Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ва президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Кохи Кремл гуфт, ҷонибҳо ба ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори сулҳи дарозмуддат дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Тет-а-тет: шакл ва мавзуи асосии мулоқоти Путин ва Трамп маълум шуд

© Sputnik / Iliya Pitalev / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп во время встречи на полях саммита "Группы двадцати" в Осаке
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп во время встречи на полях саммита Группы двадцати в Осаке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Обуна шудан
Ушаков гуфт, музокироти Русия ва ИМА дар Аляска дар шакли субҳонаи корӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Музокироти президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори ИМА Доланд Трамп дар Аляска, аз ҷумла, дар шакли наҳории корӣ сурат мегирад.
Дар ин бора, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дод, гузориш медиҳад РИА Новости.
"Суҳбат (байни президентҳои Русия Владимир Путин ва ИМА Доналд Трамп - шарҳ аз идора) дар формати як ба як сурат мегирад...", - гуфт Ушаков дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ба иттилои Ушаков пас аз мулоқоти як ба яки президентҳо, музокирот дар ҳайатҳо сурат мегирад ва ин музокирот дар як субҳонаи корӣ идома хоҳад ёфт.
Мавзӯи марказии мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА ҳалли бӯҳрони Украина хоҳад буд.

Сафари Уиткофф ба Маскав

Рӯзи 6 август Путин намояндаи ИМА-ро дар Кремл қабул кард; сухбат беш аз се соат давом намуд.
Аз аввали сол ин панҷумин сафари дипломат ба Русия аст. Пештар тавре Ушаков таъкид кард, аз тариқи Уиткофф раҳбарони ду кишвар дар бораи Украина табодули андеша карданд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои стратегии Маскав ва Вашингтон низ баррасӣ шуданд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Замон ва макони мулоқоти таърихии Путин ва Трамп маълум шуд
Трамп баъдан гуфт, ки ҷонибҳо дар мулоқот ба пешрафтҳои бузург ноил шудаанд. Вай музокиротро хеле пурмаҳсул номид ва афзуд, ки қасд дорад дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда барои хотима додан ба низоъ талош кунад.
Маҳз баъди ҳамин мулоқот, Кремл ва Кохи Сафед эълом карданд, ки Путин ва Трамп рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот хоҳанд кард.

Амалиёти вижаи Русия

Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, мулоқоти сарони Русия ва Украина ба музокироти тарафайн нуқта хоҳад гузошт
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0