https://sputnik.tj/20250322/sozishnomai-marzi-tojikiston-qirghiziston-osiyoi-markazi-tasir-1066678280.html
Давраи нав: Созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Давраи нав: Созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Бо сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон ва имзои як қатор асноди ҳамкорӣ, даврони ихтилофҳо ҷои худро ба давраи ҳамкориҳо холӣ кард
2025-03-22T11:39+0500
2025-03-22T11:39+0500
2025-03-22T11:39+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
коршинос
марз
осиёи марказӣ
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0d/1066555815_193:154:2765:1601_1920x0_80_0_0_3be092f8490bd803400061808e738097.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 март – Sputnik. Ихтилофҳои марзӣ миёни ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар солҳои 70 – уми замони Шӯравӣ шуруъ шуда буд.Нахустин ихтилоф аз сӯи ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ бартараф шуд, аммо бо суқути ин абарқудрат даргириҳо боз ба вуқуъ пайваст.Дар солҳои истиқлолият дар миёни ин ду ҷумҳурӣ зиёда аз 230 ҳолати муноқиша ба қайд гирифта шуд. Гармтарин марҳила аз соли 2019 то 2022 буд, ки ҳарду ҷониб талафоти зиёд дидаанд.Бино ба иттилои манобеъи мухталиф, дар кул даргириҳои марзӣ тайи 50 соли ахир аз ду ҷониб ҳудуди 800 нафарро куштаву захмӣ ба ҷой гузоштааст. Дар ин миён ҳудуди 400 манзил аз ҳарду тараф тахриб ё батамом нобуд шудаанд.Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди 70 қитъа дар марзи 984 – километраи Тоҷикистону Қирғизистон баҳсӣ ба шумор меомаданд, ки дар ниҳоят 4 декабри соли 2024 ҳама муайян ва аломатгузорӣ шуда, созишномаи ниҳоӣ ба имзо расид.Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ва имзои созишномаи марзӣ бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон баёнгари хотимаи ин баҳсҳои қариб 50-сола аст.Ҳарчанд мухолифини тоҷику қирғиз ҳукуматҳои худро муттаҳам ба нобаробарӣ ҳангоми таъйину тақсими марзҳо ва “нодида гирифтани манофеъи миллӣ” айбдор мекунанд, мақомоти расмӣ анҷоми баҳсҳои марзиро дастоварди бузургу таърихӣ ва оғози даврони ҷадид дар равобити ду кишвар эълом медоранд.Ҳама коршиносони минтақавӣ бар ин назаранд, ки ба анҷоми баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон қабл аз ҳама манофеъи миллӣ ва иродаи муштараки ду кишвар нақши калидиро доштанд. агар худи онҳо намехостанд ва талош намекарданд, тамоми пуштибонии дохиливу хориҷӣ вуҷуд дошт, ки ба ихтилофҳои худ идома диҳанд.Ба қавли онҳо, созишномаи миёни ду кишвар бояд Наврӯзи соли гузашта ба имзо мерасид, аммо маҳз ба хотири як қатор дахолатҳои хориҷӣ ва авомили дохилӣ раванд ба таъхир афтод.Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ин иттифоқи назар, ки бояд ду ҳамсоякишвар, ҳеҷ манфиат дар ихтилоф надоранд ва баҳсҳо ҳам ҳалшаванда ҳастанд, аз оғоз маълум буд.“Чунин вазъ аз сӯи истихбороти хориҷӣ, ки мехост қазия ба як ҷанги мудаввом мунҷар шавад, болои ҳукумати ҷадид дикта мешуд. Тайи се соли ахир дар Қирғизистон ҳукумати тавоно сари кор омад, ибтикорро ба даст гирифт ва қазияро махтума кард”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.Вай афзуд, масири Қирғизистон то ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон барои Тоҷикистон “роҳи ҳаёт” маҳсуб мешуд, зеро Тошканд як гуна сиёсати ғайриалании хасмона бо Душанбе дошт, низоми раводид ва сари колои воридотиву содиротии Тоҷикистон ҳам пардохтҳои сангин ҷорӣ карда буд.