https://sputnik.tj/20250310/tojikiston-shumori-sobiqadori-jangi-buzurgi-vatani-kohish-1066511624.html
Дар Тоҷикистон шумори собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ коҳиш ёфт
Дар Тоҷикистон шумори собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тайи 7 моҳи охир боз 5 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест
2025-03-10T13:09+0500
2025-03-10T13:09+0500
2025-03-10T13:09+0500
дар тоҷикистон
куҳансарбоз
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
собиқадорони ҷбв
шӯрои собиқадорони ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056908653_0:130:3181:1919_1920x0_80_0_0_f7a3e3916d59f789c77bcfd59c8150a2.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ба ҳолати аввали моҳи марти соли 2025 дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.Дар ин бора имрӯз зимни маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ба хотираи сарбозони Артиши Сурх, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд, дар Душанбе Шукурҷон Зуҳуров роҳбари "Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат" хабар дод.Оқои Зуҳуров ҳамчунин гуфт дар ин баробар 124 нафар заҳматкашони ақибгоҳ айни замон дар кишвар умр ба сар мебаранд.Ёдовар мешавем, ки дар моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон 22 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба 6 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва афроде, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20250209/okhirin-sobiqador-jang-buzurg-vatan-mastchoh-darguzasht-1066160988.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056908653_225:0:2954:2047_1920x0_80_0_0_2a95f9009313c65fac71474df2d1de76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ, шумор, қайди ҳаёт, куҳансарбоз
тоҷикистон, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ, шумор, қайди ҳаёт, куҳансарбоз
Дар Тоҷикистон шумори собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ коҳиш ёфт
Тоҷикистон тайи 7 моҳи охир боз 5 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ба ҳолати аввали моҳи марти соли 2025 дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Дар ин бора имрӯз зимни маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ба хотираи сарбозони Артиши Сурх, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд, дар Душанбе Шукурҷон Зуҳуров роҳбари "Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат" хабар дод.
“Айни ҳол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 нафар иштирокчӣ ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд”, - гуфт ӯ.
Оқои Зуҳуров ҳамчунин гуфт дар ин баробар 124 нафар заҳматкашони ақибгоҳ айни замон дар кишвар умр ба сар мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон 22 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба 6 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва афроде, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.