ВУХ: Русия аз имзои созишномаи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол мекунад

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2025
Обуна шудан
Муносибат миёни шарикони стратегии Русия - Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сатҳи нави хоҳанд расид, таъкид кард Вазорати хориҷаи Русия
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Русия аз имзои созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол мекунад, ва бар он аст, ки ин созишнома ба таҳкими субот ва амният мусоидат мекунад.
Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Русия хабар дод.
"Ҳеҷ шак нест, ки иҷрои ин созишнома ба таҳкими субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти ВУХ-и Русия.
Вазорат таъкид кардааст, ки равобити муттаҳидон ва шарикони стратегии Русия - Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи нав мерасад.
Дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, ки ин тавофуқ ба шарофати иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар ва ҳамчунин кори тӯлонӣ ва заҳматталаби гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия марз ба даст омадааст.
"Ҷониби Русия ҳамеша ба шарикон дар Душанбе ва Бишкек ба манфиъати ҳалли ниҳоии масоили марзӣ кумаки сиёсӣ ва дипломатӣ расонидааст", - таъкид кардааст вазорати хориҷаи Русия.
Чунин назарро Иттиҳодияҳои буналмилалии ҳам доранд. Ба ин тартиб, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) имзои созишномаи марзиро миёни Душанбе ва Бишкек чун баёни “иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар” истиқбол кардааст.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Ятимов дар бораи созишномаи марз: “Манфиати ду давлат ба назар гирифта шуд”
Дар ин бора котиботи СПАД хабар дод.
"Бо талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар хатти сарҳади давлатӣ дар тамоми тӯли тақрибан ҳазор километри он мувофиқа карда шуд", - омадааст дар изҳорот.
Илова бар ин, ҳалли масъалаҳои марзӣ ба рушди босуръати ҳамкориҳои минтақавӣ дар самтҳои гуногун мусоидат хоҳад кард, таъкид кардааст СПАД.
Ин ҳамчунин ба афзоиши амният дар минтақаи масъулияти СПАД ва иҷрои вазифаҳои созмон мусоидат хоҳад кард.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) низ ба бастани созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш нишон дод.
"Кишварҳои узви СҲШ аҳамияти хоси созишномаи имзошударо қайд намуда, онро саҳми арзанда ба кори сулҳу амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ кард", - қайд кардааст СҲШ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни як сафари дурӯза ба Бишкек бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷаююоров, созишномаи марзиро ба имзо расонд.
Подписание двусторонних документов по итогам переговоров президентов Кыргызстана Садыра Жапарова и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Дар маҷмӯъ ҷонибҳо зиёда аз 16 санади байнидавлатиро ба имзо расониданд. Илова бар созишномаи муҳим дар бораи аломатгузории сарҳад, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки парвозҳои ҳавопаймо ва автобусҳоро аз сар гирифта шаванд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудудивилоятҳои Суғду Ботканд мавҷуд аст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад – ва он замон ҷонибҳо дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба тавофуқ нарасиданд.
Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Лентаи хабарҳо
0