Иддаи дигар аз коршиносон фароҳам шудани хатми баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро ба шароити ҷадид дар минтақаву фазои ИДМ ва СҲШ рабт медиҳанд, ки зарурати поён додан ба танҳо буҳрон дар Осиёи Марказиро ба вуҷуд овард. Аъзои ин созмонҳо беш аз ҳар замон ба амнияти пойдор ниёз доранд, то суботи сиёсиву иқтисодии худро таъмин кунанд.Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, “меҳвари Шарқ” - Русияву Чин ва Эрон ва “меҳвари Ғарб” – Амрикову Аврупо бо иттифоқи Туркия дар ҳоли рақобати шадид дар Осиёи Марказӣ қарор доранд, аммо имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нишон дод, ки “меҳвари Ғарб” рақобатро дар ин марҳала бохт.“Иттилоъи дақиқ вуҷуд дорад, ки ихтилофҳои марзӣ бо Тоҷикистон низ тариқи авомили нуфузи он дар Қирғизистон ва аз сӯи ин меҳвар сармоягузорӣ мешуд. Аммо меҳвари Шарқ тавонист раванди музокироти ҷонибҳоро дар сатҳи сиёсиву дипломатӣ ва амниятӣ дастгирӣ кунад, дар акси ҳол “меҳвари Ғарб” ҳеҷ гоҳ иҷоза намедод, ки оташи ин ихтилофҳо фурӯ нишинад ва василаи фишор ба “меҳвари Шарқ” аз даст равад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.Вай афзуд, Русия, минҳайси кишвари калидии ИДМ, нахуст ба амният дар ин фазо ва ҳам масири тиҷории амн ба Осиёи Ҷанубӣ, ё “обҳои гарм” ва Чин ҳам ба амнияти марзҳои шарқӣ ва масири тарҳи “Камарбанду ҷода” ниёз доранд ва Эрон намехоҳад, ки дар шарқ як сӯи як Ховари Миёнаи дигар таҳдид шавад.Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, рушди иқтисодии ду кишвар соли гузашта ҳудуди 7% - ро ташкил дод ва марзҳои баста аз ин ба баъд монеъи ин рушд мешуданд.“Қирғизистон як ҳаби тиҷорӣ миёни Чину Осиёи Марказӣ ва Русия аст ва ба масири амн ба ҷануб ниёз дорад, ки аз Тоҷикистон мегузарад. Ё тарҳи бузурги CASA-1000, ки ҳарду кишвар дар он нақши калидӣ доранд. Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳаби тиҷории Қирғизистон ва пайвастан ба Шимол, бахусус, фазои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Чин ниёз дорад. Ва ин ҳама вобастагиҳо табииянд. Аз ин хотир, ихтилоф бар хилофи манофеъи худ чаро?”, - гуфт устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.Коршиносон мегӯянд, бо имзои созишномаи марзӣ даврони ихтилофҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷойи худро ба даврони ҷадиди ҳамкориҳои иқтисодӣ холӣ мекунад ва ҳамзамон охирин таҳдиди воқеӣ ба амнияти минтақа маҳор мешавад, он чӣ ки аҳамияти худро баъд аз солҳо на фақат барои Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он нишон хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20250313/rahmon-va-jabborov-sozishnoma-dar-borai-marzi-tojikistonu-qirghizistonro-imzo-kardand-1066550789.html
https://sputnik.tj/20250313/imzoi-sanadi-navi-hamkori-miyoni-tojikistonu-qirghiziston-1066556870.html
https://sputnik.tj/20250314/tojikistonu-qirghiziston-taboduli-koloro-million-dollar-rasonand-1066562521.html
https://sputnik.tj/20250314/vukh-rusiya-imzoi-sozishnoma-marz-tojikiston-qirghiziston-istiqbol-1066563657.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0d/1066555815_322:103:2765:1935_1920x0_80_0_0_58a43ecec648b3b48eced336d3dbbcb7.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, созишнома, осиёи марказӣ, таъсир, ҳамкорӣ, раҳмон
тоҷикистон, қирғизистон, созишнома, осиёи марказӣ, таъсир, ҳамкорӣ, раҳмон
Давраи нав: Созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Бо сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон ва имзои як қатор асноди ҳамкорӣ, даврони ихтилофҳо ҷои худро ба давраи ҳамкориҳо холӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 март – Sputnik. Ихтилофҳои марзӣ миёни ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар солҳои 70 – уми замони Шӯравӣ шуруъ шуда буд.
