"Фавтида" то Берлин расидан: саргузашти аҷиби ҷанговар Олег Соболев

© SputnikВетеран ВОВ Олег Соболев, архивное фото
Ветеран ВОВ Олег Соболев, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Обуна шудан
Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Олег Соболев дар синни 17 солагӣ ба ҷанг рафт. Ӯ мактабхону рекордгузори ленинградӣ буд, вале ӯро сарнавишти дигар интизор буд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шаҳри Волгоград собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Олег Соболев дар синни 102-солагӣ даргузашт.
Қаҳрамони мудофиаи Ленинград ва набардҳо барои озод кардани Прага, яке аз куҳансолтарин рӯзноманигорони ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 50 сол дар Оҷонсии телеграфии Тоҷикистон (ҳоло "Ховар") кор кардааст, дар иҳотаи аҳли оилааш бо зиндагӣ падруд гуфт.
Соболев ҳамагӣ чанд сол пеш аз Душанбе ба Волгоград кӯчида буд. Чанде пеш, 3 апрел собиқадор 101-солагии рӯзи мавлудашро қайд кард.
Ҳайати таҳририяи Sputnik Тоҷикистон ба хонаводаи Олег Дмитриевич дар иртибот бо маргаш таслияти самимӣ баён карда, мусоҳибаи собиқадорро, ки соли 2020 дар бораи набардҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл карда буд, ба ёд меорад.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ояндаи Олег Соболевро чӣ тавр тағйир дод

Дар ибтидои ҷанг Олег Соболеви 17-сола мактаббачаи боғайрати шӯравӣ буд, баҳои хуб дошт, дар машғулиятҳои иловагӣ фаъол буд ва чун варзишгар дар намуди ҷаҳидан ба дарозӣ рекордгузори Ленинград буд. Дар пеш ин талабаи боғайратро коллеҷ ё донишкада интизор буд. Аммо рӯзи 22 июни соли 1941 ҳама чиз тағйир ёфт.
Video Player is loading.
Вақти ҷорӣ 0:00
/
Duration 0:00
Боргузорӣ: 0%
Пешрафт: 0%
Навъи нашр Дар нашр
Вақти боқимонда -0:00
 
1x
Ветеран ВОВ Олег Соболев, архивное фото
1:37
"Хабари ҷангро мо шаш нафар дӯстон вақти аз сайру гашт баргаштан шунидем. Дӯстам Лев Бушуев як саге дошт, шпитси сафед бо номи Гастон, ки дар ҷӯйбор давр зада, аз мо мегурехт. Баъдтар борҳо он рӯзро ба ёд оварда, фикр мекардам: мумкин қисмати Лев чунин мегурехт? Чунки ӯ дар набарди аввалини ҷанг ба ҳалокат расид:,- нақл мекард Олег Соболев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Маргро фиреб додан.

