https://sputnik.tj/20250521/muhojironi-sughd-zodgohamaktab-mesozand-1067421703.html
Муҳоҷирони як деҳаи дурдасти Суғд дар зодгоҳашон мактаб месозанд: Акс
Муҳоҷирони як деҳаи дурдасти Суғд дар зодгоҳашон мактаб месозанд: Акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич бо он, ки камбуди мактаб аз мушкилоти умдаи иҷтимоист, бо аз азму талоши муҳоҷирони кории Русия мактаби нав сохта мешавад
2025-05-21T19:59+0500
2025-05-21T19:59+0500
2025-05-22T13:19+0500
дар тоҷикистон
деваштич
суғд
сохтмон
мактаб
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_352:165:1024:543_1920x0_80_0_0_f69942f195197246d917c0b35a44308a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Азбаски барои мактаби бунёдшаванда дар ин деҳа на аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва на суи ҳукумати вилояти Суғд маблағгузорӣ сурат нагирифтааст, сохтмони мактаб ҳам ҳашт сол боз тӯл кашидааст.Ҳазратқул Муртазоев, яке аз ташаббускорон дар деҳаи Далёни боло зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмони мактаби нав аз соли 2017 оғоз шуда, то имрӯз ҳудуди 80% и корҳо ба иҷро расонида шудааст.Бар пояииттилоъи манбаъ, ҳоло муҳоҷирони Далёни боло дар шабакаи Интернет (WhatsApp) як фонди хайриявӣ ҳам ташкил намудаанд ва ҳар кадом аз рӯи тавон ва имкони молии худ барои мактаби бунёдшаванда маблағ мегузаронад.Муҳоҷирони тоҷик бунёди мактабро як кори хайру савоб дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас медонанд.Деҳаи Далёни боло баъд аз деҳаи Басманда дуюмин рустои калонтарини ноҳияи Деваштич маҳсуб мешавад, ки дар он ҳудуди 11 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.Камбуди мактаб яке аз умдатарин мушкилии ин деҳа маҳсуб мешавад.Мушкили мавҷуда шуморе аз фаъолони ин деҳаро водор намудааст, ки барои сохтмони мактаб ба умеди ҳеҷ кас ва ҳеҷ ниҳоде нашуда, балки худ даст ба кор шаванд.Сохтмони мактаби нав дар Далёни боло аз ҷониби чанде аз фаъолони деҳа пешниҳод шуда, онро муҳоҷирону сокинон дастгирӣ кардаанд.Алҳол дар ин деҳаи сернуфузи Суғд се мактаб: МТМУ №8, №49 ва Гимназияи № 3 амал мекунад, ки ҳар кадоми он дар қисмати шарқии деҳа ҷойгир шудаанд. Дар қисми ҷанубу ғарбии деҳа, ки роҳ хеле тулонӣ аст ва аз сабаби набудани муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, хонандагон азият мекашанд. Махсусан дар фасли сармо ва дар вазъи яхбандии роҳҳо.Сохтмонии мактаби ҷадид аз 20 синфхона иборат буда, имкон дорад дар ду баст 900 хонанда ба таҳсил фарогирифта шавад.Зимнан мумфаршкунии саҳни мактаб, сохтмони пайроҳа ва зинапоя ба масофаи 250 метр боқӣ мондааст.Чанде пеш масъулини ҳукумати вилояти Суғд, зимни сафар ба Далёни боло аз раванди кор дидан намуда, ҷиҳати тақвият додани корҳои сохтмонӣ ва дар соли хониши 2025 – 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаб ваъдаи кӯмак додаанд.
https://sputnik.tj/20250512/sugd-se-moh-korkhona-faoliyat-mond-1067324147.html
деваштич
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_420:126:994:556_1920x0_80_0_0_e61ff9d10992bb0080832c2ee90883f8.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, деваштич, зодгоҳ, мактаб, муҳоҷирон,
тоҷикистон, суғд, деваштич, зодгоҳ, мактаб, муҳоҷирон,
Муҳоҷирони як деҳаи дурдасти Суғд дар зодгоҳашон мактаб месозанд: Акс
19:59 21.05.2025 (Навсозишуда: 13:19 22.05.2025) Дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич бо он, ки камбуди мактаб аз мушкилоти умдаи иҷтимоист, бо аз азму талоши муҳоҷирони кории Русия мактаби нав сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Азбаски барои мактаби бунёдшаванда дар ин деҳа на аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва на суи ҳукумати вилояти Суғд маблағгузорӣ сурат нагирифтааст, сохтмони мактаб ҳам ҳашт сол боз тӯл кашидааст.
Ҳазратқул Муртазоев, яке аз ташаббускорон дар деҳаи Далёни боло зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмони мактаби нав аз соли 2017 оғоз шуда, то имрӯз ҳудуди 80% и корҳо ба иҷро расонида шудааст.
“То ин муддат барои хариддории масолеҳи сохтмон ва бинокории мактаби нав, асосан муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, саҳмгузорӣ кардаанд” – таъкид кард, Муртазоев.
Бар пояииттилоъи манбаъ, ҳоло муҳоҷирони Далёни боло дар шабакаи Интернет (WhatsApp) як фонди хайриявӣ ҳам ташкил намудаанд ва ҳар кадом аз рӯи тавон ва имкони молии худ барои мактаби бунёдшаванда маблағ мегузаронад.
Муҳоҷирони тоҷик бунёди мактабро як кори хайру савоб дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас медонанд.
Деҳаи Далёни боло баъд аз деҳаи Басманда дуюмин рустои калонтарини ноҳияи Деваштич маҳсуб мешавад, ки дар он ҳудуди 11 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Камбуди мактаб яке аз умдатарин мушкилии ин деҳа маҳсуб мешавад.
Мушкили мавҷуда шуморе аз фаъолони ин деҳаро водор намудааст, ки барои сохтмони мактаб ба умеди ҳеҷ кас ва ҳеҷ ниҳоде нашуда, балки худ даст ба кор шаванд.
Сохтмони мактаби нав дар Далёни боло аз ҷониби чанде аз фаъолони деҳа пешниҳод шуда, онро муҳоҷирону сокинон дастгирӣ кардаанд.
Алҳол дар ин деҳаи сернуфузи Суғд се мактаб: МТМУ №8, №49 ва Гимназияи № 3 амал мекунад, ки ҳар кадоми он дар қисмати шарқии деҳа ҷойгир шудаанд. Дар қисми ҷанубу ғарбии деҳа, ки роҳ хеле тулонӣ аст ва аз сабаби набудани муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, хонандагон азият мекашанд. Махсусан дар фасли сармо ва дар вазъи яхбандии роҳҳо.
Сохтмонии мактаби ҷадид аз 20 синфхона иборат буда, имкон дорад дар ду баст 900 хонанда ба таҳсил фарогирифта шавад.
Зимнан мумфаршкунии саҳни мактаб, сохтмони пайроҳа ва зинапоя ба масофаи 250 метр боқӣ мондааст.
Чанде пеш масъулини ҳукумати вилояти Суғд, зимни сафар ба Далёни боло аз раванди кор дидан намуда, ҷиҳати тақвият додани корҳои сохтмонӣ ва дар соли хониши 2025 – 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаб ваъдаи кӯмак додаанд.