Нахустин ихтилоф аз сӯи ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ бартараф шуд, аммо бо суқути ин абарқудрат даргириҳо боз ба вуқуъ пайваст.
Дар солҳои истиқлолият дар миёни ин ду ҷумҳурӣ зиёда аз 230 ҳолати муноқиша ба қайд гирифта шуд. Гармтарин марҳила аз соли 2019 то 2022 буд, ки ҳарду ҷониб талафоти зиёд дидаанд.
Бино ба иттилои манобеъи мухталиф, дар кул даргириҳои марзӣ тайи 50 соли ахир аз ду ҷониб ҳудуди 800 нафарро куштаву захмӣ ба ҷой гузоштааст. Дар ин миён ҳудуди 400 манзил аз ҳарду тараф тахриб ё батамом нобуд шудаанд.
Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди 70 қитъа дар марзи 984 – километраи Тоҷикистону Қирғизистон баҳсӣ ба шумор меомаданд, ки дар ниҳоят 4 декабри соли 2024 ҳама муайян ва аломатгузорӣ шуда, созишномаи ниҳоӣ ба имзо расид.
Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ва имзои созишномаи марзӣ бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон баёнгари хотимаи ин баҳсҳои қариб 50-сола аст.
Ҳарчанд мухолифини тоҷику қирғиз ҳукуматҳои худро муттаҳам ба нобаробарӣ ҳангоми таъйину тақсими марзҳо ва “нодида гирифтани манофеъи миллӣ” айбдор мекунанд, мақомоти расмӣ анҷоми баҳсҳои марзиро дастоварди бузургу таърихӣ ва оғози даврони ҷадид дар равобити ду кишвар эълом медоранд.
Ҳама коршиносони минтақавӣ бар ин назаранд, ки ба анҷоми баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон қабл аз ҳама манофеъи миллӣ ва иродаи муштараки ду кишвар нақши калидиро доштанд. агар худи онҳо намехостанд ва талош намекарданд, тамоми пуштибонии дохиливу хориҷӣ вуҷуд дошт, ки ба ихтилофҳои худ идома диҳанд.
Ба қавли онҳо, созишномаи миёни ду кишвар бояд Наврӯзи соли гузашта ба имзо мерасид, аммо маҳз ба хотири як қатор дахолатҳои хориҷӣ ва авомили дохилӣ раванд ба таъхир афтод.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ин иттифоқи назар, ки бояд ду ҳамсоякишвар, ҳеҷ манфиат дар ихтилоф надоранд ва баҳсҳо ҳам ҳалшаванда ҳастанд, аз оғоз маълум буд.
“Чунин вазъ аз сӯи истихбороти хориҷӣ, ки мехост қазия ба як ҷанги мудаввом мунҷар шавад, болои ҳукумати ҷадид дикта мешуд. Тайи се соли ахир дар Қирғизистон ҳукумати тавоно сари кор омад, ибтикорро ба даст гирифт ва қазияро махтума кард”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Вай афзуд, масири Қирғизистон то ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон барои Тоҷикистон “роҳи ҳаёт” маҳсуб мешуд, зеро Тошканд як гуна сиёсати ғайриалании хасмона бо Душанбе дошт, низоми раводид ва сари колои воридотиву содиротии Тоҷикистон ҳам пардохтҳои сангин ҷорӣ карда буд.
