Шукурҷон Зуҳуров: Тоҷикистон ба баргузории “Ҳанги ҷовидон” омодагӣ гирифтааст

© SputnikАкция "Бессмертный полк" в Душанбе
Акция Бессмертный полк в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Обуна шудан
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон гуфт барои гузаронидани "Ҳанги ҷовидон" дар ҷумҳурӣ дар рӯзи 9-уми май чораҳои зарурӣ андешида шудааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои баргузории раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар рӯзи 9-уми май тадбирҳо меандешад.
Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба хабаргузории ТАСС хабар додааст.
"Дар остонаи Рӯзи Ғалаба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон барои омодагӣ ва баргузории раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар шаҳру навоҳии кишварамон дар рӯзи 9-уми май чораҳои зарурӣ меандешад", - гуфт Зуҳуров.
Ба гуфтаи вай, Шӯрои собиқадорон ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол намуда, хостори мусоидат ба иҷрои як қатор масъалаҳои марбут ба ҷашни Ғалаба шуд.
Медали ветерана Великой Отечественной войны  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Дар Тоҷикистон шумори собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ коҳиш ёфт
Аз ҷумла ин созмон аз раисҷумҳур мусоидат барои бунёди осорхонаи тахлия (эвакуатсия)-и солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин таъсис дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе – борикроҳи Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, нашри китоби таърихшиноси тоҷик Раҳмон Сафаров “1001 қаҳрамонии тоҷикон” ва ғайраро дархост кардааст.
Зуҳуров ҳамчунин дар бораи қабули қонуни ҷадид "Дар бораи собиқадорон", ки пешинааш соли соли 1994 қабул шуда буд, зарур донист.
“Умедворем, ки тадриҷан, ба қадри имкон, ҳамаи ин пешниҳодҳои шӯро амалӣ хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ.
Чорабинии оммавии "Ҳанги ҷовидон" ба хотири абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронида мешавад.
Аксияи "Ҳанги ҷовидон" бори нахуст дар соли 2016 дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0