https://sputnik.tj/20250401/shsh-imzo-shartnoma-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-istiqbol-kard-1066810788.html
СҲШ аз имзои созишнома байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард
СҲШ аз имзои созишнома байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Sputnik Тоҷикистон
Давлатҳои аъзо қайд мекунанд, ки имзои ин санад дар таъмини сулҳу субот дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай саҳми назаррас хоҳад гузошт
2025-04-01T13:27+0500
2025-04-01T13:27+0500
2025-04-01T13:27+0500
сҳш
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
қирғизистон
созишнома
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102450/44/1024504407_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d2a579ec6c6d1526ff89dcdf62f14555.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) имзои санади таърихиро аз ҷониби президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон. ки рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, истиқбол кард. Дар ин бора дар шабакаи Telegram -и ин созмон хабар дода мешавад.Давлатҳои аъзо қайд мекунанд, ки имзои ин санад дар таъмини сулҳу субот дар фазои СҲШ саҳми назаррас хоҳад гузошт.Ёдовар мешавем, сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд. Дар робита ба имзо шудани ин ҳуҷҷат, кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки "аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт".Дар идома президент қайд кард, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд ва вохӯрии суратгирифтаро ӯ оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар арзёбӣ кард.
https://sputnik.tj/20250331/saron-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-sozishnoma-tarikh-imzo-kardand-1066794921.html
ӯзбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102450/44/1024504407_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_78ee88e3b93867b811a61b3d2cd84a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш тоҷикистон ӯзбекистон қирғизистон созишнома
сҳш тоҷикистон ӯзбекистон қирғизистон созишнома
СҲШ аз имзои созишнома байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Давлатҳои аъзо қайд мекунанд, ки имзои ин санад дар таъмини сулҳу субот дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай саҳми назаррас хоҳад гузошт
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) имзои санади таърихиро аз ҷониби президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон. ки рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, истиқбол кард.
Дар ин бора дар шабакаи Telegram -и ин созмон хабар дода мешавад.
"Созмони Ҳамкории Шанхай 31 марти соли 2025 ба имзо расидани созишнома байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ, ки қадами муҳим дар таҳкими эътимоди тарафайн ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни се давлат мебошад, истиқбол мекунад", - омадааст дар хабар.
Давлатҳои аъзо қайд мекунанд, ки имзои ин санад дар таъмини сулҳу субот дар фазои СҲШ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ёдовар мешавем, сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд.
Дар робита ба имзо шудани ин ҳуҷҷат, кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки "аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт".
Дар идома президент қайд кард, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд ва вохӯрии суратгирифтаро ӯ оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар арзёбӣ кард.