https://sputnik.tj/20250731/rusiya-chasov-yar-ozod-1069627246.html
Нерӯҳои Русия шаҳри Часов Ярро озод карданд
Нерӯҳои Русия шаҳри Часов Ярро озод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Русия яке аз минтақаҳои муҳим дар Ҷумҳурии мардумии Донетскро аз дасти низомиёни Украина озод карданд
2025-07-31T16:26+0500
2025-07-31T16:26+0500
2025-07-31T16:32+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
амалиёти вижа
озод кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1f/1069618223_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_f4962c99b48ec08f6569fc2d6fa5c68c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳри Часов Ярро таҳти назорат гирифтанд, хабар дод Вазорати дифои Русия.Нерӯҳои мусаллаҳи Русия баҳори соли 2024 ба шаҳр наздик шуда буданд ва инак онро озод карданд.Ин чӣ гуна шаҳр аст?Шуғли асосии аҳолии шаҳр, кор дар заводҳо буд. Корхонаи калонтарин заводи истеҳсоли гилҳои ба оташ тобовар мебошад.Корхона ба истеҳкоми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина табдил ёфт ва дар рафти ҷанг тахриб гардид.Ҳуҷум ба Часов Яр аз рӯи се омил душвор буд, ки яке аз омилҳои асосӣ релйефи минтақа мебошад.Часов Яр дар баландие воқеъ аст, ки гирдогирди он маҷрои дарёҳо, дараҳо, ҳавзҳо ва конҳо ҷойгиранд. Ду омили дигар мавқеъи мустаҳкамшуда ва хоҳиши афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои нигоҳ доштани шаҳр то охирин украинӣ буд, бо фаромӯшӣ аз сабақҳои "саргузашти Курск"-и Зеленский дар соли 2024, ки пайваста нерӯи зиндаро талаб мекард. Чаро Часов Яр ин қадар муҳим аст? Далели он, ки шаҳр дар баландиҳо ҷойгир аст, ду нақш дошт. Чунончӣ, солҳои 2022-2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз онҷо Артемовск (Бахмут)-ро бомбборон мекарданд. Ва акнун нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз онҷо то ҳадафҳои дар Славянск ва Краматорск ҷойгирбуда хоҳанд расид. Ва на танҳо бо артиллерия, балки инчунин бо паҳподҳо, ки барояшон фиристанда барои васеъ намудани доираи парвозашон гузошта мешаванд. Ғайр аз ин Часов Яр истеҳкоми муҳими соҳили канали "Северский Донетс — Донбасс" мегардад. Озод кардани Часов Яр ба артиши Русия на танҳо имкон медиҳад, ки аз ду ҷониб дар набардҳо барои Константиновка ширкат кунад, балки ба таври муассир оғози набардҳо барои ишғоли “истеҳкоми”-и асосии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс – Краматорск ва Славянск хоҳад буд.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равадБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250730/matvienko-munoqisha-ukraina-1069600131.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1f/1069618223_237:0:2485:1686_1920x0_80_0_0_0fd93a403ef34c89aab480fd0078412f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯҳо, русия, часов яр, озод
нерӯҳо, русия, часов яр, озод
Нерӯҳои Русия шаҳри Часов Ярро озод карданд
16:26 31.07.2025 (Навсозишуда: 16:32 31.07.2025) Нерӯҳои Русия яке аз минтақаҳои муҳим дар Ҷумҳурии мардумии Донетскро аз дасти низомиёни Украина озод карданд
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳри Часов Ярро таҳти назорат гирифтанд, хабар дод Вазорати дифои Русия.
"Дар натиҷаи амалиёти ҳамлаи гурӯҳи нерӯҳои ҷанубӣ дар самти Краматорск-Дружковка шаҳри Часов Яр дар Ҷумҳурии мардумии Донетск озод карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия баҳори соли 2024 ба шаҳр наздик шуда буданд ва инак онро озод карданд.
Шуғли асосии аҳолии шаҳр, кор дар заводҳо буд. Корхонаи калонтарин заводи истеҳсоли гилҳои ба оташ тобовар мебошад.
Корхона ба истеҳкоми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина табдил ёфт ва дар рафти ҷанг тахриб гардид.
Ҳуҷум ба Часов Яр аз рӯи се омил душвор буд, ки яке аз омилҳои асосӣ релйефи минтақа мебошад.
Часов Яр дар баландие воқеъ аст, ки гирдогирди он маҷрои дарёҳо, дараҳо, ҳавзҳо ва конҳо ҷойгиранд.
Ду омили дигар мавқеъи мустаҳкамшуда ва хоҳиши афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои нигоҳ доштани шаҳр то охирин украинӣ буд, бо фаромӯшӣ аз сабақҳои "саргузашти Курск"-и Зеленский дар соли 2024, ки пайваста нерӯи зиндаро талаб мекард.
Чаро Часов Яр ин қадар муҳим аст?
Далели он, ки шаҳр дар баландиҳо ҷойгир аст, ду нақш дошт. Чунончӣ, солҳои 2022-2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз онҷо Артемовск (Бахмут)-ро бомбборон мекарданд. Ва акнун нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз онҷо то ҳадафҳои дар Славянск ва Краматорск ҷойгирбуда хоҳанд расид. Ва на танҳо бо артиллерия, балки инчунин бо паҳподҳо, ки барояшон фиристанда барои васеъ намудани доираи парвозашон гузошта мешаванд.
Ғайр аз ин Часов Яр истеҳкоми муҳими соҳили канали "Северский Донетс — Донбасс" мегардад. Озод кардани Часов Яр ба артиши Русия на танҳо имкон медиҳад, ки аз ду ҷониб дар набардҳо барои Константиновка ширкат кунад, балки ба таври муассир оғози набардҳо барои ишғоли “истеҳкоми”-и асосии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс – Краматорск ва Славянск хоҳад буд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.