https://sputnik.tj/20250310/iftitoh-sangi-yodbud-jangovaroni-jangi-buzurgi-vatani-dushanbe-1066515539.html
Ифтитоҳи санги ёдбуд ба хотири ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - видео
Ифтитоҳи санги ёдбуд ба хотири ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар қабристони православии шаҳри Душанбе санги ёдбуд ба хотири сарбозони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ифтитоҳ шуд
2025-03-10T19:01+0500
2025-03-10T19:01+0500
2025-03-10T19:01+0500
видео
ифтитоҳ
муҷассама
душанбе
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
ёдбуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0a/1066516276_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_16d3d6b94a98ad8312f43c92baef17a7.jpg
Дар қабристони православии шаҳри Душанбе каме дуртар аз калисои Николаси муқаддаси шаҳри Душанбе як санги ёдбуд, ки бо маблағгузории Русия ба хотираи сарбозони Артиши Сурх, ки дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳид ё бар асари захмиҳо дар бемористонҳои Тоҷикистони Шӯравӣ ҷон бохтаанд шуданд, барқарор ва ифтитоҳ шуд.Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” хабар додааст.Санги ёдбуд 5 метр баландӣ дорад, ки аз санги гранити сурх сохта шудааст.Санги ёдбуди қаблӣ дар ин мавзеъ соли 1965, ба муносибати 20-солагии Ғалаба сохта шуда буд. Он аз бетон сохта шуда буд ва ҳамагӣ ду метр баланд буд.Давоми солҳои қаблӣ санги ёдбуд ба таври ҷиддӣ харобу фарсуда шуда буд.Дар Тоҷикистон шумори собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ коҳиш ёфт"Ифтитоҳи санги ёдбуд яке аз рӯйдодҳои муҳими ин соли пурарзиш, дар арафаи 80-умин солгарди Ғалаба дар қаламрави Тоҷикистон аст. Имрӯз мо бо ифтитоҳи санги ёдбуд аз сарбозони артиши сурх, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтаанд, ёд мекунем. Ин санги ёдбуд бо маблағгузории Русия барқарор шудааст, ки дар он ном ва насабҳои афсарони шаҳидшуда, ки дар шаҳри Сталинобод дафн шуда буданд, навишта шудааст", - гуфт сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев ба хабарнигорон дар маросими ифтитоҳи ин санги ёдбуд.Пойтахти Точикистони Шӯравӣ аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт.Григорев таъкид кард, ки дар айни замон Ғалабаи бузург яке аз асосҳои муҳими муттаҳид намудани халқҳои кишварҳои ИДМ мебошад."Ҳифзи ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонони онҳое, ки ҷаҳонро бо қимати ҷони худ наҷот доданд, вазифаи муқаддаси мост", - гуфт сафири рус.Шукурҷон Зуҳуров: Тоҷикистон ба баргузории “Ҳанги ҷовидон” омодагӣ гирифтаастВай зикр кард, ки дар як қатор кишварҳои Аврупо алайҳи муҷассамаҳо ва қабристонҳои сарбозони шӯравӣ "ҷанги мутлақи таҳқиромез" ҷараён дорад ва дар ин замина "муносибати раҳбарияти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва тамоми сокинони кишвар ба хотираи муштараки таърихӣ сазовори миннатдории амиқ аст".Сафир изҳори умедворӣ кард, ки ин санги ёдбуд дар пиёдароҳи қаҳрамонони православии шаҳри Душанбе, ки номи 20 нафар низомиёнро, ки барои ояндаи хушбахтонаи авлодони худ ҷони худро қурбон кардаанд, абадӣ нигоҳ медорад ва ба яке аз ибодатгоҳҳои корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил хоҳад ёфт.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0a/1066516276_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_349c6d0db48e9454b532d08a6bd3e5f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, душанбе, ҷанги бузурги ватанӣ, хотирот, санги ёдбуд, ифтитоҳ
видео, душанбе, ҷанги бузурги ватанӣ, хотирот, санги ёдбуд, ифтитоҳ
Ифтитоҳи санги ёдбуд ба хотири ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - видео
Дар қабристони православии шаҳри Душанбе санги ёдбуд ба хотири сарбозони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ифтитоҳ шуд
Дар қабристони православии шаҳри Душанбе каме дуртар аз калисои Николаси муқаддаси шаҳри Душанбе як санги ёдбуд, ки бо маблағгузории Русия ба хотираи сарбозони Артиши Сурх, ки дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳид ё бар асари захмиҳо дар бемористонҳои Тоҷикистони Шӯравӣ ҷон бохтаанд шуданд, барқарор ва ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” хабар додааст.
Санги ёдбуд 5 метр баландӣ дорад, ки аз санги гранити сурх сохта шудааст.
Санги ёдбуди қаблӣ дар ин мавзеъ соли 1965, ба муносибати 20-солагии Ғалаба сохта шуда буд. Он аз бетон сохта шуда буд ва ҳамагӣ ду метр баланд буд.
Давоми солҳои қаблӣ санги ёдбуд ба таври ҷиддӣ харобу фарсуда шуда буд.
"Ифтитоҳи санги ёдбуд яке аз рӯйдодҳои муҳими ин соли пурарзиш, дар арафаи 80-умин солгарди Ғалаба дар қаламрави Тоҷикистон аст. Имрӯз мо бо ифтитоҳи санги ёдбуд аз сарбозони артиши сурх, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтаанд, ёд мекунем. Ин санги ёдбуд бо маблағгузории Русия барқарор шудааст, ки дар он ном ва насабҳои афсарони шаҳидшуда, ки дар шаҳри Сталинобод дафн шуда буданд, навишта шудааст", - гуфт сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев ба хабарнигорон дар маросими ифтитоҳи ин санги ёдбуд.
Пойтахти Точикистони Шӯравӣ аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт.
Григорев таъкид кард, ки дар айни замон Ғалабаи бузург яке аз асосҳои муҳими муттаҳид намудани халқҳои кишварҳои ИДМ мебошад.
"Ҳифзи ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонони онҳое, ки ҷаҳонро бо қимати ҷони худ наҷот доданд, вазифаи муқаддаси мост", - гуфт сафири рус.
Вай зикр кард, ки дар як қатор кишварҳои Аврупо алайҳи муҷассамаҳо ва қабристонҳои сарбозони шӯравӣ "ҷанги мутлақи таҳқиромез" ҷараён дорад ва дар ин замина "муносибати раҳбарияти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва тамоми сокинони кишвар ба хотираи муштараки таърихӣ сазовори миннатдории амиқ аст".
Сафир изҳори умедворӣ кард, ки ин санги ёдбуд дар пиёдароҳи қаҳрамонони православии шаҳри Душанбе, ки номи 20 нафар низомиёнро, ки барои ояндаи хушбахтонаи авлодони худ ҷони худро қурбон кардаанд, абадӣ нигоҳ медорад ва ба яке аз ибодатгоҳҳои корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил хоҳад ёфт.