Тоҷикистон аз бонки хориҷӣ хост, $500 млн ваъдашуда барои “Роғун”-ро зудтар диҳанд

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран аз бонкҳои азими хориҷӣ даъват кард, ки ба маблағгузории НБО “Роғун” ҳамроҳ шаванд
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар мулоқот бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон бо назардошти саҳми кишварҳои дигари сармоягузор, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, аз ин бонк даъват намуд, ки ба маблағгузории НБО “Роғун” ҳамроҳ шавад.
Вай таъкид кард, ки ин ниҳоди молиявии байналмилалӣ тасдиқи 500 миллион долларро барои сохтмони НБО “Роғун” ҳарчи зудтар анҷом диҳад.
Ҳамзамон хоҳиш гардид, ки дар таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030 дастгирии техникӣ ва молиявӣ расонад.
“Ҳадафи ин барномаҳо танзими устувори рушди иқтисодӣ ва тақвияти равобити тиҷоратӣ мебошад”, - қайд кард вазири тоҷик.
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Фонди кувайтии Рушд аввалин бастаи қарзиро баро сохтомони "Роғун" ҷудо кард
Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дархосту пешниҳодҳои номбурдаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Роҳбари Намояндагии БОР нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки натиҷаҳои ноилшуда барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Лентаи хабарҳо
0