https://sputnik.tj/20250610/maktabbachagon-tatili-tobistona-1068002079.html
Маълум шуд мактаббачагон кай ба таътили тобистона мераванд
Маълум шуд мактаббачагон кай ба таътили тобистона мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф хабар додааст, ки аз 12 июн то 4 август кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд
2025-06-10T09:36+0500
2025-06-10T09:36+0500
2025-06-10T09:36+0500
дар тоҷикистон
маориф
таътил
тобистон
мактаб
мактаббачагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/19/1029081933_494:278:3000:1687_1920x0_80_0_0_a16cbd8b3cceb7cb1b814aab9c5aec14.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 июн то 4 август зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд.Дар ин бора сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.Ба иттилои манбаъ, бо мақсади босамар гузаронидани таътили тобистона барои кӯдакону наврасони пойтахт 50 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад.Аз ҷумла, дар 46 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва "Зимчуруд"-и ноҳияи Шоҳмансур кӯдакону наврасон истироҳат мекунанд.Ба иттилои манбаъ, дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин шуда, дар онҳо чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, ташкил карда мешаванд.Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки нагузоранд кӯдакон - хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё телефонҳои мобилӣ гузаронанд.“Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд”, - қайд кардааст вазорати маориф.
https://sputnik.tj/20250609/qabuli-khonandagon-sinfi-yakum-tojikiston-oghoz-1067969547.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/19/1029081933_200:0:2867:2000_1920x0_80_0_0_d0ee731a2e065a2626842b444bd77335.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати маориф, мактаб, таътили тобистона, пойтахт
тоҷикистон, вазорати маориф, мактаб, таътили тобистона, пойтахт
Маълум шуд мактаббачагон кай ба таътили тобистона мераванд
Вазорати маориф хабар додааст, ки аз 12 июн то 4 август кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 июн то 4 август зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади босамар гузаронидани таътили тобистона барои кӯдакону наврасони пойтахт 50 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад.
Аз ҷумла, дар 46 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва "Зимчуруд"-и ноҳияи Шоҳмансур кӯдакону наврасон истироҳат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин шуда, дар онҳо чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, ташкил карда мешаванд.
Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки нагузоранд кӯдакон - хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё телефонҳои мобилӣ гузаронанд.
“Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд”, - қайд кардааст вазорати маориф.