Ҷаҳон интизор аст: Путин ва Трамп мавзӯҳое барои гуфтугӯ доранд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп. Архивное фото
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Обуна шудан
Мувофиқи нақша гуфтугӯи телефонии раисиҷумҳури Русия ва раҳбари Амрико шоми 19 май дар назар аст. Бе муболиға тамоми сайёра ин гуфтугӯро интизор аст.
Худи далели сӯҳбати мустақим боиси хушнудист: пардаи оҳанине, ки сиёсатмадорон ва расонаҳои ғарбӣ мехостанд, Русияро бо он иҳота кунанд, рахна шуд. Баъди муваффақиятҳои дипломатии Русия дигар вонамуд кардан мумкин нест, ки кишвар дар "инзиво" аст. Ин сухан ҳам мисли гуфтори "пора-пора шудани иқтисодиёти мо” хандаовар аст.
Ҳоло раисҷумҳури ИМА ҳам сӯҳбат кардан мехоҳад ва албатта, чунин гардиши воқеаҳо боиси истиқбол аст. Дар ниҳоят, Кремл кӯшиш кард, ки ҳатто бо раҳбари пешини Амрико робита барқарор кунад, Путин соли 2021 дар Женева бо Байден мулоқот карда, моҳи феврали соли 2022 бо ӯ гуфтугӯи телефонӣ дошт, аммо мушкилоти зеҳнии президенти 46-уми ИМА имкон надод, ки муколамаи оқилона идома ёбад.
Ҳоло ҳама умед ба раисиҷумҳури 47-ум аст, ки гуфт, мавзӯи сӯҳбат "ба хунрезӣ хотима додан ва ҳамчунин тиҷорат" хоҳад буд.
Маскав ба сӯҳбати имрӯза омодагии комил дорад. Дар ду даври қаблии дзюдои сиёсӣ Путин пирӯзии дилпурона ба даст овард. Аввалан, ӯ бо пешниҳоди музокироти мустақим дар Истамбул тамоми мундариҷаи ҷаҳониро бо як партофт чаппа кард. Сипас ӯ ба худдорӣ даст зада, ҳайати Украинаро ба музокира маҷбур кард ва мухолифонро маҷбур кард, ки натоиҷи ин музокиротро бипазиранд.
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2025
Се сенарияи дар бораи оташбас музокира намудани Маскав ва Киев
Баъди Истамбул Ғарб ногаҳон майли ҷангро аз даст дод. Садри аъзами Олмон, хиҷолатзада буд, шарҳ дод, ки ӯро нодуруст фаҳмидаанд: "Аврупо масъалаи фиристодани нерӯҳо ба Украинаро баррасӣ намекунад." То ин вақт чӣ қадар сару садоҳо буд! Аммо ба ҳар гуна хоҳишҳои аврупоиҳо аз ҷониби Маскав эътибор дода намешуд ва хоҳишҳо анҷом ёфтанд.
Дар Украина дар бораи Истамбул ғамгинона сукут мекарданд: ба қавле бемор аз вазъияти "хашму ғазаб" ва марҳилаи савдо даргузашта, рост ба ҳолати "рӯҳафтодагӣ" афтод. Воҳима ногаҳон хомӯш шуд, гӯё даҳони беморро бо латта баста бошанд.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Амрико аз натиҷаҳои мулоқоти Истамбул истиқбол кард. Аҳли ҷаҳон онҳоро муваффақият мешуморад ва ба давомаш умед мебандад. Ин барои гуфтушуниди минбаъда заминаи хубест.
Президент Трамп ба сӯҳбати тақдирсози имрӯза бо чӣ меояд?
Чанд моҳи охир, ба талошҳои сулҳҷӯёнаи ӯ нобоварии густарда халал мерасонд, гӯё мероси маъмурияти Байден ӯро пайгир буд, ки бо девонагии худ тақрибан сайёраро ба ҷанги ҷаҳонӣ мебурд. Чунончӣ, ба ӯ муяссар нашуд, ки Ховари Миёнаро ором созад, зеро Эрон ва Исроил ба Вашингтон боварӣ надоранд. Дар ин ҷо, дипломатҳои мо метавонанд ба Трамп кӯмак расонанд - Русия аз замони шӯравӣ дар байни ҷонибҳо дар ин минтақа бомуваффақият миёнаравӣ кардааст.
