тандурустӣ қариби 500 сомонӣ бештар мебошад.
Маоши миёна дар соҳаҳои маориф 2442 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои ичтимой 1952 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ, мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи ичтимой 2276 сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Вазорати меҳнат зимни нишасти матбуотӣ.