https://sputnik.tj/20250627/prezident-vaziron-maorif-tandurust-kambud-nohiya-vmkb-hal-kunand-1068498584.html
Президент аз вазирони маорифу тандурустӣ хост, камбудии як ноҳияи ВМКБ-ро ҳал кунанд
Президент аз вазирони маорифу тандурустӣ хост, камбудии як ноҳияи ВМКБ-ро ҳал кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз вазири тандурустӣ талаб кард, аз пайи сохтмони муассисаҳои бештари тиббӣ шавад ва онҳоро бо таҷҳизоти муосир таъмин кунад 27.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-27T18:30+0500
2025-06-27T18:30+0500
2025-06-27T18:30+0500
дар тоҷикистон
шуғнон
эмомалӣ раҳмон
маориф
тандурустӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1b/1068497549_191:91:1828:1012_1920x0_80_0_0_2a531eded5c03a5f43024b3f944fbdf3.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки феълан дар ВМКБ қарор дорад, аз ноҳияи Шуғнон боздид карда, бо шарту шароити мардум шинос шуда, ба фаъолону мақомдорони ноҳия суҳбат орост.Бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро норасоии табибон, кам будани муассисаҳои тандурустӣ ва таҷҳизоти тиббӣ нигарон кард.Бинобар ин президнт ба вазири тандурустӣ супорш дод, ки аз пайи ислоҳи вазъ шавад.Дар идома президнт аз коҳиши маргу мири модар кӯдак дар ноҳия гуфта, зикр намуд, ки фавти кӯдакони то як сола ба сифр расида, фавти модарон дар қиёс ба соли 1990 беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст.Дар идома, президнт аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз 32 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба ноҳия фиристода шудаанд, танҳо 13 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд, ки ҳамагӣ 41% ташкил медиҳад.Бинобар ин, ӯ ба Вазорати маориф супориш дод, ки омӯзгорони ҷавонро бештар ба кор ҷалб кунанд ва онҳоро бо шароити мусоиди кору зиндагӣ таъмин кунанд.Ба таъкиди президент, ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 5 муассисаи таълимии таъмирталаб ва 18 муассисаи таълимии садамавӣ мавҷуд мебошад, ки ин ҳолат ба сифати таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Роҳбари давлат Вазорати маорифро вазифадор намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ бояд чораҳои иловагӣ андешанд.Маврид ба зикр аст, ки президент имсол ҷашни Ваҳдати миллиро ҳамроҳ бо сокинони ВМКБ таҷлил мекунад. Ҳадаф аз сафари ӯ ба ин вилоят низ иштирок дар тантанаҳои идона, шинос шудан бо шароити мардум ва ифтитоҳ кардани иншоотҳои муҳим арзёбӣ карда шуд.
https://sputnik.tj/20250627/rahmon-sebzor-istifoda-dod-1068471543.html
шуғнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1b/1068497549_219:56:1776:1224_1920x0_80_0_0_743faa07f38446e55e1b4a56d387d8c6.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, шуғнон, эмомалӣ раҳмон, маориф, тандурустӣ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, шуғнон, эмомалӣ раҳмон, маориф, тандурустӣ, иҷтимоъ
Президент аз вазирони маорифу тандурустӣ хост, камбудии як ноҳияи ВМКБ-ро ҳал кунанд
Аз вазири тандурустӣ талаб кард, аз пайи сохтмони муассисаҳои бештари тиббӣ шавад ва онҳоро бо таҷҳизоти муосир таъмин кунад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки феълан дар ВМКБ қарор дорад, аз ноҳияи Шуғнон боздид карда, бо шарту шароити мардум шинос шуда, ба фаъолону мақомдорони ноҳия суҳбат орост.
Бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро норасоии табибон, кам будани муассисаҳои тандурустӣ ва таҷҳизоти тиббӣ нигарон кард.
Бинобар ин президнт ба вазири тандурустӣ супорш дод, ки аз пайи ислоҳи вазъ шавад.
Дар идома президнт аз коҳиши маргу мири модар кӯдак дар ноҳия гуфта, зикр намуд, ки фавти кӯдакони то як сола ба сифр расида, фавти модарон дар қиёс ба соли 1990 беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст.
Дар идома, президнт аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз 32 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба ноҳия фиристода шудаанд, танҳо 13 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд, ки ҳамагӣ 41% ташкил медиҳад.
Бинобар ин, ӯ ба Вазорати маориф супориш дод, ки омӯзгорони ҷавонро бештар ба кор ҷалб кунанд ва онҳоро бо шароити мусоиди кору зиндагӣ таъмин кунанд.
Ба таъкиди президент, ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 5 муассисаи таълимии таъмирталаб ва 18 муассисаи таълимии садамавӣ мавҷуд мебошад, ки ин ҳолат ба сифати таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад.
Роҳбари давлат Вазорати маорифро вазифадор намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ бояд чораҳои иловагӣ андешанд.
Маврид ба зикр аст, ки президент имсол ҷашни Ваҳдати миллиро ҳамроҳ бо сокинони ВМКБ таҷлил мекунад. Ҳадаф аз сафари ӯ ба ин вилоят низ иштирок дар тантанаҳои идона, шинос шудан бо шароити мардум ва ифтитоҳ кардани иншоотҳои муҳим арзёбӣ карда шуд.