Осорхонаи ҳарбӣ - таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кушода шуд

Обуна шудан
Эксклюзив
Дар осорхонаи ҳарбӣ - таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маълумоти зиёди таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст
Осорхонаи нав дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои маълумоти зиёди таърихӣ буда, дар он инчунин аксу унвонҳои қаҳрамонӣ ва муҳимоти сарбозӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гирдоварӣ шудааст
Шавкат Шарифов, устоди таърихшинос дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, фаъолшавии ин осорхонаи ҳарбӣ – таърихиро як армуғони бузург дар осонаи 80 – солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ номид.
Ӯ, гуфт, ин осорхона оид ба фиристодагони Тоҷикистон ба ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонон ва шуҷоатмандони он замон маълумоти муфассал гирдоварӣ шудааст.

“Омили асосии ғалаба бар фашизм ин дӯстӣ буд, тамоми мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ аз як гиребон сар бароварда барои ҳифзи ватани худашон ҷоннисорӣ кардаанд, ки имрӯз боиси ифтихори мо мебошад” – зикр кард, Шарифов.

Ин устоди донишгоҳ таъкид намуд, ки солгарди Ғалаба худ дарси матонат ва шуҷоатмандӣ буда, поси хотири бобоёну падарони қаҳрамон, омӯхтани зиндагии ибратбахши онҳо барои насли ҷавон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ мусоидат менамояд.
Иштироки низомиёни тоҷик дар гузашти низомии Маскав ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба осорхонаи ҳарбӣ - таърихии факултаи таърих ва ҳуқуқ аз ДДХ дидан кард ашёву муҳимоти нодири замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ро ба навор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0