https://sputnik.tj/20250425/tramp-oghozi-nizoi-rusiya-ukraina-ki-gunahkor-1067122318.html
Трамп гуфт дар оғози низоъи Русия бо Украина кӣ гунаҳгор аст
Трамп гуфт дар оғози низоъи Русия бо Украина кӣ гунаҳгор аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо маҷалаи “Time” Украинаро дар оғози низоъ бо Русия айбдор кард ва гуфт ғайр аз ӯ касе наметавонад ба ин низоъ хотима диҳад
2025-04-25T20:24+0500
2025-04-25T20:24+0500
2025-04-25T20:24+0500
доналд трамп
има
дар русия
украина
амалиёти вижа
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067123336_0:175:2600:1638_1920x0_80_0_0_4e14a5c4df7222c3ac0e57b8f64536ac.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп Киевро дар оғози низоъ бо Русия муттаҳам кард ва гуфт сабаби муноқиша дар он буд, ки Украина дар бораи пайвастан ба НАТО ҳарф мезад."Фикр мекунам, ки муноқиша замоне оғоз шуд, ки онҳо (мақомоти Украина) аз пайвастан бо НАТО сӯҳбат карданд. Агар ин масъала матраҳ намешуд, шонси хеле беҳтаре вуҷуд дошт, ки он умуман оғоз нашавад", - гуфт Трамп дар мусоҳиба бо маҷаллаи Time.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ба ҷуз ӯ касе наметавонад ба созиши сулҳ дар Украина ноил шавад."Ман фикр мекунам, ки ман ягона шахсе ҳастам, ки метавонам дар бораи сулҳ музокира кунам. Ва ман фикр намекунам, ки касе дигар ин корро тавонад", - гуфт ӯ.Ҳамзамон Доналд Трамп гуфт, ки сулҳ дар Украина имкон дорад дар замони роҳбарии Владимир Зеленский мустақар шавад.Трамп қаблан эътироф карда буд, ки барояш муомила кардан бо Владимир Зеленский аз он чи ки дар аввал интизор буд, хеле мушкилтар аст."Бале, ман ҳамин тавр фикр мекунам. Ӯ (Зеленский) ҳоло президент аст ва ман фикр мекунам, ки мо созиш хоҳем кард".Қаблан сухангӯи Кохи Сафед Кэролин Левитт гуфт, ки Зеленский дар робита ба ҳалли низоъ дар Украина "ба самти нодуруст" ҳаракат мекунад. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки вазъ дар Украина вазнин аст ва Зеленский бояд ё сулҳ кунад ё дар се сол ояндаи тамоми кишварро аз даст диҳад.
https://sputnik.tj/20250421/kokhi-kremlin-ukraina-uzvi-nato-naboshad-1067068435.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067123336_0:0:2574:1930_1920x0_80_0_0_ed04040a1e480aaa7260dea53b015374.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, има, русия, низоъх, украина, амалиёти вижа, гунаҳкор
трамп, има, русия, низоъх, украина, амалиёти вижа, гунаҳкор
Трамп гуфт дар оғози низоъи Русия бо Украина кӣ гунаҳгор аст
Раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо маҷалаи “Time” Украинаро дар оғози низоъ бо Русия айбдор кард ва гуфт ғайр аз ӯ касе наметавонад ба ин низоъ хотима диҳад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп Киевро дар оғози низоъ бо Русия муттаҳам кард ва гуфт сабаби муноқиша дар он буд, ки Украина дар бораи пайвастан ба НАТО ҳарф мезад.
"Фикр мекунам, ки муноқиша замоне оғоз шуд, ки онҳо (мақомоти Украина) аз пайвастан бо НАТО сӯҳбат карданд. Агар ин масъала матраҳ намешуд, шонси хеле беҳтаре вуҷуд дошт, ки он умуман оғоз нашавад", - гуфт Трамп дар мусоҳиба бо маҷаллаи Time.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ба ҷуз ӯ касе наметавонад ба созиши сулҳ дар Украина ноил шавад.
"Ман фикр мекунам, ки ман ягона шахсе ҳастам, ки метавонам дар бораи сулҳ музокира кунам. Ва ман фикр намекунам, ки касе дигар ин корро тавонад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон Доналд Трамп гуфт, ки сулҳ дар Украина имкон дорад дар замони роҳбарии Владимир Зеленский мустақар шавад.
Трамп қаблан эътироф карда буд, ки барояш муомила кардан бо Владимир Зеленский аз он чи ки дар аввал интизор буд, хеле мушкилтар аст.
"Бале, ман ҳамин тавр фикр мекунам. Ӯ (Зеленский) ҳоло президент аст ва ман фикр мекунам, ки мо созиш хоҳем кард".
Қаблан сухангӯи Кохи Сафед Кэролин Левитт гуфт, ки Зеленский дар робита ба ҳалли низоъ дар Украина "ба самти нодуруст" ҳаракат мекунад. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки вазъ дар Украина вазнин аст ва Зеленский бояд ё сулҳ кунад ё дар се сол ояндаи тамоми кишварро аз даст диҳад.