Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ва президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Кохи Кремл гуфт, ҷонибҳо ба ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори сулҳи дарозмуддат дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Замон ва макони мулоқоти таърихии Путин ва Трамп маълум шуд

© AP / Susan WalshРабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите "Группы двадцати"
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2025
Обуна шудан
Сиёсатшиносон ва коршиносон ҳадс мезаданд, ки мулоқоти кишвардорони ИМА ва Русия ё дар АМА ё дар Туркия баргузор мешавад, вале чунин нашуд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Владимир Путин ва Доналд Трамп 15 август дар Аляска мулоқот мекунанд.
Дар бораи мулоқот, президенти ИМА аввал шуда дар шабакаи иҷтимоии Truth Social хабар дод.
Ёвари президенти Русия Ушаков бошад тасдиқ кард, ки раҳбарон дар охири ҳафтаи оянд дидор мекунанд. Маскав ва Вашингтон рӯзҳои наздикро ба коркарди ҷанбаҳои мулоқот дар Аляска фаъолона мегузаронанд, гуфт Ушаков.
Масъалаи асосии ин мулоқоти таърихӣ, ноил шудан ба ҳалли осоиштаи буҳрони Украина хоҳад буд, афзуд Ушаков.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп во время встречи на полях саммита Группы двадцати в Осаке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Русия ва ИМА дар бораи мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
Аляска бошад макони беҳтарин барои мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА номида шуд. Губернатори Аляска онро макони муносиб барои мулоқоти Трамп ва Путин номид ва қайд кард, ки иёлат омодаи мизбонии ин нишаст аст.
Намояндагони ИМА, Украина ва кишварҳои аврупоӣ тасмим доранд, дар остонаи нишасти Аляска дар Бритониё охири ҳафта як нишаст доир кунанд.

Сафари Уиткофф ба Маскав

Рӯзи чоршанбе Путин намояндаи ИМА-ро дар Кремл қабул кард; сухбат беш аз се соат давом намуд.
Аз аввали сол ин панҷумин сафари дипломат ба Русия аст. Пештар тавре Ушаков таъкид кард, аз тариқи Уиткофф раҳбарони ду кишвар дар бораи Украина табодули андеша карданд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои стратегии Маскав ва Вашингтон низ баррасӣ шуданд.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, мулоқоти сарони Русия ва Украина ба музокироти тарафайн нуқта хоҳад гузошт
Трамп баъдан гуфт, ки ҷонибҳо дар мулоқот ба пешрафтҳои бузург ноил шудаанд. Вай музокиротро хеле пурмаҳсул номид ва афзуд, ки қасд дорад дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда барои хотима додан ба низоъ талош кунад.

Амалиёти вижаи Русия

Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0