Дар Хуҷанд аз қаҳрамониҳои занҳои тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд - видео

Обуна шудан
Гурӯҳе аз фаъолон ва собиқадорони шимоли Тоҷикистон дар мизи гирд ҷамъ омада, аз корномаи занҳои тоҷик дар солҳои 1941–1945 гуфтанд
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Хонаи русӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва меҳмонон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд даъват шуданд.
Татьяна Мудрова, роҳбари Хонаи русӣ дар шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки занҳои тоҷик дар даврони ҷанг корномаҳои бузург нишон додаанд, ки сазовори таҳсин аст.
Ифтитоҳи санги ёдбуд ба хотири ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - видео
"Мо маҳз ҳамин моҳи мартро интихоб кардем, чунки дар ин моҳ рӯзи байналмилалии занҳо таҷлил мешавад, ҳамчунин ду иди дигар – Рӯзи Ғалаба ва Наврӯз дар пеш аст. Ба ёд овардани корномаҳои занҳои тоҷик ва онҳое, ки барои ғолибият қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд, мувофиқ аст", - афзуд роҳбари Хонаи русӣ.
Инчунин дар вохӯрӣ Гулафзо Савриддинова, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биҳоҷал Раҳимова, вакили халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Семён Григоревич, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0