Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд табодули колоро то 500 миллион доллар расонанд

© Foto / Пресс-служба президента КыргызстанаПереговоры на высшем уровне между Таджикистаном и Кыргызстаном
Переговоры на высшем уровне между Таджикистаном и Кыргызстаном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Қирғизистон барои то ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот талош хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар назди намояндагони васоити ахбори омма баъд аз имзои 16 санади ҳамкорӣ бо Қирғизистон гуфт, ки ҳукумати ду кишвар барои афзоиш додани додугирифт талош хоҳанд кард.
Раисҷумҳур гуфт, ки ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додем, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шеваҳои нави зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти мубодилашаванда тадбирҳои зарурӣ андеша шавад.
“Барои то ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот мувофиқа ба даст оварда шуд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои рушди кооператсияи саноатӣ ҳамчун асоси рушди робитаҳои иқтисодии ду давлат дар оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки таҷрибаи ташкили истеҳсолоти муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат идома дода шавад.
“Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият доранд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон афзуд ҳар ду кишвар ҳамчунин имконоти бузурги ҳамкории байниминтақавиро дар комплекси агросаноатӣ таъкид намуданд.
Подписание двусторонних документов по итогам переговоров президентов Кыргызстана Садыра Жапарова и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Вай гуфт, бо президенти Қирғизистон ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории ду давлатро дар бахши гидроэнергетика густариш диҳем.
Вай илова кард, ки дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, КАСА-1000 аҳамияти муҳим дорад.
“Мо қарор қабул намудем, ки Комиссияи муштараки хоҷагии об таъсис дода шавад”, - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар маркази таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар буд.
“Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0