Мактаби сохтмонаш нотамом дар рустои Суғдро муҳоҷирони меҳнатӣ ба анҷом мерасонанд – видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Сохтмони мактабе дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич, ки бо мушкили молӣ ҳашт сол боз нотамом монда буд, бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ ба анҷом мерасад
Ҳудуди якуним ҳазор муҳоҷири ин деҳаи Суғд, ки умдатан дар шаҳри Москваи Русия кору фаъолият мекунанд, барои сохтмони ин мактаб як фонди хайриявӣ ташкил намуда ҳар кадом аз рӯи имкону тавони худ маблағгузорӣ мекунад.
Хушрӯз Маҳмадёров, муҳоҷир ва яке аз маъмурони “Фонди хайриявии Далёни боло” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то имрӯз аз ҳисоби хазинаи ҷамъшудаи гурӯҳ, ки он саҳми муҳоҷирони маорифпарвар мебошад, барои бунёди мактаб ба андозаи 200 ҳазор сомонӣ маблағ ва масолеҳи бинокорӣ равона карда шудааст.
“Мақсад аз таъсиси ин фонди хайриявӣ саҳмгузорӣ дар корҳои ободии диёрамон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва инчунин дастгирии беморону бечорагон аст, ки онҳо ҳама хоҳарону бародарони мо мебошанд” – зикр кард, Маҳмадёров.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич сафар кард ва ҷараёни сохтмони мактабро ба навор гирифт.
Муҳоҷирони як деҳаи дурдасти Суғд дар зодгоҳашон мактаб месозанд: Акс
Ҳазратқул Мирҷумаев, яке аз аъзоёни комиссияи сохтмони мактаби нав дар деҳаи Далёни боло гуфт, ҳоло 90 % и корҳои бинокорӣ ба иҷро расонида шуда, танҳо рангуборкунии дохилу беруни синфхонаҳо боқӣ мондааст.
“Мактаб аз 20 синфхонаи хурду бузург иборат буда, имкон дорад дар ду басти таҳсил беш аз 640 толибилм фаро гирифта шавад. Мо омода ҳастем, ки мактаби нав дар моҳи сентябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Барои ин хуб мебуд, ки моро аз ҳукумати ноҳия ва вилоят дастгирӣ кунанд” – иброз кард, Мирҷумаев.
Бозор Мирҷумаев, яке дигар аз аъзоёни комиссияи сохтмони мактаб дар Далёни боло гуфт, сохтмони мактаби нав аз тариқи ҳашари дастаҷамъии сокинон сурат гирифта, дар ин росто саҳми муҳоҷирони кории Русия басо бузург аст. Ин ҳамсуҳбати мо таъкид кард, саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ин рустои Суғд назаррас аст.
Маълум шуд мактаббачагон кай ба таътили тобистона мераванд
“Муҳоҷирони меҳнати на танҳо барои бунёди мактаб, барои кашидани хати оби нушокӣ, ҷиҳати обёрии заминҳои кишт ва кофтани чоҳи амудӣ( скаваж) барои ободии бемористон, барқароркунии боғи фароғатӣ, барои таъмири роҳу купрукҳои мошингузари деҳа маблағгузорӣ кардаанд. Мо пирони диёр аз муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори миннатдорӣ мекунем, Худо ҳифзашон кунад” – зикр кард, Мирҷумаев.
Деҳаи Далёни боло яке аз калонтарини деҳаҳои ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад, ки дар он беш аз 11 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Камбуди мактаб яке аз умдатарин мушкили иҷтимоии ин деҳа маҳсуб мешавад.
Алҳол дар ин деҳаи сернуфузи Суғд се мактаб: МТМУ №8, №49 ва Гимназияи № 3 амал мекунад, ки ҳар кадоми он дар марказ дар қисмати шарқии деҳа ҷойгир шудаанд.
Аз қисмати ғарбӣ то расидан ба маркази деҳа роҳ тӯлонӣ мебошад ва аз сабаби набудани мактаб дар маҳаллаҳои навбунёди боло, хонандагон азият мекашанд, махсусан дар фасли сармо ва дар ҳолати яхбандии роҳҳо.
Мактаби Пушкин дар Душанбе тахриб мешавад: ба ҷояш чӣ месозанд? - видео
Сокинону муҳоҷирони деҳаи Далёни боло азм доранд, ки ин мактаби навбунёд моҳи сентябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва як мушкили кӯҳнаи деҳа бартараф шавад.
Лентаи хабарҳо
0