“Ғаллаи Қазоқистон, маводи нафтии Русия, колои саноатии Чин ва дигар амвол аксаран аз тариқи Қирғизистон вориди Тоҷикистон мешуданд. Вақте равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳбуд ёфт ва масирҳо боз шуданд, Бишкек дигар абзори фишорашро аз даст дод”, - гуфт устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Иддаи дигар аз коршиносон фароҳам шудани хатми баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро ба шароити ҷадид дар минтақаву фазои ИДМ ва СҲШ рабт медиҳанд, ки зарурати поён додан ба танҳо буҳрон дар Осиёи Марказиро ба вуҷуд овард. Аъзои ин созмонҳо беш аз ҳар замон ба амнияти пойдор ниёз доранд, то суботи сиёсиву иқтисодии худро таъмин кунанд.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, “меҳвари Шарқ” - Русияву Чин ва Эрон ва “меҳвари Ғарб” – Амрикову Аврупо бо иттифоқи Туркия дар ҳоли рақобати шадид дар Осиёи Марказӣ қарор доранд, аммо имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нишон дод, ки “меҳвари Ғарб” рақобатро дар ин марҳала бохт.
“Иттилоъи дақиқ вуҷуд дорад, ки ихтилофҳои марзӣ бо Тоҷикистон низ тариқи авомили нуфузи он дар Қирғизистон ва аз сӯи ин меҳвар сармоягузорӣ мешуд. Аммо меҳвари Шарқ тавонист раванди музокироти ҷонибҳоро дар сатҳи сиёсиву дипломатӣ ва амниятӣ дастгирӣ кунад, дар акси ҳол “меҳвари Ғарб” ҳеҷ гоҳ иҷоза намедод, ки оташи ин ихтилофҳо фурӯ нишинад ва василаи фишор ба “меҳвари Шарқ” аз даст равад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Вай афзуд, Русия, минҳайси кишвари калидии ИДМ, нахуст ба амният дар ин фазо ва ҳам масири тиҷории амн ба Осиёи Ҷанубӣ, ё “обҳои гарм” ва Чин ҳам ба амнияти марзҳои шарқӣ ва масири тарҳи “Камарбанду ҷода” ниёз доранд ва Эрон намехоҳад, ки дар шарқ як сӯи як Ховари Миёнаи дигар таҳдид шавад.
“Дар як калом, дар ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон манофеъи геополитикии қудратҳои минтақаӣ ва ҳам худи кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозиданд”, - гуфт коршинос.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, рушди иқтисодии ду кишвар соли гузашта ҳудуди 7% - ро ташкил дод ва марзҳои баста аз ин ба баъд монеъи ин рушд мешуданд.
“Қирғизистон як ҳаби тиҷорӣ миёни Чину Осиёи Марказӣ ва Русия аст ва ба масири амн ба ҷануб ниёз дорад, ки аз Тоҷикистон мегузарад. Ё тарҳи бузурги CASA-1000, ки ҳарду кишвар дар он нақши калидӣ доранд. Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳаби тиҷории Қирғизистон ва пайвастан ба Шимол, бахусус, фазои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Чин ниёз дорад. Ва ин ҳама вобастагиҳо табииянд. Аз ин хотир, ихтилоф бар хилофи манофеъи худ чаро?”, - гуфт устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Коршиносон мегӯянд, бо имзои созишномаи марзӣ даврони ихтилофҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷойи худро ба даврони ҷадиди ҳамкориҳои иқтисодӣ холӣ мекунад ва ҳамзамон охирин таҳдиди воқеӣ ба амнияти минтақа маҳор мешавад, он чӣ ки аҳамияти худро баъд аз солҳо на фақат барои Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он нишон хоҳад дод.