Раҳмон ва Путин аз Маскав ба сохтмони Театри Маяковский дар Душанбе оғоз бахшиданд

Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Русия ба таври фосилавӣ ба сохтмони Маркази байналмилалии таълимии омӯзиши кӯдакони болаёқат ва театри Маяковский ҳусни оғоз бахшиданд
Владимир Путин кишвардори Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври фосилавӣ аз Кремл дар маросими оғози сохтмони Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат ва Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе ширкат варзиданд.
Бо розигии сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.
Сарони ду давлат ва дигар ҳозирин маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳими соҳаҳои фарҳанг ва маорифро дар мониторҳои калон дар Қасри Кремл мушоҳида намуданд.
Мақомоти Тоҷикистон оғози сохтмони ин ду иншоотро боз як нишонаи тавсеаи бомароми робитаҳои гуманитариву фарҳангии Тоҷикистону Русия донистааст.
Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои 500 нафар пешбинӣ шуда, дар хобгоҳи он то 300 муҳассил матвонанд зиндагӣ кунанд.
Муассиса дар асоси стандартҳои таълимии шабеҳи маркази таълимии Сириус фаъолият хоҳад кард.
Путин тоҷикистониёнро ба Наврӯзу Раҳмонро ба пирӯзии ҳизбаш дар интихобот табрик гуфт
Мӯҳлати анҷоми сохтмони ин марказ дар Душанбе моҳи декабри соли 2026 мебошад.
Сохтмони бинои нави Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский низ то моҳи декабри соли 2026 ба анҷом хоҳад расид.
Он барои 500 тамошобин пешбинӣ шудааст. Аввалин театри драмавии русӣ дар Душанбе таърихи худро аз соли 1937 оғоз кардааст.
Путин ва Раҳмон боз 9 май дар пойтахти Русия дидор хоҳанд кард
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Русия дар Кремл бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ вориди Маскав шудааст, мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи шанбе бо як сафари расмӣ вориди Русия шуд. Ӯ қабл аз сафараш ба Русия бо Владимир Путин мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дод, ки дар он раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ ширкат дошт.
Лентаи хабарҳо
0