https://sputnik.tj/20250807/rusiya-ima-muloqot-putin-tramp-1069807309.html
Русия ва ИМА дар бораи мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
Русия ва ИМА дар бораи мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Макони баргузории вохӯрии раҳбарони ду кишвари абарқудрат мувофиқа шудааст, вале баъдтар эълон хоҳад шуд
2025-08-07T15:50+0500
2025-08-07T15:50+0500
2025-08-14T19:09+0500
дар русия
има
украина
музокирот
музокироти путин ва трамп дар аляска
музокироти путин ва трамп дар аляска
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/53/1029275367_0:343:2703:1863_1920x0_80_0_0_83345bd4c720a2005cab11b5f0668ac9.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Русия ва ИМА дар бораи мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар рӯзҳои наздик ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора, ёвари президент Юрий Ушаков хабар додааст.Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо омодагиҳоро барои баргузории ҳамоиш шурӯъ кардаанд, замони эҳтимолӣ ҳафтаи оянда таъин шудааст, аммо гуфтан душвор аст, ки омодагӣ чанд рӯзро дар бар мегира, менависад РИА Новости.Стивен Уиткофф, фиристодаи вижаи Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе ба идеяи мулоқоти сеҷонибаи президентҳо ва Владимир Зеленский дахл кард, аммо Маскав онро бидуни шарҳ гузошт, гуфт ёвари президент. "Мо пешниҳод мекунем, ки пеш аз ҳама ба мулоқоти дуҷониба бо Трамп тамаркуз кунем ва муҳимтар аз ҳама мулоқоти муваффақ ва пурсамар бошад", - таъкид кард Ушаков. Вай афзуд, ки мулоқоти Путин ва Уиткофф созанда буд, кори минбаъдаи муштарак дар ҳалли бӯҳрони Украина баррасӣ шуд, Русия дӯстону шариконро аз натиҷаҳои он огоҳ мекунад.Сафари Уиткофф ба МаскавРӯзи чоршанбе Путин намояндаи ИМА-ро дар Кремл қабул кард; сухбат беш аз се соат давом намуд. Аз аввали сол ин панҷумин сафари дипломат ба Русия аст. Пештар тавре Ушаков таъкид кард, аз тариқи Уиткофф раҳбарони ду кишвар дар бораи Украина табодули андеша карданд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои стратегии Маскав ва Вашингтон низ баррасӣ шуданд. Трамп баъдан гуфт, ки ҷонибҳо дар мулоқот ба пешрафтҳои бузург ноил шудаанд. Вай музокиротро хеле пурмаҳсул номид ва афзуд, ки қасд дорад дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда барои хотима додан ба низоъ талош кунад.Амалиёти вижаи РусияРусия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Нерӯҳои Русия шаҳри Часов Ярро озод кардандБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250725/muloqot-rusiya-ukraina-nihoi-1069412318.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/53/1029275367_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_043ded256dc204828d5cd8bbd1bcc484.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, путин, трамп
Русия ва ИМА дар бораи мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
15:50 07.08.2025 (Навсозишуда: 19:09 14.08.2025) Макони баргузории вохӯрии раҳбарони ду кишвари абарқудрат мувофиқа шудааст, вале баъдтар эълон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Русия ва ИМА дар бораи мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар рӯзҳои наздик ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора, ёвари президент Юрий Ушаков хабар додааст.
"Бо пешниҳоди ҷониби Амрико дар бораи баргузории як нишасти дуҷониба дар рӯзҳои наздик, яъне мулоқоти президент Владимир Путин ва Доналд Трамп, усулан тавофуқ ҳосил шуд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо омодагиҳоро барои баргузории ҳамоиш шурӯъ кардаанд, замони эҳтимолӣ ҳафтаи оянда таъин шудааст, аммо гуфтан душвор аст, ки омодагӣ чанд рӯзро дар бар мегира, менависад РИА Новости.
Стивен Уиткофф, фиристодаи вижаи Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе ба идеяи мулоқоти сеҷонибаи президентҳо ва Владимир Зеленский дахл кард, аммо Маскав онро бидуни шарҳ гузошт, гуфт ёвари президент.
"Мо пешниҳод мекунем, ки пеш аз ҳама ба мулоқоти дуҷониба бо Трамп тамаркуз кунем ва муҳимтар аз ҳама мулоқоти муваффақ ва пурсамар бошад", - таъкид кард Ушаков.
Вай афзуд, ки мулоқоти Путин ва Уиткофф созанда буд, кори минбаъдаи муштарак дар ҳалли бӯҳрони Украина баррасӣ шуд, Русия дӯстону шариконро аз натиҷаҳои он огоҳ мекунад.
Рӯзи чоршанбе Путин намояндаи ИМА-ро дар Кремл қабул кард; сухбат беш аз се соат давом намуд.
Аз аввали сол ин панҷумин сафари дипломат ба Русия аст. Пештар тавре Ушаков таъкид кард, аз тариқи Уиткофф раҳбарони ду кишвар дар бораи Украина табодули андеша карданд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои стратегии Маскав ва Вашингтон низ баррасӣ шуданд.
Трамп баъдан гуфт, ки ҷонибҳо дар мулоқот ба пешрафтҳои бузург ноил шудаанд. Вай музокиротро хеле пурмаҳсул номид ва афзуд, ки қасд дорад дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда барои хотима додан ба низоъ талош кунад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.