Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

“Се дарахти як замин” ё ба сӯи фурсату чолишҳои ҷадид дар Осиёи Марказӣ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаГлавы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана
Главы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2025
Обуна шудан
Созишнома дар бораи пайванди марзи байни се ҷумхурӣ ниҳоят ба тамоми баҳсҳои ҳудудӣ хотима гузошт ва нишон дод, ки ҳукуматдорон барои ноил шудан ба манфиатхои минтака якдил мебошанд
ДУШАНБЕ,26 апр – Sputnik. Нишасти сарони се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар як фазои шоду идона ва рақсу таронаи наврӯзӣ сурат гирифт, аммо коршиносон бар инанд, ки фазои минтақа чандон наврӯзӣ нест.
Аз ин хотир, суоли матраҳ ин аст, ки чаро, ба таъбири Содир Ҷабборов, ин се дарахт бояд дар канори ҳам рушд кунанд, то решаҳояшон замини сукунати онҳоро қавӣ гардонад ва як эъломияи дӯстии абадӣ ба имзо расад?
Се ҳамсоякишвар то ба ин рӯз як масири пуршебу фароз ва мураккаби равобитро пушти сар карданд.
Ӯзбекистони даврони Ислом Каримов аз даҳаи 90, замони ҷангҳои дохилии Тоҷикистон, ҳеҷ гоҳ рӯи хуше ба ҳамсояи шарқиаш нишон надод, то ин ки Шавкат Мирзиёев ба қудрат расид ва “дари дӯстиву бародарӣ" – ро боз накард.
Баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳудуди ним аср ба ин сӯ идома дошт ва даҳҳо нафарро куштаву захмӣ ва бехонаву дар карда буд, ҳамин як моҳи қабл ба поён расиданд. Ва бо имзои Созишномаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар мавриди нуқтаи иттисоли марзӣ тамоми баҳсҳои марзӣ миёни се кишварро хотима бахшид.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2025
Русия низ аз имзои созишномаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Поёни давраи ҳама ихтилофот ва оғози давраи нави ҳамкориҳо бо як консерти бошукӯҳ бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки дар он Раҳмон, Мирзиёев ва Ҷабборов ширкат доштанд, аз он шаҳодат дод.

"Се дарахт паҳлу як дигар истода як заминро бо решаи худ мустахкам мегардонад", — гуфт президенти Қирғизистон рӯзи таърихии се ҷумҳуриро ҳамин тавр тавсиф кард.

