Песков: Тоҷикистон шарик ва ҳампаймони наздики Русия аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДмитрий Песков. Архивное фото
Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо рӯзноманигорон Тоҷикистонро шарики хеле наздик ва ҳампаймони кишвараш номид
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий песков ахиран ба рӯзноманигорон гуфт, ки Тоҷикистон барои Русия ҳампаймон ва шарики наздик ба ҳисоб меравад.
Дмитрий Песков, ҳамчунин гуфт, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Русия рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар як фазои ғайрирасмӣ гуфтугӯ карданд.
"Имрӯз аз бисёр ҷиҳат рӯзи равобити Русияву Тоҷикистон аст, имрӯз рӯзи сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия аст. Ӯ имрӯз дар Маскав аст”, - гуфт ӯ.
Оқои Песков илова кард, ки қаблан дидори ғайрирасмии роҳбарони ду кишвар сурат гирифт.
“Дирӯз ва имрӯз онҳо имкон доштанд, ки дар фазои ғайрирасмӣ сӯҳбат кунанд. Маҳз дидор дар фазои ғайрирасмӣ имкон медиҳад сӯҳбатҳои пурмазмуну боваринок анҷом ёбад", - қайд кард сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Визит Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Сафари расмии Раҳмон дар Маскав оғоз шуд
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Интизор меравад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи душанбеи 17 март бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом доданд.
Дар он раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ ширкат дошт, ки қаблан дар нахустин сафари хориҷии худ пас аз пирӯзӣ дар интихобот аз Маскав дидан карда буд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни як чорабинии муштарак президентҳо бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон сӯҳбати телефонӣ кардаанд.
Аз соли 1992 ин 88-умин сафари Раҳмон ба Русия аст. Бори охир раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабри соли 2024 барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони ИДМ ба Русия сафар карда буд.
Лентаи хабарҳо
0