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2025
Трамп талаби бозгашти Қрим ба Украинаро хандаовар номид
Масъалаи муҳими паҳн накардани яроқи ҳастаӣ ва дуҷониба кам кардани теъдоди кулоҳакҳои ҳастаӣ низ ба миён меояд. Дар ин ҷо низ Путин ва Трамп нуқтаҳои зиёди тамос ва мавзӯъҳои мавриди баҳс доранд.
Ниҳоят, тиҷорат, ки аҳамияти онро раисҷумҳури ИМА бесабаб таъкид на-карда буд. Ба касе пӯшида нест, ки иқтисоди Амрико дар остонаи тӯфоне қарор дорад, ки таҳлилгарон онро тирамоҳи имсол интизоранд.
Дар арафаи ин тӯфон, Трамп, чунон ки мегӯянд, омодагӣ мебинад. Аз монархияҳои араб триллионҳо сармоягузориро интизор аст. Масъалаҳоро бо Чин зуд ҳал мекунад. Вай бо тарофаҳо ва боҷҳо мусаллаҳ шуда, чарбро аз хуки фарбеҳ яъне Аврупо мебурад. Тасодуфӣ нест, ки музокирачиёни Амрико бо ҳамкасбони руси худ имкониятҳои ҳамкории ҳамдигарии иқтисодиро ин қадар фаъолона муҳокима карданд.
Дар шароити кунунӣ, Трамп комилан ба халои сиёҳи молӣ, ки Украина ба он табдил ёфтааст, ниёз надорад. Вай ба Зеленский, ки аллакай чандин раҳбарони ғарбиро ғарқ кардааст, бо нобоварии солим менигарад ва мутлақо намехоҳад, ки сарнавишти “халабони сарнагуншудаи сиёсат” ба мисли Борис Ҷонсонро такрор кунад. Ва ҳамчунин таҳдиди ҷанги ҷаҳонии ҳастаӣ, ки ба бозорҳо фишор оварда, иқтисодиёти ИМА-ро ба таназзули хавфнок тела медиҳад
Президент США Дональд Трамп выступает во время встречи с Генеральным секретарем НАТО Марком Рютте в Вашингтоне, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Трамп гуфт дар оғози низоъи Русия бо Украина кӣ гунаҳгор аст
Трамп бояд бифаҳмад, ки Маскав омода аст моҷарои Украинаро танҳо бо сулҳи қавӣ ва дарозмуддат хотима диҳад. Барои ноил шудан ба ин зарур аст, ки сабабҳои аслии муноқишаро аз байн бурд: нозизудоӣ дар Украина, демократикунонӣ ва ғайримарказикунонӣ. Мақоми абадии бетарафии он бояд таъмин гардад, на НАТО ва на истилогарони хориҷӣ дар қаламраваш набошанд. Қувваҳои мусаллаҳи худро ба дараҷаи қобили қабул кам кунад. Хулоса, ин ҳамон Истанбул 2022, аммо бо воқеиятҳои кунунӣ аст.
Маскав аз оғози амалиёти вижаи низомӣ исрор мекард, ки сарнавишти Украинаро дар муколама бо Вашингтон ҳал хоҳад кард. ИМА дар асл, пешвои Ғарби муттаҳид ва як бозигари комилан мустақил аст, бар хилофи он одамони аҷибе, ки ҳоло дар Аврупо ҳукмронӣ мекунанд. Матонати ҷанговарони Русия, маҳорати дипломатҳои кишвар, азму иродаи тамоми халқ ниҳоят имкон дод, ки чунин гуфтушунид баргузор гардад. Ҳамаи мо онро бесаброна интизорем.
Лентаи хабарҳо
0