Усулҳои нави ташхис ва мудели намунавии кумак: Вазорати тандурустӣ дар 6 моҳ чӣ кор кард?

© Foto / Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики ТаджикистанМинистр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2025
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, табибони тоҷик феълан аз мудели намунавии ёрии аввалия истифода мекунанду усулҳои нави ташхису табобатро ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурутсӣ гузориш медиҳад.

Аз навгониҳои ташхис то мудели намунавии кумак

Бино ба гузориши Вазорат мудели намунавии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ то имрӯз дар Маркази саломатии ноҳияи Данғара, Душанбе ва вилояти Суғд оғоз гардидааст.
Дар давоми шаша моҳ дар соҳа 39 навгониҳо, аз ҷумла дар 7 навигарӣ дар самти ташхис ва 32 усули ҷадид дар самти табобат дар амал ҷорӣ гаштаанд.
Ҳамчунин, дар давраи сипаригашта аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 30 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, 115 муассисаи тандурустӣ таъмир гардиданд,
Вазорат марги як нафар ва сӯзонидани 10 гов дар Хуросонро шарҳ дод
Дар ин муддат 192 мутахассис дар муассисаҳои хориҷ аз курсҳои омӯзишӣ гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 5 нафар зиёд мебошад.

Супоришҳои вазир ба масъулин

Абдуллозода барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ ба масъулон супоришҳои қатъӣ додааст.
Встреча Эмомали Рахмона с руководством и активом Горно-Бадахшанской автономной области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Президент аз вазирони маорифу тандурустӣ хост, камбудии як ноҳияи ВМКБ-ро ҳал кунанд
Ҳамчунин зимни натиҷагирӣ як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таъминоти кадрӣ, баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисон, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва пешгирии фавти модару кӯдак баррасӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0