https://sputnik.tj/20250317/putin-rahmon-may-poytakhti-rusiya-didor-khohand-kard-1066599404.html
Путин ва Раҳмон боз 9 май дар пойтахти Русия дидор хоҳанд кард
Путин ва Раҳмон боз 9 май дар пойтахти Русия дидор хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи ғалаба рӯзи 9 май ба пойтахти Русия сафар хоҳад кард
2025-03-17T17:44+0500
2025-03-17T17:44+0500
2025-03-17T17:44+0500
дар тоҷикистон
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
маскав
рӯзи ғалаба
иштирок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057021625_0:0:2266:1275_1920x0_80_0_0_93db3010c37e8545431a402489adfaf9.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро рӯзи 9-уми май дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба интизор аст."Мо шуморо рӯзи 9 май дар Маскав интизорем. Мо медонем, Шумо даъвати моро пазируфтед. Мо интизорем, ки Шумо рӯзи 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунед", гуфт Путин. Бояд гуфт, ки чанде пеш Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раҳбари Русия, рӯзи 9 май дар Русия боз дидору мулоқот хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Маскав қарор дорад.Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков Владимир Путин, бо анҷоми чорабиниҳои марбут ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқотҳои кории ғайрирасмӣ баргузор мекунад."Баъди ба охир расидани сафари раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай дар Кремл дидорҳои зиёди ғайрирасмӣ ба нақша гирифта шудааст", — гуфт Песков.Дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон “суҳбати як ба як” ва баъдан музокирот дар сатҳи ҳайатҳо анҷом хоҳад дод.Илова бар ин, ду раҳбар дар Душанбе ба бунёди як маркази байналмилалии кӯдакони болаёқат ва театри Маяковский тавассути фосилавӣ оғоз мебхшанд.Бояд гуфт, ки қаблан дидору музокироти ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон, Александр лукашенко ва Владимир Путин дар минск сурат гирифта буд."Дирӯз ва рӯзи шанбе онҳо имкон доштанд, дар фазои ғайрирасмӣ сӯҳбат кунанд", - таъкид кард оқои Песков.Сухангӯи раисҷумҳури Русия илова кард, ки Путин ва Раҳмон мулоқоти худро рӯзи 9 май идома медиҳанд.Вай афзуд, ки Тоҷикистон шарики хеле наздик ва ҳампаймон стратегии русия аст.
https://sputnik.tj/20250317/peskov-tojikiston-sharik-hampaymoni-nazdiki-rusiya-1066599118.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057021625_0:0:2266:1700_1920x0_80_0_0_d991966e7b67094962a645e742ce0ae2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, раҳмон, рӯзи ғалаба, раисҷумҳур, путин,
тоҷикистон, русия, раҳмон, рӯзи ғалаба, раисҷумҳур, путин,
Путин ва Раҳмон боз 9 май дар пойтахти Русия дидор хоҳанд кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи ғалаба рӯзи 9 май ба пойтахти Русия сафар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро рӯзи 9-уми май дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба интизор аст.
"Мо шуморо рӯзи 9 май дар Маскав интизорем. Мо медонем, Шумо даъвати моро пазируфтед. Мо интизорем, ки Шумо рӯзи 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунед", гуфт Путин.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раҳбари Русия, рӯзи 9 май дар Русия боз дидору мулоқот хоҳанд кард.
"Президентҳо (Путин ва Раҳмон) рӯзи 9 май бо мулоқот мекунанд ва муоширати худро идома медиҳанд. Сарвари Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро бо мо ҷашн мегирад", - гуфт Песков.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Маскав қарор дорад.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков Владимир Путин, бо анҷоми чорабиниҳои марбут ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқотҳои кории ғайрирасмӣ баргузор мекунад.
"Баъди ба охир расидани сафари раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай дар Кремл дидорҳои зиёди ғайрирасмӣ ба нақша гирифта шудааст", — гуфт Песков.
Дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон “суҳбати як ба як” ва баъдан музокирот дар сатҳи ҳайатҳо анҷом хоҳад дод.
Илова бар ин, ду раҳбар дар Душанбе ба бунёди як маркази байналмилалии кӯдакони болаёқат ва театри Маяковский тавассути фосилавӣ оғоз мебхшанд.
"Ин марҳалаҳои хеле муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи мо мебошанд", - қайд кард Песков.
Бояд гуфт, ки қаблан дидору музокироти ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон, Александр лукашенко ва Владимир Путин дар минск сурат гирифта буд.
"Дирӯз ва рӯзи шанбе онҳо имкон доштанд, дар фазои ғайрирасмӣ сӯҳбат кунанд", - таъкид кард оқои Песков.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия илова кард, ки Путин ва Раҳмон мулоқоти худро рӯзи 9 май идома медиҳанд.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон шарики хеле наздик ва ҳампаймон стратегии русия аст.