https://sputnik.tj/20250401/rusiya-sanjish-rusidoni-farzandon-muhojiron-shuru-shud-1066811799.html
Дар Русия санҷиши русидонии фарзандони муҳоҷирон оғоз меёбад
Дар Русия санҷиши русидонии фарзандони муҳоҷирон оғоз меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қонуни нав фарзандони муҳоҷирон танҳо ба шарте ба дабистонҳо қабул мекунанд, агар имтиҳон аз забони русиро бомуваффақ супоранд
2025-04-01T14:43+0500
2025-04-01T14:43+0500
2025-04-01T14:43+0500
русия
муҳоҷират
имтиҳон
барои фарзандони муҳоҷирин
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064216089_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_dd25727cd5802df11121b3b47eee3e87.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Аз 1 апрел ба кӯдакони муҳоҷир лозим меояд, ки барои дохил шудан ба макотиб имтиҳон аз забони русиро бояд супоранд.Чунин фармон аз сӯи кишвардори Русия моҳи декабри соли гузашта имзо шуд. Тибқи фармони президент, минбаъд бедонистани забони русӣ қабули кӯдакони хориҷиён ба дабистонҳо манъ аст.Бояд гуфт, муаллифони ташаббус раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, ноиби спикер Ирина Яровая, роҳбарони кумитаҳо ва фраксияҳои калидии палатаи поёнии парлумон буданд. Ҳамин тариқ кӯдакони аз синфи 1 то 11- ро аз малакаи суханронӣ, гӯш кардан, хондан, навиштан, фаҳмиши нутқи шифоҳӣ ва дониши лексикӣ-грамматикӣ санҷида мешаванд.Санҷиш на бештар аз 80 дақиқа давом мекунад ва он дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ е мунисипалӣ гузаронида мешавад.Қаблан, Рособрнадзор дар робита ба ҷорӣ кардани санҷиши забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон гуфт, ки имтиҳон барои бомуваффақият азхуд кардани барномаи мактабӣ дар барбари ҳамсолони руси худ зарур аст.Натиҷаи мусбати санҷиш арзебии "қаноатбахш" - ро талаб мекунад. Илова бар ин, пеш аз ба мактаб дохил шудани кӯдак, қонунияти ҳузури кӯдакон дар Русия низ санҷида мешавад.Тибқи маълумоти муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко, дар Русия имсол тақрибан 155 ҳазор кӯдаки шаҳрвандони хориҷӣ ба мактаб рафтанд.
https://sputnik.tj/20250325/rusiya-farzandon-muhojiron-imtihon-zaboni-rusi-omoda-1066704109.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064216089_109:0:2838:2047_1920x0_80_0_0_4645607f0709ee90149ca8f6d0be5c83.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия имтиҳон забони русӣ фарзандон муҳоҷирон
русия имтиҳон забони русӣ фарзандон муҳоҷирон
Дар Русия санҷиши русидонии фарзандони муҳоҷирон оғоз меёбад
Тибқи қонуни нав фарзандони муҳоҷирон танҳо ба шарте ба дабистонҳо қабул мекунанд, агар имтиҳон аз забони русиро бомуваффақ супоранд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Аз 1 апрел ба кӯдакони муҳоҷир лозим меояд, ки барои дохил шудан ба макотиб имтиҳон аз забони русиро бояд супоранд.
Чунин фармон аз сӯи кишвардори Русия моҳи декабри соли гузашта имзо шуд. Тибқи фармони президент, минбаъд бедонистани забони русӣ қабули кӯдакони хориҷиён ба дабистонҳо манъ аст.
Бояд гуфт, муаллифони ташаббус раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, ноиби спикер Ирина Яровая, роҳбарони кумитаҳо ва фраксияҳои калидии палатаи поёнии парлумон буданд.
Ҳамин тариқ кӯдакони аз синфи 1 то 11- ро аз малакаи суханронӣ, гӯш кардан, хондан, навиштан, фаҳмиши нутқи шифоҳӣ ва дониши лексикӣ-грамматикӣ санҷида мешаванд.
Санҷиш на бештар аз 80 дақиқа давом мекунад ва он дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ е мунисипалӣ гузаронида мешавад.
Қаблан, Рособрнадзор дар робита ба ҷорӣ кардани санҷиши забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон гуфт, ки имтиҳон барои бомуваффақият азхуд кардани барномаи мактабӣ дар барбари ҳамсолони руси худ зарур аст.Натиҷаи мусбати санҷиш арзебии "қаноатбахш" - ро талаб мекунад.
Илова бар ин, пеш аз ба мактаб дохил шудани кӯдак, қонунияти ҳузури кӯдакон дар Русия низ санҷида мешавад.
Тибқи маълумоти муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко, дар Русия имсол тақрибан 155 ҳазор кӯдаки шаҳрвандони хориҷӣ ба мактаб рафтанд.