Ин набард 23 сентябри соли 1941 ба амал омад, вақте ки ҷавонмард ихтиёран дар ҳайати баталйони қиркунандаи НКВД ба хизмат оғоз кард. Шабона ихтиёронро хезонда фармон доданд, ки хати мудофиаро дар минтақаи наздикии Петергоф нигоҳ доранд ва то омадани нерӯҳои иловагӣ интизор шаванд.
Чунон ки Соболев нақл кард, немисҳо наздик шудани онҳоро пай бурданд, аммо дарҳол оташ накушода, қарор доданд, ки одамони мулкии дар даст милтиқҳои кӯҳна дошта, таслим шуданианд.
"Тирпарронӣ оғоз шуд, мо хандақеро бо болопӯши чӯбин ишғол кардем. Ин моро наҷот дод - вақте ки немисҳо аз миномёт оташ кушоданд, мина, хушбахтона, ба тахтаҳо бархӯрд. Аммо агар он 20 см дуртар меафтид, рост ба паноҳгоҳи мо мерасид ва хидмати ҳарбии ман дар ҳамон ҷо ба охир мерасид", - гуфт ҷанговар.
Бегоҳии рӯзи дигар аз Ленинград қувваҳои иловагӣ расиданд ва ихтиёриёнро муваққатан ба хонаҳояшон рухсат доданд. Пас аз як рӯз, Соболев ба баталйон баргашт ва ба саволи модари дар ташвиш қарор дошта: "Кай боз бароят иҷозат медиҳанд?" — бепарвоёна ҷавоб дод : "Фардо". Ин фардо танҳо соли 1945 — дар Латвия фаро расид.
Осорхонаи ҳарбӣ - таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кушода шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2025
Осорхонаи ҳарбӣ - таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кушода шуд
Дар пеш бошад, ҷанговари ҷавонро моҳҳои дахшатноктарини зимистони солҳои 1941/1942, гуруснагӣ ва бемадорӣ интизор буд. Дар натиҷа Олег 18-солагиашро дар баталйони тиббӣ қайд кард ва аз он ҷо баъди таълими кӯтоҳмуддат ба бригадаи 50-уми баҳрчиён фиристода шуд ва дар он ҷо миномётчӣ шуд.
Боре аз рӯзнома дар бораи мергани тоҷик Тешабой Одилов, ки беш аз сад душманро ба қатл расонда буд, хонда, ҳамяроқони Соболев тасмим гирифтанд, ки дар хати пеши ҷабҳа ба намунаи ин мерган пайравӣ кунанд ва барои нобуд кардани душман аз миномёт шурӯъ карданд.
"Нишонгир ба болои дарахт баромад, як нишонаеро интихоб кард ва баъд ман тавонистам то оташи ҷавобии немисҳо 8 мина партоям. Дар маҷмӯъ, мо 20 зарбаи муваффақ доштем", - гуфт сарбози ҷанг.
Моҳи январи соли 1944 аскарони шӯравӣ муҳосираи Ленинградро рахна карданд ва Олег Соболев ба ҷабҳаи 3-юми Белорус, ки ба озодкунии Прибалтика машғул буд, гузаронида шуд.

Дар ин ҷо ҷанговари ҷавон "ба ҳалокат расид".

"Дар Эстония ҷанги хеле душвор рух дод. Ман дар хандақ паноҳ ёфтам, вале фаҳмидам, ки дар он ҷо будан хатарнок аст ва даҳ метр дуртар хазида рафтам. Ва бо чӣ сабабе ба ҷои ман як сарбози дигар ба хандақ даромад. Афсӯс, ки дар ҳамин лаҳза ӯро мина аслан пора-пора кард. Албатта фармондеҳӣ гумон мекард, ки ман ҳалок шудаам", - ба ёд овард собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Соболев доимо дар хотир дошта буд, ки дар куҷо "дафн" шуда буд, — деҳаи Кадока, қатори дуюм, ҷои 28. Инро дар хабари дафн нишон доданд, ки модараш, ки давоми як шаб мӯяш сафед шуда буд, баъди ҷанг ба ӯ нишон дода буд.
"Модарам ба ин бовар кардан намехост ва бори дигар хоҳиш кард, ки хабари марги маро тасдиқ кунад. Ба шодии ӯ, дар хати дигар суроғаи таъиноти нави ман нишон дода шуд", - нақл кард ӯ.

