Истиқболи Эрон аз паймони се ҷонибаи Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Эрон, боварь дорад, ки ин санад ба таҳкими эътимоди мутақобила, сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Исмоил Бақоӣ, сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон аз имзои паймони таъйини нуқтаи иттисоли марзҳои се кишвар ва баёнияи "Хуҷанд" дар бораи дӯстии абадӣбайни се кишвари ҳамҷавор Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард.
Вай онро гоми муҳим аз сўии ин кишварҳо дар ростои эҳтироми мутақобил ба тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии якдигар, эътимодсозии мутақобил ва таҳкими сулҳу сабот дар Осиёи марказӣ тавсиф кард.
Сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон, иброз умедворӣ кард, ки тавофуқи се ҷонибаи Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистони тазминкунандаи сулҳу саботи пойдор дар минтақа ва заминаи сози тафоҳуми ҳамкории бештар дар заминаҳои мухталиф ва тақвияти рушду тавсеаи иқтисодии кишварҳои минтақа бошад.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раҳбари Узбекистон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, дар як мулоқоти шахсӣ дар шаҳри Хуҷанд созишномаҳои таърихӣ имзо карданд.
Раҳбарон санадеро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар ба имзо расониданд.
Илова бар ин, президентҳо ҳамчунин Эъломияи Хуҷандро дар бораи дӯстии абадӣ имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0