Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков гуфт, мулоқоти сарони Русия ва Украина ба музокироти тарафайн нуқта хоҳад гузошт

© Sputnik / POOL / Михаил Терещенко / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Обуна шудан
Мулоқоти кишвардорони Русия ва Украина бояд ба мавзуъи созиши миёни ду кишвар, нуқта гузорад, гуфт сухангӯи президент Дмитрий Песков
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Мулоқоти сарони Русия ва Украина бояд ба музокироти созиш хотима бахшад ва натиҷаҳои кор дар сатҳи коршиносон сабт шавад.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков сухан гуфт, хабар медиҳад РИА Новости.
"Мулоқоти сатҳи олӣ метавонад ва бояд ба ҳалли ниҳоӣ хотима бахшад ва шеваҳо ва тавофуқҳоеро, ки дар ҷараёни кори коршиносӣ таҳия мешаванд, сабт кунад. Баръакси ҳол имконнопазир аст."
Ин буд посухи Песков ба суоли хабарнигорон, ки оё имкони мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский, дар пайи даври сеюми музокирот дар Истанбул воқеияттар шудааст, ё хайр.
Третий раунд переговоров России и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Музокироти ахири Русия ва Украина дар Истанбул чӣ гуна анҷом ёфт?
Ёдрас мешавем, ки яке аз масоили муҳими музокироти даври сеюм ин таҳияи шартҳои созишномаи сулҳ барои мулоқоти Путин ва Зеленский буд.
Ёдрас мешавем, ки ҷонибҳо қаблан дар Истанбул ду мулоқот баргузор карданд. Натиҷаи онҳо табодули асирон буд ва ҷасади низомиёни кушташудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Киев супурда шуд. Русия ва Украина ҳамчунин пешнависи меморандумҳо оид ба ҳалли низоъро ба ҳамдигар супорида буданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равад
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0