https://sputnik.tj/20250623/tojikiston-hamla-ima-isroil-inshooti-hastai-eronro-mahkum-1068369556.html
Тоҷикистон ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Тоҷикистон ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст.
2025-06-23T09:33+0500
2025-06-23T09:33+0500
2025-06-23T09:59+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
эрон
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_ce557fde1ac38ce082425f128aeb9d6d.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъиян маҳкум намуд.Дар ин бора дар изҳороти ВКХ, ки шоми 22 июн нашр шуд, таъкид мешавад.Ин ниҳод аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад.Ҷониби Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст.Ҳамзамони зикр шудааст, ки ҷумҳурӣ аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ мекунад.Шаби 22 июн ИМА ба се иншооти ҳастаии Эрон дар Натанз, Фордо ва Исфаҳон зарба зад. Ин ҳамла, ба гуфтаи Вошингтон, ба хотири несту нобуд ё ба таври ҷиддӣ заиф кардани барномаи ҳастаии Эрон тарҳрезӣ шудааст. Ба гуфтаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Теҳрон бояд розӣ шавад, ки "ин ҷангро хотима диҳад" вагарна Эрон ба паёмадҳои хеле ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, пас аз ин ҳамлаҳо, ки Эрон онҳоро ваҳшиёна ва ҷиноӣ номид, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷанг нест. Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, "дари дипломатия бояд ҳамеша боз бошад, аммо ҳоло... ин тавр нест". Ба гуфтаи ӯ, маҳз Иёлоти Муттаҳида ба дипломатия хиёнат кард. Эрон барои ҳифзи амният ва манофеи ин кишвар тамоми чораҳоро меандешад, гуфт ӯ.Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ки рушди саноеъи ҳастаии Эрон монеъ нахоҳад шуд. Ҳамлаи ИМА дар сатҳи байналмилалӣ вокуниши манфӣ ба бор овард.
https://sputnik.tj/20250622/porlumon-eron-bastan-gulugoh-hurmuz-tasmim-1068362526.html
эрон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_f1aa1d81cddeb907f1fa28bd5f5c2ba5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ҳамла има исроил эронро маҳкум
тоҷикистон ҳамла има исроил эронро маҳкум
Тоҷикистон ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
09:33 23.06.2025 (Навсозишуда: 09:59 23.06.2025) Ҷониби Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст.
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъиян маҳкум намуд.
Дар ин бора дар изҳороти ВКХ, ки шоми 22 июн нашр шуд, таъкид мешавад.
Ин ниҳод аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалӣ оид ба энержии ҳастаӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа даъват ба амал меорад",- омадааст дар изҳорот.
Ҷониби Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст.
Ҳамзамони зикр шудааст, ки ҷумҳурӣ аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ мекунад.
Шаби 22 июн ИМА ба се иншооти ҳастаии Эрон дар Натанз, Фордо ва Исфаҳон зарба зад. Ин ҳамла, ба гуфтаи Вошингтон, ба хотири несту нобуд ё ба таври ҷиддӣ заиф кардани барномаи ҳастаии Эрон тарҳрезӣ шудааст.
Ба гуфтаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Теҳрон бояд розӣ шавад, ки "ин ҷангро хотима диҳад" вагарна Эрон ба паёмадҳои хеле ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, пас аз ин ҳамлаҳо, ки Эрон онҳоро ваҳшиёна ва ҷиноӣ номид, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷанг нест.
Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, "дари дипломатия бояд ҳамеша боз бошад, аммо ҳоло... ин тавр нест".
Ба гуфтаи ӯ, маҳз Иёлоти Муттаҳида ба дипломатия хиёнат кард. Эрон барои ҳифзи амният ва манофеи ин кишвар тамоми чораҳоро меандешад, гуфт ӯ.
Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ки рушди саноеъи ҳастаии Эрон монеъ нахоҳад шуд. Ҳамлаи ИМА дар сатҳи байналмилалӣ вокуниши манфӣ ба бор овард.