Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ва президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Кохи Кремл гуфт, ҷонибҳо ба ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори сулҳи дарозмуддат дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Вазорати дифоъ: Киев барои халалдор кардани мулоқоти Путин ва Трамп иғво омода мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМинистерство обороны РФ
Министерство обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2025
Обуна шудан
Пеш аз саммит Киев метавонад, бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо як минтақаи сераҳолӣ ё бемористонро ҳадаф қарор диҳад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Режими Киев барои халалдор кардани музокироти пешбинишудаи Русияву ИМА дар Аляска иғво омода мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар додааст.

"Бо ин мақсад, рӯзи душанбеи 11 август як гурӯҳ хабарнигорони расонаҳои хориҷиро тавассути мошинҳои Хадамоти амнияти Украина ба шаҳри Чугуеви вилояти Харков, зери пардаи "таҳияи як силсила гузоришҳо дар бораи сокинони ин шаҳр дар манотиқи ҷабҳа" интиқол доданд.

Ҳамлаи иғвогарона бо истифода аз ҳавопаймоҳо ва мушакҳо ба яке аз маҳаллаҳои сераҳолӣ ё бемористон фавран пеш аз нишасти рӯзи ҷумъаи 15 август ба нақша гирифта шудааст.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Замон ва макони мулоқоти таърихии Путин ва Трамп маълум шуд
Интизор меравад, ки шумораи зиёди талафоти ғайринизомиён сабт шавад ва рӯзноманигорони ғарбӣ бояд фавран "қайд кунанд", таъкид кардааст, вазорати дифоъ.
Тамоми масъулият пас аз иғвои Киев барои ҳамла ва талафоти ғайринизомиён ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Русия гузошта мешавад, то заминаи манфии расонаҳо ва шароит барои халалдор кардани ҳамкориҳои Русияву Амрико дар масоили ҳалли низоъ дар Украинаро фароҳам кунад.
Вазорати дифоъ ҳамчунин қайд кард, ки дар дигар манотиқи аҳолинишине, ки таҳти назорати нуқтаҳои режими Киев қарор доранд, иғво имконпазир аст.
Коршинос мавзӯъҳои эҳтимолии мулоқоти Путин ва Трампро номбар кард
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари ИМА Доналд Трамп рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мешавад.
Кремл гуфт, ки ҷонибҳо ба баррасии имконоти ноил шудан ба ҳалли дарозмуддати сулҳи бӯҳрони Украина тамаркуз хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0