Путин тоҷикистониёнро ба Наврӯзу Раҳмонро ба пирӯзии ҳизбаш дар интихобот табрик гуфт

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкВстреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Встреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия зимни дидор бо раиҳбари Тоҷикистон дар Кохи Кремлин мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни Наврӯз табрик кард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи дарпешистода табрик гуфт.
"Пеш аз оғози сӯҳбати худ мехоҳам, ки шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни дарпешистодаи Наврӯз - 21-уми март табрик намоям. Ба шумо ва ҳамаи дӯстони мо дар Тоҷикистон ва ба ҳар як хонавода беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам", - гуфт Путин
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ҳамтои тоҷикашро бо пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи порлумонии авоили моҳи март табрик гуфт.
"Шумо рӯзи 2 март интихобот доштед. Ҳизбе, ки шумо раҳбарӣ мекунед, пирӯзии боварибахш ба даст овард. Ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки мардуми Тоҷикистон аз шумо пуштибонӣ мекунанд. Мо умедворем, ки роҳи шумо дар самти муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Русия низ дар миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастгирӣ меёбад", - гуфт Путин.
Вай изҳои умедворӣ кард, ки Русия ва Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Песков: Тоҷикистон шарик ва ҳампаймони наздики Русия аст
Оқои Путин илова кард, ки Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои амниятӣ дар минтақаи масъулияти СПАД-ро якҷоя ҳал мекунанд.
"Мо барои таъмини амният дар минтақаи худ дар минтақаи масъулияти СПАД ҳамкорӣ мекунем. Тоҷикистон дар ин созмон фаъол аст", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия дар Кремл бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ вориди Маскав шудааст, мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи шанбе бо як сафари расмӣ вориди Русия шуд. Ӯ қабл аз сафараш ба Русия бо Владимир Путин мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дод, ки дар он раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ ширкат дошт.
Лентаи хабарҳо
0