Аммо дар асл бо имзои Эъломияи дӯстии абадӣ “пешбинӣ” – и пажӯҳишгоҳҳои ғарбӣ, ки ҳудуди чаҳор даҳа ба ин сӯ водии Фарғонаро як “бушкаи борут” барои инфиҷори Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекарданд ва интизор доштанд дар ин водӣ ҷангҳо барои замину обу дигар захоири табиӣ дар хоҳанд гирифт, ба як гумони ботил табдил ёфт.
Баръакс, акнун кишварҳо қасд доранд ҳатто ба самти як минтақаи раводиди ягона ба монанди Шенген дар Осиёи Марказӣ пеш раванд ва муштаракан аз захоири обу энержӣ ва дигар зарфиятҳои тиҷориву иқтисодии худ истифодаи аҳсан кунанд.
Аммо коршиносон мегӯянд, эъломи ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Чин, ҳамсояи тамоми кишварҳои минтақа, таваҷҷуҳи хоси Иттиҳодияи Аврупо ба захоири табиии онҳо дар пайи “талоқи геополитикӣ” аз Амрико аз чолишҳои ҷадиде ба шумор меоянд, ки рақобати қудратҳо дар ин гӯшаи дунёро шиддат мебахшанд.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Истиқболи Эрон аз паймони се ҷонибаи Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, тааҳҳуду тавофуқҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон қабл аз ҳама паёми хориҷӣ дорад.
Ба гуфтаи вай, президентҳо бо ин роҳ ба кишварҳои рақиб нишон медиҳанд, ки имкони истифода аз ихтилофоти ҷумҳуриҳоро ба ҳадафҳои худ надоранд, яъне мақомоти ин кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расидан ба манофеи худ муттаҳид ҳастанд.
“Бахусус, қудратҳо ба ин умед буданд, ки ихтилофҳои миёни кишварҳо ба онҳо имкон хоҳад дод, то бо истифода аз сиёсати “тафриқа андозу ҳукумат кун”, “обро лой карда, моҳӣ доранд”. Ин қабл аз ҳама ба қудратҳои ғарбӣ сидқ мекунад, ки ба таври суннатӣ аз ихтилофҳо суд мебурданд ва дар сурати адами ихтилофот онҳоро эҷод мекарданд”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Дар пайи мулоқоти сеҷониба дар Хуҷанд дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки аврупоиҳо тааҳҳуд бастанд, то 12 миллиард доллар ба иқтисоди минтақа сармоягузорӣ кунанд ва ин аз нигоҳи коршиносон, вориди рақобат шудани Аврупо бо Чину Русия дар минтақа ва эҷоди чолишҳои ҷадиди амниятӣ аст.
Ба қавли Ҳусейнов, Иттиҳодияи Аврупо дар гузашта ҳам ваъдаҳои сармоягузориҳои ҳангуфтро медод ва талош мекард, ки як ҳамкори муассири иқтисодиву амниятӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, аммо ҳеҷ гоҳ сармояи кофӣ ҳам ворид накард ва муваффақ ҳам нашуд, аз ҷумла дар масоили сармоягузорӣ натавонист ҷойи Чинро гирад ва ҳам дар масоили амниятӣ ҷойгузини Русия шавад.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
“Баръакс, дар ҳамоҳангӣ бо Амрико талоши Иттиҳоди Аврупо ҳамеша бар ин буд, ки ҳукуматҳои миллии минтақаро сарнагун созад ва лухтакҳоеро, ба монанди Владимир Зеленский ба қудрат расонад, то ба манобеъи табиии кишварҳо арзон даст ёбад. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо дарки воқеиятҳои ҷадид, мехоҳанд аз ҳамкориҳо бо Аврупо низ суд бардоранд ва ҳам камари худро сахттар мебанданд то ба доми он наафтанд”, - гуфт коршинос.
Ба бовари коршиносон, абзори муассир ва қавие, ки Ғарб тавассути онҳо метавонад барномаҳои худро дар Осиёи Марказӣ пиёда созад, гуруҳҳои террористиву ифротгаро ҳастанд.
Музаффар Олимов, коршиноси дар умури минтақа, мегӯяд, гуруҳҳои террористиву тундгарои Осиёи Марказӣ низ дар Афғонистон ва Сурия ҳастанд, ки ва интизори фурсати хеш ҳастанд.
“Зоҳиран ҳузури чунин гуруҳҳо ва ҳам “ҳастаҳои хуфта” – и онҳо дар дохили минтақа истихбороти хориҷиро умедвор мекунад. Аз ин хотир, кишварҳо бо дарки ин чолиши бузург зарурат ба ҳамдастиву ҳамоҳангӣ ва омодагиву вокуниши муштарак доранд. Осиёи Марказӣ ҳарчанд миёни чанд кишвар тақсими марзӣ шудааст, як ҳавзаи амниятии муштарак аст ва ҳеҷ як аз кишвар ба танҳоӣ қодир ба таъмини амнияти худ нест”, - гуфт Музаффар Олимов.
Эмблема ШОС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2025
СҲШ аз имзои созишнома байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Дар як калом, барои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон поёни даврони чолишҳои қадим ба маънои оғози даврони чолишҳои ҷадид аст. Ҳикмати мардумиеро, ки аз сӯи Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зикр шуд - “се дарахте, ки дар канори ҳам рушд мекунанд, бо решаҳояшон як заминро қавӣ мекунанд” – низ метавон ба ҳамин маънӣ пазируфт, ки кишварҳо бақои худро тазмин мекунанд, агар дар баробари чолишҳои ҷадид дар канори ҳам бошанд.
Лентаи хабарҳо
0