https://sputnik.tj/20250402/volodin-farzandoni-muhojiron-boyad-ba-90--i-savolhoi-sanjishi-javobi-durust-dihand-1066824728.html
Володин: фарзандони муҳоҷирон бояд ба 90% -и саволҳои санҷишӣ ҷавоби дуруст диҳанд
Володин: фарзандони муҳоҷирон бояд ба 90% -и саволҳои санҷишӣ ҷавоби дуруст диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Акнун фарзандони муҳоҷиронро лозим аст, барои ба макотиб қабул шудан бояд имтиҳони забони русиро бомуваффақ супоранд 02.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-02T14:11+0500
2025-04-02T14:11+0500
2025-04-02T14:11+0500
русия
дар тоҷикистон
маориф
вячеслав володин
имтиҳон аз забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058190843_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b9870e3629a57a83956285aef3ff83f4.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Қонун дар бораи донистани ҳатмии забони русӣ барои фарзандони муҳоҷир ҳангоми ба мактаб дохил шудан эътибор пайдо кард.Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар Telegram-канали худ хабар дод.Ҳамин тариқ, ҳоло барои қабул шудан ба мактабҳо фарзандони муҳоҷирон бояд имтиҳони забони русиро бомуваффақият супоранд ва ҳадди ақал ба 90% саулҳои санҷиш ҷавоби дуруст диҳанд.Илова бар ин, қонунӣ будани ҳузури онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия низ санҷида мешавад. Раиси Думаи давлатӣ тавзеҳ дод, ки тибқи тартиби нави санҷиши дониши кӯдакони муҳоҷир аз забони русӣ, ки аз 1 апрел оғоз мешавад, барои дохилшавӣ ба синфи 1 бояд ба 9 аз 10 савол ҷавоби дуруст дод. Маврид ба зикр аст, имтиҳони забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад ва тамоми раванд сабти видеоӣ шуда, посухҳои шифоҳии кӯдак дар аудио сабт мегардад.Дар сурате агар кӯдак аз имтиҳон намегузарад ба ӯ омӯзиши иловагии забони русӣ пешниҳод мешавад ва танҳо пас аз се моҳ дубора имтиҳон месупорад.Тибқи феҳристи Вазорати маориф, санҷиш дар 3 174 муассисаи таълимӣ гузаронда хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250401/rusiya-sanjish-rusidoni-farzandon-muhojiron-shuru-shud-1066811799.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058190843_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_c126ac02aca34a543ea167abd20eb909.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар тоҷикистон, маориф, вячеслав володин, имтиҳон аз забони русӣ
русия, дар тоҷикистон, маориф, вячеслав володин, имтиҳон аз забони русӣ
Володин: фарзандони муҳоҷирон бояд ба 90% -и саволҳои санҷишӣ ҷавоби дуруст диҳанд
Акнун фарзандони муҳоҷиронро лозим аст, барои ба макотиб қабул шудан бояд имтиҳони забони русиро бомуваффақ супоранд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Қонун дар бораи донистани ҳатмии забони русӣ барои фарзандони муҳоҷир ҳангоми ба мактаб дохил шудан эътибор пайдо кард.
Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар Telegram-канали худ хабар дод.
Ҳамин тариқ, ҳоло барои қабул шудан ба мактабҳо фарзандони муҳоҷирон бояд имтиҳони забони русиро бомуваффақият супоранд ва ҳадди ақал ба 90% саулҳои санҷиш ҷавоби дуруст диҳанд.
Илова бар ин, қонунӣ будани ҳузури онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия низ санҷида мешавад.
Раиси Думаи давлатӣ тавзеҳ дод, ки тибқи тартиби нави санҷиши дониши кӯдакони муҳоҷир аз забони русӣ, ки аз 1 апрел оғоз мешавад, барои дохилшавӣ ба синфи 1 бояд ба 9 аз 10 савол ҷавоби дуруст дод.
"Барои қабул ба синфҳои 2-5 ба 18 аз 20 савол; дар синфҳои 6-9 ба 20 аз 22 савол; дар синфҳои 10-11 ба 22 аз 24 савол бояд ҷавоб дод", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, имтиҳони забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад ва тамоми раванд сабти видеоӣ шуда, посухҳои шифоҳии кӯдак дар аудио сабт мегардад.
Дар сурате агар кӯдак аз имтиҳон намегузарад ба ӯ омӯзиши иловагии забони русӣ пешниҳод мешавад ва танҳо пас аз се моҳ дубора имтиҳон месупорад.
Тибқи феҳристи Вазорати маориф, санҷиш дар 3 174 муассисаи таълимӣ гузаронда хоҳад шуд.