Аз афсар то рӯзноманигор

Баъд набардҳо дар ҳайати ҷабҳаи 1-уми Украина, хизмати алоқачӣ дар ситод ва мукофотонидан бо медали "Барои шуҷоат" дар ҳаёти Соболев буд. Ӯ наздик шудани десанти душманро ошкор намуда, шахсан дар муҳорибаҳои шаҳрӣ иштирок намуд. Рӯзи 9-уми майро дар наздикии Прага пешвоз гирифт.
Дар Хуҷанд аз қаҳрамониҳои занони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Дар Хуҷанд аз қаҳрамониҳои занҳои тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд - видео
"Баъди чанд соли хидмат дар Олмон ман муддати тӯлонӣ ҷои кор пайдо карда натавонистам. Хайр, чӣ тааҷҷубовар аст, - ман маълумоти синфи 9 доштам, тирандозӣ метавонам, аммо аслан дигар корҳои ҳаёти осоиштаро намедонам", - чунин тавсиф кардааст собиқадор бозгашти худро ба ҳаёти осоишта.
Хушбахтона, як дӯсташ аз ӯ хоҳиш кард, ки барои рӯзнома мақола нависад. Матн хуб баромад ва онҳо барои он ҳаққи қалами хуб пардохт карданд, 50 рубл, ки барои як муаллифи навкор пули калон буд.
Соболев аллакай умеди дохил шудан ба шӯъбаи рӯзноманигории Мактаби комсомолии марказии шаҳри Маскавро дар дил мепарварид, вале ҷанги сард дар авҷ буд ва ба ҷои билети донишҷӯӣ рутбаи афсарӣ гирифта, ба шаҳри Сталинобод фиристонда шуд.
Пас аз ду сол афсари ҷавон аз хизмат озод шуд ва таҷрибаи рӯзноманигорӣ ба ӯ кӯмак расонд, ки ба нашрияи асосии матбааи ҶШС Тоҷикистон — "Тоҷикистони Сурх" ба кор дарояд. Сипас соли 1959 ба Оҷонсии телеграфии Тоҷикистон ба кор қабул гардид ва то соли 2012 он ҷо кор кард, он сол Оҷонсӣ ба АМИТ "Ховар" табдил ёфт.
Соболев ҳамчун рӯзноманигор барои оҷонсӣ хеле муҳим буд. Рӯзе мудири Институти шарқшиносии Академияи илмҳо, симои илми шӯравии тоҷик — академик Бобоҷон Ғафуров ба ӯ барои коре муроҷиат кард.
" Боре раиси Академияи илмҳо Муҳаммад Сайфитдинович (Осимов) аз ман хоҳиш кард, ки ба наздаш биёям. Дар он ҷо як нафари ношиносро дидам ва ба ман гуфтанд: "Бо Бобоҷон Ғафуров шинос шавед." Ӯ пешниҳод кард, ки дар бораи дастовардҳои олимони ҷумҳурӣ нависам. Мавзӯъ, албатта, бароям ношинос буд, аммо чӣ тавр метавон гапи Ғафуровро рад кард?", - ба хотир меовард Олег Соболев.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, вақте ки Соболев бори дигар аз тири пулемёт қариб кушта мешуд ва баъдан бозгашти кишвар ба ҳаёти осоишта.
Медали ветерана Великой Отечественной войны  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Дар Тоҷикистон шумори собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ коҳиш ёфт
Ҷумҳурие, ки солҳои 50-ум афсари ҷавон он ҷо омада буд, хеле тағйир ёфт. Кишвар аз давлати шӯравӣ ба мустақил тағйир ёфт. Аммо собиқадор онро чун пештара дӯст медошт, ҳамсараш Валентина бошад, шикоят мекард, ки Олег Дмитриевич намехоҳад аз Тоҷикистон ба Русия кӯчад, ки онҷо фарзандонаш зиндагӣ мекарданд.
Солҳои зиёд иштирокчии ҷанг тамоман нобино буд ва ёрдамчии наздиктарин ва котиби ӯ ҳамеша ҳамсараш буд. Аммо Олег Соболев бо вуҷуди аз чашмон маҳрум шуданаш то охир зеҳни тозаашро аз даст надод: шеърҳои худро бехато хонда, воқеаҳои солҳои гузаштаро дар ёд дошт.
Аммо хотираҳои ӯ асосан аз муҳорибаҳо буд. Дар онҳо ягон зиёдаравию азхудбофии қаҳрамонӣ, ки баъзе муаллифони асарҳои ҷангӣ менависанд, набуд, нақлҳояш чунон муфассал ва дақиқ буданд, ки гуё 80 сол моро аз Рӯзи Ғалаба ҷудо намекунаду, гӯё сержант Олег Соболев дирӯз аз ҷанг баргашта бошад.
Лентаи хабарҳо
0