Вячеслав Володин Рустами Эмомалиро ба Русия даъват кард

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиРустам Эмомали и Вячеслав Володин
Рустам Эмомали и Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия раиси шаҳри Душанберо барои иштирок дар форуми бахшида 80-солагии ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Русия даъват кард
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар як суҳбати телефонӣ раиси маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба Русия даъват кард.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти Думаи давлатии Русия.
Ба иттилои манбаъ, раиси Думаи давлатии Русия Вячаслав Володин дар суҳбати телефонӣ бо Рустами Эмомалӣ Форуми байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Мероси бузург — ояндаи муштарак"-ро, ки бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Ин чорабинӣ дар шаҳри қаҳрамони Волгоград дар охири моҳи апрел таҳти сарпарастии Ассамблеяи парлумонии Иттиҳодияи Беларус ва Русия баргузор мешавад.
Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Песков: Тоҷикистон шарик ва ҳампаймони наздики Русия аст
Дар он намояндагони мақомоти қонунгузори давлатҳои ИДМ, як қатор давлатҳои дӯст, инчунин доираҳои илмӣ ва коршиносон ширкат меварзанд.
“Раиси Думаи давлатӣ ҳайати порлумони Тоҷикистонро барои ширкат дар кори ҳамоиш даъват кардааст. Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳ изҳори сипос намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар сухбат инчунин ахамияти форум барои нигоҳ доштани ҳақиқати таърихии воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалаба бар фашизм кайд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0