Небензя: Ҷаҳон пас аз ҳамлаи ИМА ба Эрон метавонад дар остонаи фалокати ҳастаӣ қарор гирад

© Foto / МИД РоссииПостоянный представитель РФ при ООН Василий Небензя на заседании Совета Безопасности ООН в штаб-квартире ООН в Нью-Йорке.
Постоянный представитель РФ при ООН Василий Небензя на заседании Совета Безопасности ООН в штаб-квартире ООН в Нью-Йорке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2025
Обуна шудан
Низоъ дар Ховари Миёна барои тамоми низоми амнияти байналмилалӣ оқибатҳои пешгӯинашаванда дорад, гуфт намояндаи доимии Русия дар СММ
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тамоми ҷахон бе паст кардани шиддати вазъият дар Шарқи Наздик имкон аст дар остонаи фалокати ҳастаӣ қарор гирад.
Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ дар нишасти изтирории Шӯрои амнияти ин созмон, ки дар робита ба ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон даъват шуд, изҳор дошт.
"Агар авҷ гирифтани шиддат боздошта нашавад, Ховари Миёна дар остонаи муноқишаи васеъмиқёс бо оқибатҳои пешгӯинашаванда барои тамоми низоми амнияти байналмилалӣ мегардад ва тамоми ҷаҳон метавонад дар остонаи фалокати ҳастаӣ қарор гирад",- гуфт Небензя зимни нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал.
Вай афзуд, Русия хостори қатъи фаврии амалҳои таҷовузкоронаи Исроил ва Амрико, худдорӣ аз ҳама ҷонибҳо ва баргардонидани вазъ ба чаҳорчӯби дипломатияи байналмилалӣ ва раванди музокирот аст.
Небензя таъкид кард, ки Теҳрон аз ҳаққи қонунии худ барои таҳияи барномаи сулҳомези ҳастаӣ дар чаҳорчӯби Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад. ИМА бо зарбаҳои худ кӯшишҳои чандинсолаи дипломатиро комилан аз байн бурд
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2025
Тоҷикистон ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Намояндаи доимии Русия дар ин созмон ҳамчунин қайд кард, ки Кохи Сафед "ба таври возеҳ имрӯз ба дипломатия ниёз надорад".
Вашингтон ба гуфти ӯ бори дигар беэътиноии комили худро ба қонунҳои байналмилалӣ нишон дод.
Ба гуфти вай, Амрико на танҳо нуфузи МАГАТЭ-ро паст мезананд, балки асоси ҳамкории байналхалқиро дар ин соҳа вайрон мекунанд.
Шаби 22 июн ИМА ба се иншооти ҳастаии Эрон дар Натанз, Фордо ва Исфаҳон зарба зад. Ба гуфтаи Вошингтон, ин ҳамла ба манзури несту нобуд ё ба таври ҷиддӣ заиф кардани барномаи ҳастаии Эрон тарҳрезӣ шудааст.
Ба гуфтаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Теҳрон бояд розӣ шавад, ки "ин ҷангро хотима диҳад" вагарна бо паёмадҳои хеле ҷиддитаре рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, пас аз ин ҳамлаҳо, ки Эрон онҳоро ваҳшиёна ва ҷиноӣ номид, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷанг нест.
Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, "дари дипломатия бояд ҳамеша боз бошад, аммо ҳоло... ин тавр нест". Маҳз ИМА, гуфт ӯ, ба дипломатия хиёнат кард. Эрон барои ҳифзи амният ва манофеи ин кишвар тамоми чораҳоро меандешад, афзуд вай.
Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ки рушди саноеъи ҳастаии Эрон манъ нахоҳад шуд.
Ҳамлаи ИМА дар сатҳи байналмилалӣ вокуниши манфӣ ба бор овард. Аз ҷумла Тоҷикистон ҳамалоти ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард ва аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронӣ кард.
Иранский катер Революционной гвардии и нефтяной танкер в Ормузском проливе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2025
Порлумони Эрон дар бораи бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз тасмим гирифт
Душанбе аз СММ ва МАГАТЭ даъват кард, ки ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа чораҳои фаврии қатъи андешанд.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамлаҳои ИМА-ро авҷгирии хатарнок дар минтақа ва таҳдиди мустақим ба сулҳу амнияти байналмилалӣ номид.
Русия ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эронро шадидан маҳкум кард - онҳо қонунҳои байналмилалӣ, Оинномаи СММ ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ-ро дағалона нақз мекунанд.
Маскав аз МАГАТЭ вокуниши софдилона ба рӯйдодҳоро интизор аст. Амалиёти ШМА-ро Куба ва Чин низ сахт махкум карданд.
Лентаи хабарҳо
0