https://sputnik.tj/20250710/marg-yak-nafar-dar-khuroson-wazorat-tandurusti-1068843239.html
Вазорат марги як нафар ва сӯзонидани 10 гов дар Хуросонро шарҳ дод
Вазорат марги як нафар ва сӯзонидани 10 гов дар Хуросонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хурӯҷи бемории сӯхтаниро дар Хуросон тасдиқ кард, вале марги сокини ноҳияро ба дигар беморӣ рабт дод
2025-07-10T18:02+0500
2025-07-10T18:02+0500
2025-07-17T12:26+0500
вазорати тандурустии ҷт
бемор
беморхона
марги нобаҳангом
тандурустӣ
дар тоҷикистон
хуросон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046450089_0:0:3255:1830_1920x0_80_0_0_8766f5376a3e620332cab165ad2a2c47.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қазияи марги як сокини деҳаи Сарбандро шарҳ дод.Ба иттилои хадамоти матбуотии вазорат, сокини деҳаи Сарбанд Қамариддин Раҳимов, ки рӯзи 9 июни соли 2025 дар беморхонаи марказии ин ноҳия фавтид, гирифтори бемории сирози ҷигар буда, тайи чанд сол зери назорати табибон қарор дошааст.Вале, дар ҳамин ҳол, Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Хуросон як ҳолати сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт гардидаст, ки се нафар дар Беморхонаи сироятии ноҳия бистарӣ шуда, баъди табобат ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.Вазорати тандурустӣ яке аз мушкилоти аслии тибби Тоҷикистонро ном бурд: видеоХабару овозаҳои паҳншуда дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сӯзонидани 10 гов низ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон асоси воқеӣ надоранд, омадааст дар хабарнома.Манбаъ таъкид кардааст, ки тибқи таҳлилҳо дар қаламрави кишвар эҳтимолияти бештари сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ моҳҳои май ва октябр вуҷуд дорад, зеро дар ин давра чорво бештар дар чарогоҳҳо мебошад. Вале, дар сурати саривақт муроҷиат кардан ба табибон, бемории мазкур табобатшаванда буда, эҳтимолияти фавт аз ин беморӣ дар кишвар паст аст, зеро он ба пуст сироят карда, наметавонад сабаби марг гардад.
хуросон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046450089_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_368a0ba845945c226e24177e52d6e3df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хурӯҷ, беморӣ, сӯхтанӣ, хуросон
хурӯҷ, беморӣ, сӯхтанӣ, хуросон
Вазорат марги як нафар ва сӯзонидани 10 гов дар Хуросонро шарҳ дод
18:02 10.07.2025 (Навсозишуда: 12:26 17.07.2025) Вазорати тандурустии Тоҷикистон хурӯҷи бемории сӯхтаниро дар Хуросон тасдиқ намуд, вале марги сокини ноҳияро ба дигар беморӣ рабт доду, сӯзонидани 10 говро умуман рад намуд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қазияи марги як сокини деҳаи Сарбандро шарҳ дод.
Ба иттилои хадамоти матбуотии вазорат, сокини деҳаи Сарбанд Қамариддин Раҳимов, ки рӯзи 9 июни соли 2025 дар беморхонаи марказии ин ноҳия фавтид, гирифтори бемории сирози ҷигар буда, тайи чанд сол зери назорати табибон қарор дошааст.
"Раҳимов на аз бемории сӯхтанӣ, балки аз бемории сирози ҷигар фавтидааст, ки маълумоти мазкурро ташхисҳои Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоят аз 11 ва 13 июни соли 2025 тасдиқ мекунад", - омадааст дар шарҳи вазорат.
Вале, дар ҳамин ҳол, Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Хуросон як ҳолати сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт гардидаст, ки се нафар дар Беморхонаи сироятии ноҳия бистарӣ шуда, баъди табобат ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.
Хабару овозаҳои паҳншуда дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сӯзонидани 10 гов низ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон асоси воқеӣ надоранд, омадааст дар хабарнома.
Манбаъ таъкид кардааст, ки тибқи таҳлилҳо дар қаламрави кишвар эҳтимолияти бештари сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ моҳҳои май ва октябр вуҷуд дорад, зеро дар ин давра чорво бештар дар чарогоҳҳо мебошад.
Вале, дар сурати саривақт муроҷиат кардан ба табибон, бемории мазкур табобатшаванда буда, эҳтимолияти фавт аз ин беморӣ дар кишвар паст аст, зеро он ба пуст сироят карда, наметавонад сабаби марг гардад.